
Нардсунбул (валерьянка) асосан, ҳамчун воситаи оромкунанда истифода мешавад, ки ба системаи марказии асаб таъсири оромкунанда мерасонад, зеро он қодир аст ҳолати дарднокро беҳтар, тапиши дилро оромтар ва дарди шадиду музминро сабуктар созад. Ин гиёҳи шифобахш аксар вақт барои табобати гипертония низ истифода мешавад. Агар баландшавии фишори хун ва пайдоиши гипертония аз сабаби ҳолатҳои стресс ё зуд-зуд вайроншавии асаб ба амал 4ояд, нардсунбул дар ҳалли ин мушкилот кумак мерасонад. Ҳамчунин, он суръати таппиши дилро суст мекунад, ки ин ба пайдоиши тахикардия монеъ мешавад. Қиёми нардсунбулро, ки дар дорухонаҳо мавҷуд аст, 20 қатраӣ се маротиба дар як рӯз истеъмол кунед. Ҳангоми истеъмол бояд бо духтури муолиҷакунандаатон машварат карда, таҳаммулнопазирии инфиродиро муайян кунед, то ки оқибатҳои манфии эҳтимолӣ пешгирӣ карда шаванд.
Думи шер (пустырник) бо сабаби хосиятҳои оромкунанда ва қобилияти васеъ кардани рагҳои хунгард доштанаш маъруф аст. Қиёми он барои муолиҷаи фишори баланд кумак намуда, дар муқоиса бо нардсунбул таъсири дукаратаи оромкунанда дорад. Хусусиятҳои муфиди он бартараф кардани стенокардия ва оқибатҳои неврозҳо, афзоиши қувваи кашишхўрии дил ва ба эътидол овардани набзи дил мебошанд. Бо мақсади паст кардани фишори хун 30 қатраӣ қиёми гиёҳи думи шерро 3 маротиба дар як рўз истеъмол кунед.
Нозбӯ (мелисса) барои ба эътидол овардани системаи марказии асаб ва рафъи дарди сар, ки гипертонияро ҳамроҳӣ мекунад, мувофиқ аст. Ин гиёҳи хушбӯ, инчунин зимни гипертония ва норасоии дил (ҳолате, ки дар он қобилияти хунро интиқол додани дил вайрон мешавад) ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакон кумак мерасонад. Як қошуқ гиёҳи хушки нозбӯро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 1 соат дам диҳед ва дар як шабонарӯз се маротиба 70 милилитрӣ истеъмол кунед.
Гармалаф (хори сагак, сагакхор, череда) дорои равғани эфирӣ, витаминҳои А ва С,
инчунин дигар микроэлементҳо мебошад. Таркиби бойи химиявии гармалаф набзи дилро баланд намуда, ба фишори хун таъсири мусбат мерасонад. Ду қошуқ гармалафи хушкро ба ду истакон оби ҷўш андохта, 10-15 дақиқа дам диҳед ва дар як шабонарўз 2 маротиба як истаконӣ бинўшед.
Хуч низ барои фишорбаландӣ манфиати зиёд дорад. Ду қошуқ хуч (ҳулӯл, шиповник) — ро ба як истакон оби ҷӯш рехта, якчанд соат дам диҳед ва як соат пас аз хӯрок истеъмол кунед. Таъсирашро зуд ҳис мекунед.
Сесанбарро ҳам фаромўш насозед. Се қошуқча сесанбар (чабрец) – ро дар як истакон оби ҷўш бирезед. Пас аз дам додан ним истакони онро субҳ ва боқимондаро шом истеъмол кунед.
Кокутӣ низ давои бемисл аст барои фишорбаландӣ. Ду қошуқча кокутӣ (душица), се қошуқча сесанбар (чабрец), як қошуқ бобуна (ромашка) ва ду қошуқча иванчойро ба чойникчае андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш бирезед. Баъди 40-60 дақиқа дам додан 3 маротиба дар як рӯз чоряк истаконӣ истеъмол кунед.
Ангат аз ҷумлаи равғанҳое маҳсуб меёбад, онро метавон барои паст намудани фишорбаландӣ истифода намуд. Як қошуқ равғани ангат (облепиховое масло) — ро дар як рўз се маротиба ним соат пеш аз хўрок давоми ду ҳафта истеъмол кунед. Сипас баъди як ҳафтаи истироҳат курси солимгардониро такрор намоед. Бо дарназардошти он ки ангат ба организм чӣ гуна таъсир мерасонад, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин табобат на танҳо барои ба эътидол овардани фишори хун, балки барои беҳтар шудани мубодилаи моддаҳо, кори ҷигар ва рўдаҳо, рафъи қабзият, баланд бардоштани масуният ва ҷавон кардани тамоми бадан мусоидат мекунад.
3 кг меваи ангатро шуста хушк кунед ва афшураи онро бигиред. Афшураро дар яхдон гузоред ва ба ҳар 1 килои он 0,5 литр об илова кунед ва барои 3 соат гузоред (на бештар аз он, то турш нашавад). Пас аз фишурдан ба он 0,5 кг шакар илова карда, бипазед. Кафкро берун кунед, бори дигар бипазед ва баъди хунук шуданашон ба зарфи шишагин рехта, печонед. Оби ангат фаъолияти баланди биологӣ дошта, фишори хунро паст мекунад. Онро ҳамчун дору дар шакли гарм на бештар аз ним истакон (100 грамм) дар як рӯз нӯшидан лозим аст. Давои мазкур воситаи хуби пешгирии сактаи дил ва гипертония мебошад.
Лиму барои гипертоникҳо муфидтарин мева аст. Тадқиқотҳои илмӣ исбот карданд, ки лимў метавонад фишори хунро паст кунад.
Барои муолиҷаи гипертония росан (занҷабили шомӣ, девясил) дар шакли ҷӯшон самарабахш аст. Як қошуқ решаи росанро бо ду истакон оби ҷӯш дар бонкае андохта, даҳонашро маҳкам кунед ва 1 соат дар оби ҷӯшидаистода гузоред. Агар ба решаи росан ба миқдори баробар алафи пуганак (пижма) илова кунед, таъсираш бештар мешавад. Аз ин даво ним истаконӣ 3 маротиба дар як рӯз 2 соат пеш аз хӯрок истеъмол кунед.
Дўлона воситаи хуби табиӣ барои муолиҷаи гипертония, чарх задани сар, бад шудани хотира, коҳиш додани ихтилоли ҳамоҳангсозии рафтор ва сустии фаъолияти дил ба шумор меравад. Аз ҳама самаранок дўлонаро дар шакли нақеи спиртӣ истифода бурдан лозим аст. Нақеи спиртии дўлонаро 40 қатраӣ 3 маротиба дар як рўз истеъмол намоед.
Дар табобати гипертония, невралгия, астмаи бронхиалӣ ва дигар бемориҳо аз ангури сагак (паслен чёрный) низ истифода мешавад. Дар таркиби худ, ин гиёҳ дорои моддаҳои зарурӣ дар табобати гипертония, ба монанди витамини Р (рутин), каротин, витамини С, калтсий, магний ва манган мебошад. Мавҷудияти калтсий хеле муҳим аст, зеро ҳангоми истифодаи дарозмуддати доруҳои фишорбаландӣ аз бадан дар якҷоягӣ бо намакҳо калтсий низ шуста мешавад. Аз ин рў, талафоти он бояд ҷуброн карда шавад..Гиёҳи хушкро майда кунед ва 1-2 қошуқи онро дар як истакон оби ҷўшон андохта ним соат дам диҳед. Аз ин даво дар як рўз 3-4 маротиба ним истаконӣ мисли чой бинўшед.
Аз гипертония нақеи спиртии гиёҳи ҷағ-ҷағ (ПАСТУШЬЯ СУМКА) истифода мешавад. Се маротиба дар як рӯз пеш аз хӯрок як қошуқ обро дар истаконе андохта, ба болояш 25-30 қатра нақеи мазкурро чаконед ва онро истеъмол намоед.
Гиёҳи адонис (Adonis vernalis) фаъолияти дилро хуб нигоҳ дошта, неврозҳои дил ва норасоии музмини дилро, ки дар гипертония пайдо мешаванд, бартараф мекунад. Қиёми гиёҳи мазкур, ки дар дорухонаҳо мавҷуд аст, дорои хосиятҳои седативӣ, диуретикӣ ва кардиотоникӣ мебошад. Як қошуқ гиёҳи мазкурро дар 2 истакон оби ҷӯшон рехта, 1 соат дам диҳед. Аз ин даво 1 қошуқӣ дар як рӯз 3-4 маротиба пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Давои мазкурро дар ҷои хунук на бештар аз 3 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст.
Як қошуқ баргҳои хушки алафи шўрак (лебеда)-ро дар як истакон оби ҷўшон резед, 15 дақиқа дам диҳед. Барои тақвияти неруи бадан дар як рўз ду маротиба ним истаконӣ бинўшед. Дар таркиби шўрак миқдори зиёди магний мавҷуд аст, ки ҷузъи ҳатмии бадан барои нигоҳ доштани фишори муътадил ва муқаррарии хун мебошад.
ТАВАҶҶУҲ. Пеш аз оғози истифодаи гиёҳҳо барои танзими фишор ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, зеро баъзе гиёҳҳо метавонанд бо доруҳо зиддият дошта бошанд.



