• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аз ихтироъи гурдаи «ҳамабоб» то робот-ташхисгари аутизм

от user
в Хабарҳо
0

Нахустин дар ҷаҳон тифл дар бачадони бегона таваллуд шуд

Дар беморхонаи Лондон муъҷиза рӯй дод: бори нахуст тифле ба дунё омад, ки модараш ӯро дар бачадони аз донори фавтида гирифтааш парварид. Вазни Хюгои навзод қариб 3.1 килограмм мебошад.
Грейс Белли 30-сола ҳанӯз дар 16 — солагӣ аз табибон фаҳмида буд, ки ягон шонси таваллуди кӯдак надорад, зеро гирифтори бемории бедавои Майер-Рокитанский-Кюстер-Хаузер мебошад, ки зимни он бачадон рушд накарда ё тамоман вуҷуд надорад.

Сарфи назар аз ташхиси даҳшатнок, Грейс ва шавҳараш Стивен Пауэлл ба тақдир тан надоданд. Солҳои тадқиқоти сершумор ва кӯшишҳои бебарори ЭКО паси сар шуданд. Соли 2024 рушди илм то ба узвпайванди бачадон аз донорҳои фавтида расид. Зане васият кард, ки баъди маргаш бачадонашро ба ягон ниёзманд диҳанд. Ҳамин тавр, ҷарроҳон онро ба Грейс пайванд карданд. Баъди чанд моҳи ҷарроҳии бобарор ЭКО ҳам намуданду бахти зан хандид: ҳомила шуд!

Чун вақти таваллуд фаро расид, тавассути чоки қайсар Хюго чашм ба дунё кушод. Грейс вақте бори нахуст овози тифли деринтизорашро шунид, ашки шодияшро дошта натавонист: “Ман хушбахттарин модари дунёям!”

Гурдаи универсалие, ки ба ҳар бемор хос меояд

Муҳаққиқони канадагӣ ва чинӣ дар узвпайванди гурдаҳо беназир муваффақ шуданд: гурдаи “ҳамабобе” сохтанд, ки ба беморони гурӯҳҳои гуногуни хун метавон пайваст. Ба ин василаи нав муҳлати интизории узвҳои донорӣ хеле коҳиш ёфта, ҷарроҳон одамони зиёдеро аз марг наҷот хоҳанд дод. То кунун маризони хунашон гурӯҳи якум (O) ночор интизори донорҳои ҳамгурўҳ мешуданд, чунки гурдаҳои навъи O ба одамони хунашон гурўҳҳои боқимонда мос меомаданду онҳо ба гурўҳи якум не. Усули нав имкон медиҳад, ки гурдаи гурӯҳи дуюм (A) ба гурӯҳи якум табдил дода, камчинии гурдаҳои гурӯҳи якум рафъ карда шавад.

Бори аввал заҳрхалтаро робот ҷарроҳӣ намуд

Робот-ҷарроҳи Донишгоҳи амрикоии Ҷон Хопкинс бори нахуст дар ҷаҳон заҳрхалтаро бидуни ёрии табибон худ тавонист бурида партояд, — иттилоъ додаст маҷаллаи Science Robotics. SRT-H (Surgical Robot Transformer-Hierarchy) баъди таълими видеоӣ ба ҷарроҳӣ роҳ дода шуд. Ҷарроҳи фулузӣ аз уҳдаи кор, ки 17 амали дақиқро тақозо дошт, пурра баромад. Вай шараёну нойҳоро шинохта, исканҷаҳо гузошта, бе ёрии ҷарроҳ чок мекард, танҳо маслиҳати шифоҳии ёваронро истифода бурда. Бо фарқ аз дигар роботҳои тиббӣ SRT-H ба вазъияти тағйирёбанда мутобиқ шуда, амали худро дар вақти воқеӣ тасҳеҳ менамуд.
Муаллифон ин роботро ҷарроҳи комилан мухтор меноманд, ки метавонад мустақилона тасмим гирифта амал кунад. Онҳо дар фикри тавсеаи номгўи ҷарроҳиҳое мебошанд, ки ин низом метавонад анҷом диҳад. Яъне дар тиб инқилоб қариб аст.

Дар Чин робот барои ташхиси аутизмро ихтироъ карданд
Олимони чинӣ роботи одамсурате сохтанд, ки метавонад аломатҳои аутизми кўдаконро дар марҳилаҳои аввал ошкор созад. Аснои скрининг кӯдак бо андроид тавассути неруи фикр “тамос” мегирад: асбоби махсуси ғайриинвазивӣ сигналҳои майнаи кудакро қайд карда, онҳоро ба ҳаракати ҷисмонии робот табдил медиҳад. Система диққат ва тасаввуроти таҳрикии беморро таҳлил мекунад ва дар бораи ҳолати кўдак маълумоти объективӣ манзур месозад, ки тавассути усулҳои маъмулии ташхис аксар вақт имкон-
нопазир аст. Робот аллакай мавриди истифода буда, ихтироъкоронаш бо беморхонаҳо ва марказҳои офияти аутизм фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Онҳо ният доранд технологияро минбаъд барои офияти бе-
морони сактаи мағз, захмҳои сутунмуҳра ва дигар нуқсҳои ҳаракат низ рушд диҳанд.

Мақолаи гузашта

Кадом ғизоро ба тифли то 3-сола додан мумкин нест?

Мақолаи навбатӣ

Ҳомиладориро бо маслиҳати табибон ба нақша гиред

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ҳомиладориро бо маслиҳати табибон ба нақша гиред

Ҳомиладориро бо маслиҳати табибон ба нақша гиред

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026
«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

09.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ