Охирҳои тирамоҳ ва аввали зимистон бемориҳои вобаста ба шамолхӯрӣ авҷ мегиранд. Бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи онҳо аз гиёҳҳои шифобахш ва дигар воситаҳои табиии дастрасу арзон истифода бурдан муфид аст.
Муолиҷаи шамолхӯрӣ
— Як қошуқӣ барги хушки қоти сиёҳ (чёрная смородина) ва тамашк (малина) — ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 6 соат дам диҳед. Ҷӯшобаи мазкурро дар давоми рӯз 2-3 маротиба гармогарм истеъмол намоед.
— Настаран (хулул, хуч, шиповник) аз элементҳои зарурӣ ва моддаҳои фаъоли биологӣ, ба монанди каротин, оҳан ва кислотаи аскорбин бой буда, беҳтарин восита барои муолиҷаи шамолхӯрӣ ба ҳисоб меравад.
Ду қошуқ настаранро шабона дар чойникчае андохта, аз болояш якуним истакон оби гарм бирезед. Онро 12 соат дам диҳед (аз соати 7-и шаб то соати 7-и субҳ). Давои мазкурро ним истаконӣ рӯзе се маротиба, якбора пас аз ғизо истеъмол кунед.
— Як қошуқчаӣ пудина (мята), кокутӣ (душица) ва бобуна (ромашка)- ро дар як истакон оби ҷӯш 15 дақиқа дам диҳед. Ба он каме лиму, асал ё мураббо ҳамроҳ намуда, истеъмол кунед. Рӯзе се маротиба чунин доруи «зудтайёр» — ро истеъмол намудан ҷисми шуморо бо витаминҳои зарурӣ таъмин намуда, дар муолиҷаи шамолхӯрӣ кумак мекунад.
— Як қошуқӣ решаи коснӣ (чачараскул, цикорий) ва гиёҳи «думи шер» (пустырник) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш 2 истакон оби ҷӯш резед. Онро гарм печонида, 5-6 соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба ним истаконӣ аз ин даво нӯшидан масуният (иммунитет) — ро мустаҳкам менамояд.
— Як қошуқӣ пудина, нозбӯ (мелисса) ва барги тути заминӣ (земляника) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш ду истакон оби ҷӯш резед ва гарм печонида, 2 соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба ним истаконӣ (гармогарм) аз ин чой нӯшидан шамолхӯриро даво мебахшад.
— Як қошуқча шарбати сабр (алоэ) — ро бо як қошуқча асал якҷоя намуда, истеъмол намудан оқибатҳои ногувори шамолхӯриро рафъ месозад. Ба як истакон оби ширгарм як қошуқ асал ва пораи лиму (бо пӯсташ) — ро андохта, хуб омехта кунед ва дили бенаҳор истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа як ҳафта. Ин нӯшобаи хуштаъму гуворо масуниятро низ мустаҳкам мекунад.
Муолиҷаи ангина
— Ҳангоми тар шудани пойафзолу ҷӯроб ва ё нӯшидани нӯшобаи хунук якбора ангина (гулӯдард) хуруҷ мекунад. Барои муолиҷаи он як қошуқчаӣ гули хушки дарахти зерфун (намдор, липа), пудина, барги тамашк ва мармарак (шалфей) — ро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш бирезед. Баъди як соат дам додан як истаконӣ дар ҳар 2 соат аз он бинӯшед. Пеш аз нӯшидани ҳар як истакон як қошуқча асал ҳамроҳ намудан муфид аст. Ин нӯшобаи хушбӯ таби баландро низ таскин бахшида, масуниятро мустаҳкам мекунад.
— Як қошуқчаӣ бобуна ва мармаракро дар як истакон оби ҷӯш ним соат дам диҳед. Сипас бо ин ҷӯшоба гулӯро чайқонед.
-Ним қошуқ меваи бодиёни румӣ (розиёна, анис)- ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Сипас онро чоряки истакон (нисфи ним истакон) рӯзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.
— Як қошуқчаӣ решаи росан (девясил), пудина, гармалаф (череда), пупанак (пижма), гули дарахти зерфун (липа) ва настаранро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш бирезед. Давои мазкурро баъди ҳар ду соат як истаконӣ бо иловаи каме асал нӯши ҷон кунед.
— Донаи чормағз барин решаи каҳзак (хрен)- ро майда реза карда, аз болояш ним истакон оби ҷӯш андозед. Бист дақиқа онро дам дода, каме шакар ҳамроҳ намоед. Рӯзе якчанд маротиба як қошуқчаӣ аз ин даво истеъмол кунед. Давои мазкур барои рафъи гирифтагии овоз низ кумак мерасонад.
— Як пораи хурди решаи лух (аир) — ро дар даҳон 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, обашро фурӯ баред, дарди гулӯро таскин мебахшад.
-Чоряки қошуқча (нисфи ним қошуқ) намаки йоднокро дар ним истакон оби ширгарм ҳал карда, баъди ҳар 2 соат гулӯро чайқонед.
— Як қошуқ баргҳои гули садбаргро дар як чойникчае андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш резед. Ним соат дам дода, аз дока гузаронед ва рӯзе 3- 4 маротиба гулӯро чайқонед.
— Як қошуқчаӣ оби пиёзро рӯзе 4 маротиба истеъмол кардан барои рафъи дарди гулӯ давост.
— Чор қошуқча мармаракро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, рӯзе 3-4 маротиба гулӯро чайқонед.
Муолиҷаи сулфа
— Як қошуқ занҷабил (имбир)-и кӯфта, як қошуқча дорчин (корица) ва 4 дона қаранфули гардан (гвоздика) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш якуним истакон оби ҷӯш резед ва гарм пӯшонед. Баъди 20 дақиқа дам додан ба он каме асал ҳамроҳ намуда, нӯши ҷон кунед. Ҳар субҳ то пурра аз байн рафтани сулфа аз ин даво истифода намоед.
— Чор қошуқ настаранро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш резед. Баъди як соат дам додан, онро дар давоми рӯз бо илова кардани каме асал нӯши ҷон намоед.
— 250 грамм чойи сиёҳ, ду қошуқ пудина, ду қошуқ чойкаҳак (зверобой), як қошуқ сесанбар (чабрец) ва як қошуқ решаи нардсунбул (валерианка)- ро ба ҳам омехта карда, ба банкае андозед ва сарпӯши онро маҳкам намоед.
— Як қошуқча чойи мазкурро ба як истакон оби ҷӯш андохта, баъди 20 дақиқа дам додан давоми рӯз гармогарм бинӯшед. Дар як рӯз се маротиба ҳамин гуна чой дам карда, ба он каме асал ҳамроҳ намудан лозим аст.
— Як қошуқ сиркои себӣ (яблочный уксус) — ро ба як истакон оби гарм андохта, ба он як қошуқ асал ҳамроҳ кунед ва бинӯшед.
— Ба шӯрбо якчанд дона сир (чеснок) — ро реза карда, хӯрдан барои рафъи сулфа мусоидат мекунад.
— Чой аз решаи ширинбия барои муолиҷаи сулфа муфид аст.
Муолиҷаи захмҳо ва узвҳои сармозада
— Шарбати пихта (як навъи сӯзанбарг) хосияти баланди захмбандӣ дорад. Молидани шарбати тару тоза ва ё қиёми он, ки дар дорухонаҳо мавҷуд аст, шифоёбии захмро метезонад.
— Қиём ва ё нӯшобаи гули ҳамешабаҳор (календула) барои муолиҷаи захм ва узвҳои шамолхӯрда муфид аст. Бо ин мақсад 20 грамм гули ҳамешабаҳорро дар зарфи сирноке андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш резед ва 3 соат дам диҳед. Сипас латтаро ба он тар карда, ба захм ё узви аз сармо осебдида бимолед.
— Картошкаро аз турбтарошак гузаронида, ба ҷойи захм гузоштан, сиҳатёбии онро метезонад. Давои мазкур барои муолиҷаи узвҳои сӯхтагӣ низ кумак мерасонад.
— Молидани асал ба захмҳои дер сиҳатшаванда шифоёбии онро метезонад. Онро бо каме чойи ширгарм омехта, ба ҷойи захм молед ва рӯзе як қошуқчаӣ се маротиба асал истеъмол кунед.
— Молидани ҷӯшобаи тахач (полын) шифоёбии захмро тезонида, дарди мавзеи латхӯрдаро таскин мебахшад.
— Баргу пояи коснӣ (цикорий) — ро бо як истакон оби ҷӯш ҷӯшонида, баъди ширгарм шудан ба ҷойи захм молидан шифоёбии онро метезонад.
-Ҷӯшобаи барги олу (слива) захмҳои зардобдорро шифо мебахшад.
— Барги олуболу (олучабандак, вышня) бошад, хосияти хунманъкунӣ дорад.
— Ҳангоми сармо задани узвҳо ба он молидани шарбати чистотел муфид аст. Рӯзе 3-4 маротиба молидани шарбати гиёҳи мазкур бофтаҳои сармозадаро барқарор мекунад.
Муҳаммадрасул ИБРОҲИМЗОДА,
табиби мардумӣ, деҳаи Истиқлоли
шаҳри Ваҳдат