• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Гизои солим ҳангоми ҳомиладорӣ

от user
в Модару кӯдак
0

Ҳомилагӣ аз давраҳои ҳассоси умри ҳар зан ба шумор меравад. Парҳез, дуруст истеъмол намудани ғизоҳои гуно­гунро бояд ҳар зани ҳомила бидонад.

Тавассути маҷаллаи “Даво” як­чанд тавсияҳоро ҳангоми ҳомила­гӣ пешниҳод менамоем, ки амал кардан аз рўйи он барои занон хеле муфид аст.

  •  Доимо таҳти назорати табиб (акушер-гинеколог) бояд буд.
  •  Ғизоҳои гуногуни аз сафедаю витаминҳо бой, аз ҷумла мева, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти дорои калтсий, ба монанди шир, гўшт, моҳӣ, инчунин донагиҳо, мисли нахўд, лўбиё ва дигар ғизоҳои лозимаро ҳар рўз бояд истеъмол намуд.
  •  Ғизоҳои таркибашон аз оҳан, витамини А ва туршии фолат бой, аз ҷумла гўшт, моҳӣ, тухм, кабудиҳо ва меваю сабзавоти тару тозаро мунтазам истеъмол бояд кард.
  •  Хўрдани нон (бо орди сабўсдор), ғалладона, макаронӣ, биринҷ, картошка ва ғайра тибқи меъёр бояд сурат гирад.
  •  Сабзавот ва меваҳоро вақти ҳар як қабули ғизо истеъмол кардан лозим аст. Миқдори онҳо 500 грамм дар як рўз нисбати сабза­вотҳо ба меваҳо 2:1 бояд бошад.
  •  Шир ва маҳсулоти шириро ба миқдори ками равған ҳар рўз истеъмол кардан зарур мебошад.
  •  Гўштро бо донагиҳо (нахўд, мош, лўбиё, наск) иваз кардан мумкин аст ва кам истеъмол намудани равған, ширинӣ ва маҳсулоти қаннодӣ барои зани ҳомила хуб­тар аст.
  •  Танҳо истеъмоли намаки йоднок тавсия дода мешавад.

Дар вақти ҳомиладорӣ ғизои солим кадом аст?

Хўрокҳои растанигӣ асоси ғизои солим мебошанд. Бинобар ин, ис­теъмоли миқдори зиёди сабзавот, мева, нон, картошка , маҳсулоти макаронӣ, гандумӣ ва маҳсулоти гандумӣ, ғалладона (лўбиё, наск, нахўд ва ғайра) хеле муҳим аст. Кўшиш кунед, ки дар мавсими фа­ровонӣ меваю сабзавоти таҳҷоиро бештар истифода намоед. Маҳсуло­ти таҳҷоӣ арзонтару бехатаранд.

  •  Нон, маҳсулоти ғалладонагӣ, макаронӣ, картошка, — ҳамарўза маҳсулоти ин гурўҳро дар ҳаҷ­ми як миқдори муайян истеъмол кунед. Маҳсулоти ин гурўҳ ман­баи асосии неру мебошанд. Ҳам­чунин, таркиби ин маҳсулот аз микронутриентҳо, витаминҳои гурўҳи В, оҳан, калтсий ғанӣ ме­бошанд. Картошкаю пиёз ман­баи витамини С ҳастанд. Ярмаи пўстдор ва нони гандумии оси­ёбӣ манбаи ғози набототӣ буда, барои пешгирӣ аз қабз дар дав­раи ҳомиладорӣ хеле заруранд.
  •  Сабзавоту мева манбаи асосии витамину минералҳо мебошанд, аз ҷумла оҳан ва фолат, ки пай­доиши камхуниро ҳангоми ҳо­миладорӣ пешгирӣ менамоянд. Бинобар ин муҳим аст, ки ҳар рўз меваю сабзавот истеъмол кунед.
  •  Маҳсулоти ширӣ яке аз манбаъ­ҳои асосии кастсий мебошад. Маҳсулоти ширӣ инчунин, ман­баи хуби сафеда ва минералҳо буда, аз витаминҳои гурўҳи В ва А боянд.
  •  Маҳсулоти ғалладона, наск, моҳӣ, мурғ, гўшт ва тухм аз сафеда бой мебошанд. Гўшт, ҷигар ва гурда яке аз манбаъҳои хуби оҳан ва рўҳ ба шумор мераванд.
  •  Ба ин гурўҳ равған, маргарин, равғани растанӣ, чарбуи обкар­дашуда, қанди сафед, шириниҳо, нўшокиҳои ширини газдор до­хил мешаванд. Аз ин ғизоҳо камтар истеъмол намоед.

Ба ҷои равғани ҳайвонот равға­ни растанӣ истеъмол кунед. Кам кардани истеъмоли равғани ҳай­вонот хатари гирифтор шудан ба бемориҳои дилу рагҳоро паст ме­кунад.

Намакро ба миқдори муътадил истеъмол кунед. Бо ин роҳ хатари пайдоиши фишори баланди хун ва дигар оризаҳо камтар мешавад. Ин­чунин, солим нигоҳ доштани ақлу фикрронии модар низ зарур аст.

Марҷона Неъматова, табиби Маркази саломатии деҳоти шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор

Мақолаи гузашта

«Аҳди шифо» чӣ ният дорад?

Мақолаи навбатӣ

Таъсири ҳодисаҳои нохуш аз даврони кўдакӣ ба ҳаёти калонсолӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
Таъсири ҳодисаҳои нохуш аз даврони кўдакӣ ба ҳаёти калонсолӣ

Таъсири ҳодисаҳои нохуш аз даврони кўдакӣ ба ҳаёти калонсолӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Ҷигар ва бемориҳои он

Ҷигар ва бемориҳои он

10.03.2026
Ревоҷ-давои сад дард

Ревоҷ-давои сад дард

09.03.2026
Аз неъматҳои баҳорӣ лаззат баред!

Аз неъматҳои баҳорӣ лаззат баред!

06.03.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ