ГИЁҲДАРМОНИИ ДИАБЕТ ВА БЕМОРИҲОИ ШУШ
Муолиҷаи диабети қанд
— Решаи мушхор (хори рафида, лопух) дорои равғанҳои эфирӣ ва чарбӣ, гликозидҳо, моддаҳои даббоғӣ, полисахароиди инсулин ва витаминҳо мебошад. Баргу решаи мушхорро хушк карда, кӯфта як қошуқи онро ба зарфи сирнок андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш андохта, 25 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед.
Баъди каме хунук шудан онро аз дока гузаронед ва дар яхдон нигоҳ доред. Нӯшобаро рӯзе се маротиба як қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 30 рӯз.
— Илман асоснок шудааст, ки себарга (клевер) миқдори глюкозаро дар организм муътадил нигоҳ медорад. Ба чойникчае як қошуқча себаргаи хушки майдашударо андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯшида резеду гарм пӯшонед. Баъди ним соат дам додан, рӯзе се маротиба аз ин даво истеъмол намоед. Муҳлати табобат як моҳ.
— Барои беҳтарсозии фаъолияти ғадуди зери меъда ва паст кардани меъёри қанди хун аз решаи росан (девясил) кумак мерасонад. Бо ин мақсд як қошуқ решаи росанро ба зарфе андохта, ним соат дар оби ҷӯш (водяная баня) гарм кунед. Онро аз дока гузаронида, ним истаконӣ рӯзе ду бор пеш аз ғизо истеъмол намоед.
— Барги зулф (подорожник) хосияти зиддиилтиҳобӣ, захмбандӣ ва барқароркунӣ дошта, барои бемориҳои пӯсти дар натиҷаи диабет баамаломада муфид аст. Инчунин барои хуб намудани фаъолияти узвҳои ҳозима кумак мерасонад. Ба ним литр об 3-4 қошуқ барги зулфи хушкро андохта, 30- 40 дақиқа дар оби ҷӯшон гарм намоед. Сипас онро гирифта, баъди ширгарм шуданаш аз дока гузаронед. Ҷӯшобаро рӯзе се маротиба ним истаконӣ баъди ғизо истеъмол кунед.
Инчунин ҳангоми шиддати беморӣ барои сабук кардани вазъи бемор як қошуқча шарбати барги зулфро рӯзе се маротиба истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 2 ҳафта.
-Нозбӯ (мелисса) аз моддаҳои даббоғӣ, равғанҳои эфирдор, оҳан, калтсий ва ғайра бой буда, чойи он барои гирифторони диабети қанд муфид аст. Якчанд шохчаи тару тоза ё хушки нозбӯро ба термос андохта, аз болояш оби ҷӯш резед. Баъди ним соат дам хӯрдан онро мисли чой дар давоми рӯз истеъмол кунед. Муҳлати табобат 1 моҳ. Сипас, 2-3 ҳафта истироҳат намуда, боз як моҳ нӯшидани чойи нозбӯро идома диҳед.
— Қоқу (одуванчик) дорои минералу витаминҳои гуногун, оҳан, фосфор, йод, калтсий ва алкалоидҳо мебошад. Дар барги он инулин ном моддаест, ки дар соҳаи дорусозӣ барои истеҳсоли маводи ивазкунандаи қанд истифода мешавад. Барги тару тозаи қоқуро шуста, онро хуб бихоед ва обашро фурӯ баред.
Баргу гули қоқуро ба зарфе андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯш резед. Ним соат дам дода, гармогарм дар давоми рӯз нӯши ҷон кунед. Барои беморони узвҳои ҳозима истеъмоли қоқу тавсия дода намешавад.
-Чор қошуқ решаи газна (крапива)- ро дар як литр об ним соат ҷӯшонед ва онро дар давоми рӯз мисли чой бинӯшед.
— Топинамбур (ноки заминӣ, земляная груша) ғизои хуби парҳезӣ барои беморони диабети қанд аст.
— Истеъмоли бодиринг, қаламфури булғории сабз, помидор, карам, сабзӣ, лӯбиёи тарак, шарбати лаблабу (10 милилитр, як қошуқ) бо иловаи як қошуқ об низ муфид мебошад.
— Нӯшидани чойи коснӣ (цикорий) ба ҷои қаҳва хеле муфид аст. Як- ду қошуқча хокаи решаи косниро ба як истакон об андохта, 30 дақиқа дам диҳед.
Муолиҷаи бемориҳои шуш
— Решаи ширинбия (солодка) барои тоза кардани шуш аз балғам кумак мерасонад. 10 грамм решаи ширинбияро дар як истакон об 15 дақиқа ҷӯшонед. Сипас онро якқошуқӣ ним соат пеш аз ғизо рӯзе се маротиба истеъмол кунед.
— Се қошуқ баргу гули себарга (клевер)- ро дар ним литр оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба се қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед.
— Се қошуқ чойкаҳак (зверобой)- ро дар якуним истакон оби ҷӯш каме ҷӯшонида се соат дам диҳед. Рӯзе ним истакон се маротиба пеш аз ғизо онро истеъмол намоед.
-Бӯимодарон (тысячелистник) хосияти зиддиилтиҳобӣ ва захмбандӣ дорад. Барои беморони сили шуш беҳтарин давост. Бо ин мақсад бӯимодарони тару тозаро аз гӯштқимакунак гузаронида, рӯзе се маротиба як қошуқӣ шарбати онро 20 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол бикунед.
— Решаи гули хайрӣ (алтей лекарственный) барои балғамронӣ ва тозакунии шуш муфид буда, аз он доруи «мукалтин» тайёр карда мешавад. Ду қошуқ решаи майдакардаи гули хайриро дар як истакон об ҷӯшонда, рӯзе 3-4 маротиба як қошуқӣ баъди ғизо истеъмол намоед. Даворо дар ҷойи салқин нигоҳ дошта, метавонед то 2 шабонарӯз онро истифода баред.
-Як қошуқча тухми анисун (бодиёни румӣ, розиёна, анис обыкновенный)- ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Чоряки истакон аз ин даворо рӯзе 4 маротиба ним соат пеш аз хӯрок як қошуқӣ истеъмол кунед.
— Ду қошуқ кокутӣ (душица)- ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, гарм нигоҳ доред ва ним соат дам диҳед. Рӯзе 2 бор ним истаконӣ 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед.
-Як қошуқ гиёҳи хушки сапали шутур (мать и мачеха)- ро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат гарм печонед. Рӯзе 2 маротиба ним истаконӣ як соат пеш аз ғизо истеъмол кунед.
-Як қошуқ барги зулфи хушкро дар як истакон оби ҷӯш ним соат гарм печонида дам диҳед. Рӯзе се маротиба сеяки истакон 10- 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед.
-Як қошуқ росан (девясил)- ро дар як истакон оби ҷӯш ним соат дам дода, сеяки истаконӣ рӯзе се маротиба истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 3 ҳафта.
-Як қошуқ пудина (мята)-ро дар як истакон оби ҷӯш ним соат гарм печонида дам диҳед. Сеяки истаконӣ рӯзе се маротиба 10 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 2-3 ҳафта.
— Истеъмоли чойи гарми занҷабил (имбир) низ барои тоза кардани шуш ва нобуд кардани бактерияҳо муфид аст.
— Мармарак (шалфей) низ аз сабаби дар таркибаш мавҷуд будани равғанҳои эфир, қатрон ва моддаҳои даббоғӣ дар тоза кардани шуш муфид мебошад. Юнониҳо мақоле доранд: «То даме, ки дар ҳавлият мармарак мерӯяд, солимӣ». Як қошуқ мармаракро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Сеяки истаконӣ рӯзе се маротиба 20 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед.
Муҳлати муолиҷа 2-3 ҳафта.
— Чойи дӯлона бо пудина низ дар тозакунии шуш манфиатбахш аст.
-Испанок (шпинат), кашниз (кинза), карафс (селдерей), лаблабу, каду, қаламфури булғорӣ, зардолуқоқ, хурмо, чормағз, асал, лӯбиёи чинӣ (соя) наск, ҷуворӣ ва меваҳои ситрусӣ аз антиоксидантҳо бой буда, шушро солим нигоҳ медоранд.
Таваҷҷуҳ: Дар ҳама ҳолат, пеш аз истеъмоли давоҳои набототӣ беҳтараш бо табибе, ки зери назораташ ҳастед, маслиҳат кунед.
Фароҳамсоз НАҶМИДДИНЗОДА