• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

50 сол дар роҳи шифо

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

БА ОЗМУН

 

Агар саҳифаҳои “Парвозгоҳи бузургон” (собиқ “Хуҷанд”) — нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар 50 соли ахир варақгардон кунед, беихтиёр ангушти таҳайюр хоҳед газид: дар ҳар шумора (!) бо имзои Каримҷон Зокиров матлабе нашр шудааст.  Ҳол он ки ҳатто кормандони худи газета чунин муттасил мақола чоп накардаанд. Бале, ӯ аз камтарин табибонест, ки бо матбуоти даврӣ ҳамкории қавӣ дорад ва даҳсолаҳо инҷониб дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешбурди корҳои тарғибу ташвиқ саҳми арзишманд мегирад. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки барои хизматҳояш дар ин соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Марказ як ҳуҷраи хурде буд…

-Соли 1968 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил шуда, соли 1975 онро бо ихтисоси “духтури муолиҷавӣ” хатм намудам. Корро дар беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов оғоз карда, баъдан дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сохторҳои тиббии ноҳия идома додам. Аз соли 2009 то соли 2023 роҳбари МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ноҳия будам ва ҳамакнун имрӯз, пас аз ба нафақа баромадан дар коллеҷи тиббии ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва “Асабу рӯҳ” фаъолият мебарам. Агар ҳисоб кунем, беш аз 50 сол дар хидмати мардумам,-бо табассум ва хушнудӣ изҳор медорад Каримҷон Зокиров.

Аслан, онҳое, ки берун аз минтақаи зисти худ, фаразан, дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, дар пойтахт монданро афзалтар меҳисобанд. Аммо нафароне ҳам кам нестанд, ки ору номус карда, ба музофот, ба ноҳия бармегарданд. Қаҳрамони мо аз шумори чунин афродест, ки ба зодгоҳ баргашта, солиёни зиёд тамоми донишу малака сарфи муолиҷаи беморон карданд.

-Вақте маро роҳбари “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” таъйин карданд, он як ҳуҷраяки хурди фарсуда дошт, ки на ҳама кормандон ҷо мегирифтанд. Бо кӯшиши инҷониб дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии “Acted” марказ пурра навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамчунин бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ беморхонаи ҷамоати деҳоти Хистеварзро таъмиру таҷдид кардем, шумораи маркази ёрии таъҷилии ҷамоатро аз як ба панҷ расонидем, — чанде аз корҳои шоиста анҷомдодаашро зикр мекунад мусоҳибам.

“Шумо нависед, чопаш аз мо”

Бароям дар баробари фаъолияти касбӣ сермаҳсулии шигифтангези Каримҷон Зокиров дар матбуоти даврӣ ҷолиб буд. Дар ҷавоби саволам гуфт, ки ба ин кор ҳанӯз солҳои аввали табибияш шурӯъ кардааст. Он замон дар минтақа бемории зардпарвин дар авҷ буд ва барои коҳишдиҳию пешгирияш миёни ҷомеа корҳои тарғиботӣ ҳам бурда мешуд. Аммо ин ҳама барои пешгирии беморӣ кифоят намекарду .

-Рӯзе назди сармуҳаррири вақти ҳафтаномаи “Парвозгоҳи бузургон” Абдуллоҷон Омиров омада, вазъиятро фаҳмондам ва гуфтам, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ натиҷаҳои назаррас надода истодаасту бояд роҳҳои дигари муассирро дарёфт. Он кас пешниҳод карданд, ки “худатон дар ин бора нависед, мо ҳатман чоп мекунем”. Ҳамин тавр, ҳамкории ман бо матбуоти даврӣ оғоз шуд. Ҳар ҳафта дар саҳифаҳои ин нашрия маслиҳату тавсияҳо бобати пешгирии зардпарвин, баъдан дигар бемориҳо чоп мешуд. Вақте пас аз чанд муддат миёни мардум назарпурсӣ гузаронидем, маълум гашт, ки сатҳи огоҳии онҳо аз 57 фоизи то мақоланависӣ то 90 фоиз боло рафтааст. Ин аз он гувоҳӣ медод, ки мардум навиштаҳои моро мехонанд ва аз рӯйи тавсияҳоямон амал мекунанд,- ба ёд меорад Каримҷон Зокиров.

Ҳам табобат, ҳам таърихнигорӣ

Ҳамзамон мавсуф аз ду китоби то ин замон нашркардааш ёдовар шуда, таъкид кард, ки онҳо низ самараи ҳамкорӣ бо аҳли қаламу эҷод ҳастанд.

-Аз аввал ба таърихи тиб таваҷҷуҳи хоса доштам. Ин буд, ки соли 1979 китоберо бо номи “Фидоиёни тибби мардумӣ” ба нашр расонидам. Дар асар аз аввалин табибони халқӣ то он табибоне, ки пас аз инқилоби октябр ба диёри мо омада, бо табобат машғул шуданд, ёдоварӣ мешавад. Соли 2004 бошад, дар ҳамкорӣ бо филолог Розиқҷон Муталибов китоби дигар бо номи “Ворисони Сино” чоп кардем, ки таърихи тибби ноҳияро дар бар мегирад.

Табиби ҳозиқ Каримҷон Зокиров дар баробари он, ки дар коллеҷи тиббӣ ба кормандони миёнаи тиб дарс медиҳад, бо вуҷуди таҷрибаи ғанӣ доштан худ низ пайваста дар фикри такмили дониш бо дастовардҳои тибби муосир мебошад. Панҷ маротиба дар Федератсияи Русия, ду маротиба дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва як маротиба дар Душанбе такомули ихтисос карданаш шаҳодати рӯшани ин гуфтаҳост.

Хизматҳои арзандааш дар соҳаи тандурустӣ бо нишони фахрии “Аълочии тандурустии ИҶШС” ва як қатор диплому ифтихорномаю сипоснома қадр шудааст.

Амони МУҲАММАД,

Душанбе-Бобоҷон Ғафуров-Душанбе

 

Мақолаи гузашта

Ба овозаҳо бовар накунед: шарҳи расмӣ оид ба истифодаи “Албендазол”

Мақолаи навбатӣ

Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

user

user

Мақолаи навбатӣ
Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

Табобат ва назорат аз рӯйи қонун мебояд

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Вазорати тандурустӣ : Дар Тоҷикистон хантавирус нест

Вазорати тандурустӣ : Дар Тоҷикистон хантавирус нест

14.05.2026
Барқарорсозии масона дар Тоҷикистон имконпазир шуд

Барқарорсозии масона дар Тоҷикистон имконпазир шуд

13.05.2026
Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол – 2026” шуруъ шуд

Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол – 2026” шуруъ шуд

13.05.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ