• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

АСАБ ПИР НАМЕШАВАД, АГАР КИТОБ ХОНЕМ!

от user
в Бемориҳои асаб
0

Мусоҳиба бо духтури асабшиноси ҶДММ “Асри 21” Волида Парсаева

Дар оғоз лутфан мегуфтед, ки худи системаи асаб чист ва аз чӣ иборат аст?

— Системаи асаб мураккабтарин узви инсон буда, иборат аз мағзи сар, мағзи сутунмӯҳра ва дигар ней­ронҳои дар тамоми бадани инсон паҳншуда мебошад, ки фаъолияти баданро идора мекунад. Нейронҳо вази­фаи таҳлил кардан, қабул намудан, ифодаи ҳаяҷон ва дигар функсияҳоро иҷро мекунанд. Мағзи сари инсон ҳамагӣ 2 фоизи вазни баданро ташкил диҳад ҳам, то 18 фоиз оксигенро истифода мебарад, ки ин ба фаъо­лияти майнаи сар вобастагӣ дорад. Ташаккулёбии сис- темаи асаб аз вақти таваллуд оғоз гардида, нейронҳо афзоиш ёфтан мегиранд ва инсон ба оҳистагӣ соҳиби донишу фаҳмиши зарурӣ мегардад. Системаи марказии асаб, ки тавре гуфтем, аз нейронҳо иборат ба майнаи сар ва системаи переферикии асаб тақсим мешавад, ки бо ҳамдигар тариқи сутунмӯҳра пайваст мешаванд. Ҳамчунин, онҳо координатсияи (тавозун)- ҳарака­ти одамро таъмин мекунанд ва ташаккул меёбанд. Мутаассифона, ҳоло кӯдакони мо аз лиҳози афзоиши нейронҳо нисбати ҳамсолони худ дар гузашта фарқ ме­кунанд. Аз ҷумла, онҳо ба ҷои хондани китобҳо бештар, ки ба зиёд шудани нейронҳо мусоидат менамояд, ба компютер ва бозиҳои телефонӣ машғул мешаванд, ки ин ба инкишофи ақлонияти онҳо халал ворид месозад. Дар маҷмӯъ, барои инкишофи системаи асаб бештар бояд хонд, омӯхт ва ҳамчунин аз хӯрокҳои холестерини зиёддошта дурӣ ҷуста, бештар нони сиёҳ, лӯбиёгию донагиҳо ва ғизоҳои дорои витаминҳои гурӯҳи В (ги­ёҳу растаниҳои гуногун) доштаро истеъмол намуд.

Кадом бемориҳои асаб бештар дар байни ода­мон паҳншуда мебошанд ва оё ҳастанд бемориҳое, ки табобаташон душвор ё умуман табобатнашаван­даанд?

-Бемориҳои асаб вобаста ба он ки чӣ гунаанд ва дар кадом шакл ҷараён ёфта истодаанд, хеле гуногунанд. Ин бемориҳо аз зарар дидани майнаи сару ҳароммағз оғоз карда, то бемории узвҳои шунавоию биноӣ, ҳам­чунин гирифторӣ ба эпилепсия ва боз даҳҳо намуд бемории дигар, ки аз системаи асаб вобастаанд, дар бар мегирад. Ҳоло бештар бемориҳо вобаста ба сутунмӯҳра ва ҳароммағзи дохили он ба назар мерасанд, ки сабаби асосии ин зарар дидан ва гирифтор шудани ҳаром­мағзи инсон мебошад. Аз ҷумла, грижаи сутунмӯҳра, остеохондроз ва бо сабаби гирифторӣ ба ягон бемории дигар, аз ҷумла, инсулт ва минбаъд каҷ шудани симои одам аз ин сабаб аз қабили чунин бемориҳои паҳншуда мебошанд. Хусусан, солҳои охир гирифторони бемо­риҳои вобаста ба системаи асаб хеле афзоиш ёфтаанд. Сабаби асосии паҳншавии чунин бемориҳо норасоии иҷтимоӣ, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки дар навбати худ ба фишорбаландӣ, сабабгори осеб ди­дани узвҳои ҳаётан муҳим мегардад. Набудани таш­хисгоҳҳои замонавӣ ва баланд будани нархи ташхис дар он ташхисгоҳҳое, ки имрӯз мавҷуд аст, табобати чунин бемориҳоро душвор гардонидааст.

Бисёриҳо вақте “асабонӣ шудам” мегӯянд, чиро дар назар доранд, бемориро ё ҳолати ҳамон­вақтаи худро?

-Дар чунин ҳолатҳо аксаран одамон ҳолати ҳамон­вақтаи худро дар назар доранд, на бемориро, аммо агар ин ҳолат идома ёфтан гирад, бешубҳа ба беморӣ оварда мерасонад. Ин чиз, қабл аз ҳама, аз синну сол ва шароити зисти одам вобастагӣ дорад. Аммо имрӯз мо мебинем, ки ҳолати асабоният дар ҷавонон ҳам беш­тар гардидааст. Бинобар ин, ҳаргиз набояд роҳ дод, ки афсурдагӣ ва ҳолати бади рӯҳӣ дурудароз идома ёбад.

Чаро маҳз калонсолон бештар аз дигарон аз фаромӯшхотирию асабоният шикоят мекунанд? Яъне, системаи асаб ҳам пир мешавад?

— То андозае ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. Ҳангоме нейронҳо дигар афзоиш намеёбанд, инро мо дар вақти ташхиси ЭЭГ мушоҳида карда метавонем, “майнаи одам холӣ мешавад” мегӯянд. Чизеро ба куҷое мемонаду баъд кофта мегардад. Аз ин рӯ, барои “пур кардани майнаи холишуда” ман ба беморон тавсия медиҳам, ки бештар китоб хонанд, он гоҳ нейрони нав пайдо мешавад ва агар чизи хондаи худро ба каси дигар нақл кунанд, боз ҳам шумораи ин нейронҳо афзоиш меёбанд. Нейронҳо бо ҳам пайванд шуда медиатор (миёнарав) пайдо мекунанд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши шумораи онҳо оварда мерасонад. Шодравон падари ман то синни 78 — солагиашон китоб мехонданд ва ҳамчу­нин қариб 20 китоби илмӣ навиштаанд. (доктори илми тиб Абдулло Парсаев, духтури асабшинос. Муаллиф) Хотираашон хеле хуб буд ва дар кадом саҳифаи кадом китобашон чӣ навиштаанд, гуфта метавонистанд.

Ба ғайр аз хондану омӯхтан боз кадом чиз ба мустаҳкамии хотира ва фаъолияти хуби системаи асаб мусоидат мекунад?

-Бештар роҳ рафта истода, роҳравон чизеро азёд гуфтан ва ё хондагиатонро такрор кардан кӯмак ме­расонад. Зеро зиёд роҳ гаштан ба қувваи ҷисмонӣ ва такрор намудани хондагиҳо ва омӯхтаҳои одам ва ё азбарнамудаҳои ӯ ба кори майнаи сар таъсири муҳим дорад. Ҳангоми иҷрои машқу машғул шудан ба варзишҳои гуногун низ ин чиз хеле фоиданок аст.

Доктор, мехостам дар мавриди таъсири азоим­хонӣ ба гирифторони бемориҳои асаб андешаатонро фаҳмам.

-Рости гап, ман ба ин чиз боварӣ надорам. Зеро мул­лои азоимхон ба хотири пул беморро мехонад ва он таъ­сире надорад. Аммо ҳар кас табиби худаш, худаш аст ва агар худатон ду-се сураро аз Қуръон донеду батакарор хонед, таъсири он бештар аст. Ман худам аксар вақт чунин мекунам. Ҳамчунин, мусиқии гуворо ва таъсир­бахш) на он мусиқии “тарконанда” ба мисли рок ё реп) ба системаи асаби инсон таъсири мусбат мерасонад.

 Доруҳои гуногун чӣ?

-Ягон бемори асаб набояд бе маслиҳати мута­хассис ва ё ташхиси пурра аз доруҳое, ки баъзе аз асабшиносон менависанд, истифода барад. Зеро ис­тифодаи нодурусти даво метавонад ба афзоиши бе­морӣ ва ҳатто табобатнашаванда шудани он оварда расонад.

Ташаккур барои сӯҳбат.

Мусоҳиб А. АҲМАДЗОДА, “ДАВО”

Мақолаи гузашта

Бе нон ҳам мешавад?

Мақолаи навбатӣ

“ЛюксФарма” — дорухонаи замонавӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
“ЛюксФарма” — дорухонаи замонавӣ

“ЛюксФарма” - дорухонаи замонавӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ