
Дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат, шарикон оид ба рушд ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода зимни ифтитоҳи форуми мазкур иброз дошт, ки дар меҳвари сиёсати имрўзаи иҷтимоии кишварамон масъалаҳои солимии аҳолӣ аввалиндараҷа ба шумор рафта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини некуаҳволии мардуми кишвар ва барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно муассир ва тақдирсоз боқӣ мемонад.
Далели ин гуфтаҳо таваҷҷуҳи бештари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки пайваста дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Гуфта шуд, ки имрўз соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тавассути мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъминоти сиёсати кадрии соҳа фаъолиятро идома дода, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар як қатор лоиҳаҳои инвеститсионии мақсаднок амалӣ гардида истодаанд, ки барои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии кишвар равона гардидаанд.
Қайд гардид, ки баргузории чорабинии имрӯза, ки дар он баррасии натиҷаҳои амалисозии Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025 ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таъмини устувории онҳо пешбинӣ шудааст, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Зикр шуд, ки барномаи мазкур ба амалисозии самараноки ҳадафҳои Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм гузошта, дар самти тақвияти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ҳамчун зинаи асосӣ барои хизматрасониҳои дастрас, босифат ва самаранок ба шумор меравад, татбиқ гардидааст.
Ба воситаи се қисматҳои пайваста барномаи мазкур вазифаҳои асосии низоми тандурустӣ, аз ҷумла идоракунӣ ва маблағгузории соҳа, хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмини амнияти бехатарии муассисаҳоро тақвият додааст.
Маҳз дар доираи ин ҳамкориҳо инфрасохтори чандин муассисаҳо куллан тағйир дода шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуданд ва баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ ҳазорҳо нафар мутахассисон дар масъалаҳои пешгирии сироят ва бемориҳои ғайрисироятӣ омӯзонида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ як қатор иштирокчиён низ баромад карда, аз ҷониби мутасаддиён доир ба татбиқи барнома ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.



