АГАР ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ НАМЕШУД…
Кӯмаки аввалияи умумиҷаҳонӣ яке аз омилҳои ҳалкунандаи наҷот додани ҳаёти инсон мебошад. Ҳоло он дар тамоми ҷаҳон 9 — уми сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Аз соли 2000 — ум сар карда, ҳар шанбеи дуюми моҳи сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии расонидани ёрии аввалли тиббӣ қайд карда мешавад ва ташаббускорони ҷашн аъзои ҳаракати Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар мебошанд.
Мувофиқи ҳисоботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳамасола 15%-и марг ва 15%-и ба маъюбият дучор шудани одамон дар натиҷаи сӯхтан, ба садама дучор шудан, ғарқ шудан ва ҷароҳат бардоштан ба вуқӯъ мепайвандад.
Ин аст, ки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар ташкилотҳои тиббии кишварҳои гуногун оид ба зарурат ва усулҳои расонидани ёрии аввалия ба зарардидагон машваратҳо баргузор мекунанд.
Инсон дар чунин ҳолатҳо то расидани табиб ба ёрии оҷилӣ ва аввалиндараҷаи шахси дигар ниёз дорад. Ҳолатҳои дигари эҳтиёҷ ба ёрии аввали тиббӣ бемориҳои фишорбаландӣ, нафастангӣ, таби баланд доранд ё аз дору ва ғизо заҳролуд шудаанд, ки дарҳол ба чунин нафарон бояд кӯмак кард.
Мақсади расонидани ёрии аввалия соддатарин амалҳои тиббии ба ҷабрдида ниёзманд, кам кардани дард ва пешгирии оқибатҳои эҳтимолӣ мебошад. Албатта, чунин ғамхориҳоро кормандони соҳаи тиб мерасонанд. Ғайр аз ин, ҳама инсонҳо бояд чӣ гуна расонидани ёрии аввалияро донанд.
Аммо зиндагӣ нишон медиҳад, ки ҳолатҳои ба ёрии аввалия ниёз доштан ногаҳон, дар ҳолати кӯтоҳмуддат рух медиҳанд, ки дар он ҷо одамони дорои маълумоти тиббӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, дар чунин ҳолатҳо зуд амал кардан лозим аст.
Бахши ёрии таъҷилӣ яке аз бахшҳои муҳими беморхона буда, бештари беморони беморхона аз хидматрасонии ин бахш истифода мебаранд.
Ин афрод дар бахши ёрии таъҷилӣ на камтар аз 5 то 7 соат ташхису табобат гирифта, мувофиқи тасмими табибон ё ба бахшҳои дигари беморхона интиқол мегарданд ва ё ба хонаҳояшон мураххас мешаванд.
Инчунин, мошини “Ёрии таъҷилӣ” низ аз ҷузъҳои бахши Ёрии таъҷилӣ буда, барои расонидани беморони ниҳоят вазнин омодааст. Худи мошин ҳам бо таҷҳизоти ҳаётнигоҳдорандаи зарурӣ ба пуррагӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бахши Ёрии таъҷилӣ бо дору ва маводи яккарата, ки худи беморхона ворид мекунад, таъмин мегардад, ки ин доруҳо ва васоил кафолати пешгирӣ аз сироят ва таъмини сифати баланди табобатро муҳайё мегардонанд.
Таҳияи Шервон АКРАМОВ