
Авроқе чанд аз рўзгори узви вобастаи АМИТ, доктори илми тиб, профессори зиндаёд Подабон Зоиров, ки кулли пўстшиносон бо ифтихор “устоди ман” гўянд
РЕКОРДЕ, КИ НАЗИР НАДОРАД
Дар тӯли 85 соли мавҷудияти кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (солҳои 1941-2026) ба он шаш нафар сарварӣ кардаанд: доктори илми тиб, профессор А.Я. Прокопчук (1941-42, баъдан ректори институт таъйин шуд), доктори илми тиб, профессор И.Д. Перкел (1943-45), номзади илми тиб, дотсент Л.М. Кенигсберг (1945-59), докторони илми тиб, профессорон Барот Раҳматов (1960-78) ва Подабон Зоиров (1983-2015), инчунин ягона зан, доктори илми тиб Кибриёхон Муҳаммадиева (2015 то имрӯз). Ҳар кадоми онҳо дар рушди кафедра ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши носутурданӣ гузоштаанд.
Агар аҳамият дода бошед, аз ин даҳсолаҳо 50 солаш ба ду абармард, устоду шогирд Барот Раҳматов ва Подабон Зоиров рост меояд. Лекин рекорди мутлақ ба охирӣ мансуб аст: Подабон Тошматович 32 сол мудири кафедра буд! Мавсуф боз як рекорди шигифтангез дорад: агар бо роҳбарии Барот Раҳматович 10 корманди кафедра рисолаи номзадӣ дифоъ карда бошад, бо роҳнамоии Подабон Зоиров 12 нафар доктор ва 45 нафар номзади илм шуданд
“ҲЕҶ ҲОҶАТИ МОСКВА ОМАДАНАТОН НАБУД”
Соҳибмансабе бемори пӯст мешаваду бо вуҷуди тавсияи дӯстон табибони худиро сарфи назар карда, ба Москва мепарад. Дар Маркази илмию амалии дерматология ба қабули духтури номдор даромада, доғҳои пайдошударо нишон медиҳад. Духтур зимни муоина мепурсад, ки аз куҷо омадаст.
— Аз Душанбе? — ҳайрон мешавад вай. – Вақте Подабон Тошматович барин пӯстшиноси донишманду машҳур доред, ягон ҳоҷати Москва омадан набуд.
Навбати ҳайрати мансабдор мешавад, ки духтури тоҷикро дар худи Москва таъриф мекунанду вай бошад, намешиносад.
— Ҳар табобате, ки ҳозир ман ба шумо таъин мефармоям, Зоиров айнан ҳамонро мегуфт. Хайр, кори шудагӣ шуд, ҳамин ҷо муолиҷа мекунем. Фақат як хоҳиш. Баъди анҷоми муҳлати муолиҷа назди Подабон Тошматович рафта, салому эҳтироми маро мерасонеду аз номи банда хоҳиш мекунед, ки шуморо
бубинад.
Пас аз бозгашт он мард назди “духтури таърифӣ” омада, воқеаро нақл мекунад ва узр мепурсад, ки рафтори нодуруст кард. Тошматов “вақти беморӣ ҳар кадоми мо назди табиби зӯр муолиҷа кардан мехоҳем” гуфта, ҷавонмардона ҳамсуҳбаташро аз хиҷолат мебарорад.
ОДАМ ШУДАН ХОҲӢ — ХОН!
Ин ҳама рекордҳо, шуҳрату нуфуз дар даврони ҳам шуравию ҳам истиқлолият насиби нафаре гаштанд, ки дар хурдсолӣ аз волидон маҳрум гашта, парвардаи бобояш буд. Ба таври дигар ҳам метавон гуфт: маҳрумияти бармаҳал аз оғуши гарму меҳри модар ва дастони муттакою пандҳои раҳнамои падар навраси ятимро алайҳи зиндагӣ нашӯронд, дилсард накард. Баръакс, ба ду хулоса овард, ки ҳатто ақли на ҳар калонсол мерасад: 1. Танҳо ба умеди худ бояд буд! 2. Одам шудан хоҳӣ — хон!
Зимнан, ду ҷумла аз шунида доир ба сабаби чунин номи ғайричашмдошти Подабон. Маъмулан кулли падару модарон ҳатто қабл аз ба дунё омадани фарзанд барояш номи зебою шинам мекобанд.
Баъди таваллуди апааш, ки аз вай даҳ сол калон буд, боз чанд тифл ба дунё меояд, аммо дер намепояд. Ҳамин аст, ки падару модари ноком пас аз тавлид номашро махсус Подабон мегузоранд, ки Парвардигор раҳмашон кунаду писарашонро умри дароз насиб гардонад. Дуои волидон мустаҷоб шуд. Воқеан ҳам,
дар оилаҳои бачамури тоҷик анъанаи чунин номгузориҳо ҳаст ва аксар вақт баъди номҳое аз қабили Бӯрӣ, Истад, Басгул… бо шафоати Аллоҳи меҳрубон тифлакон зинда мемонанд.
МОҲИ НАВРО РАФТА-РАФТА ЧАРХ ОЛАМГИР КАРД
Соли 1961 пас аз хатми аълои мактаби миёнаи шаҳри Кўлоб Подабон Зоиров муҳассили Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино шуда, соли 1965 онро ҳам аъло тамом кард. Дар ординатураи клиникӣ ҷавони лаёқатмандро мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ, доктори илм, профессор Барот Раҳматов ба қавле таҳти қаноташ гирифта, ба илму тадқиқот ҷалбаш намуд.
Солҳои 1967-1970 ординатор ва аспиранти кафедраи дерматовенерологияи Академияи илмҳои тиббии ИҶШС дар Москва буд. Дар ин муддат бо омўзиши хусусиятҳои хунофарӣ ва ҳолати пӯсти беморони псориаз зимни муолиҷа бо гемотрансфузия ва Y – глобулин машғул шуда, рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Ин ҷо бо зикри ҷавонмарди сипосгузор буданаш, ки ҳамтоёнаш аз хислатҳои хуҷастааш медонанд, то чӣ дараҷа аз устодаш Барот Раҳматов миннатдор буданашро мазмунан меорам, ки ин олим дар авҷи
шӯҳрат дар як давраи ҳамкасбон баён доштааст: Кам нашудааст, ки бисёр омўзӣ ҳам, ба ҷое намерасӣ.
Бисёр шудааст, ки ҳам бисёр меомузӣ ва ҳам ба ҷое мерасӣ. Сир дар чист? Дар устоди хайрхоҳ доштан. Хушбахтона, маро чунин устоди сахтгиру дилогоҳ насиб гашт. Ман Барот Раҳматовичро дар назар дорам, ки раҳнамою ҳидоятгарам буданд ва аз эшон як умр сипосгузорам….
Давоми сухани пешин. Олиму табиби ҷӯё дар ин давра дар баробари табобати ниёзмандон бо таҳқиқи бемориҳои экзема, нейродермит ва псориаз машғул шуд, ки бинобар афзоиш доштан, хоса дар миёни кўдакон, боиси нигаронӣ буданд. Пажўҳишҳои илмию тадқиқотӣ натанҳо боиси бозёфтҳои судманд дар усулу воситаҳои табобати онҳо шуданд, балки дар рисолаи комил ифода ёфтанду соли 1982 бо дифои он Подабон Зоиров доктори илм шуд.
Соле пас олиму табиби номӣ мудири кафедра таъин гашт, ки тавре дар оғози сухан зикр рафт, беш аз се даҳсола давом кард ва яке аз муҳимтарину самараноктарин марҳалаи фаъолияташ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ Маҳмадшо Гулзода ба кафедра соли 2023 гузоштани номи ин табибу олими барҷаста амри табиист.
АЗ ГАРМЧАШМА ТО ХОҶА ОБИ ГАРМ
Воқеан ҳам, Подабон Тошматович умр сарфи табобати маризон ва рушди кафедраю илми дерматовенерология намуд. Мавсуф аз мутахассисони камназири замони худ дар соҳаи этиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва уфунаҳои зуҳравӣ ба ҳисоб мерафт. Патенту пешниҳодҳои зиёди ратсионализаторӣ, усулҳои ҷадиди ташхису табобати маризиҳои пӯст бозёфтҳои судманди эшонанд, ки имрӯз ҳам мавриди истифодаи ҳамтоёни ҷавонаш мебошанд. Маҳз бо ибтикори мавсуф ва шогирдаш Абдураззоқ Ҳусайнов як гурӯҳ бо бемориҳои гуногуни пӯст ба ноҳияи Ишкошим ба Гармчашма бурда, аз тариқи озмоиш бо ин оби шифобахш табобат намуданд. Чун натиҷа матлуб омад, минбаъд ин амал маъмулӣ гашт. Овозаи шифобахшии шигифтангези Гармчашма саросари Иттиҳоди Шўравиро фаро
гирифта, аз Владивостоку Ёқутистон то Сибиру Калининград низ дардмандон меомаданд. Нахустин корбасти асбоби нав дар муолиҷаи бемории махав бо нурҳои дарозмавҷи ултрабунафши чароғи Вуд (кашфи физики амрикоӣ Роберт Уилямс Вуд) ба номи Подабон Зоиров сабт буда, ки баъдан ҳазорҳо гирифтори махавро наҷот дод. Ин чанд мисол аз бозёфтҳои зиёди ин олими навҷӯст, ки илму амалияро тавъам пеш мебурд ва аз шогирдону ҳамкорон низ ҳаминро талаб мекард.
МАКТАБИ НОДИРИ ПӮСТШИНОСӢ
Доираи пажўҳишҳои мавсуф ба дараҷаи шигифтангез густурда мебошад, ки чун муште аз хирвор чанди онро зикр мекунам: оташак, чашмаҳои шифобахш ва маъдании Тоҷикистон ва бемориҳои пӯст, маризиҳои зуҳравӣ, ксеродермаи пигментӣ…, ки баъдан ҳар кадом дар шакли китоб нашр шуданд. Чун сухан аз асарҳояш рафт, бояд гуфт, ки чандин китоби дарсӣ низ навиштааст, аз ҷумла, “Дерматозҳои музмин дар иқлими кӯҳистон”, “Бемориҳои пӯст”, “Бемориҳои зуҳравӣ”, ки имрӯз ҳам барои соҳибтахассус шудани донишҷўён нақши бориз мебозанд. Ҳамчунин, ба қалами мавсуф “Луғати мухтасари бемориҳои пӯст: тоҷикӣ-русӣ-лотинӣ-англисӣ” мансуб аст, ки чоряк аср қабл анҷом дода буд.
Чуноне дар аввал ишора рафт, Подабон Тошматович мактаби нодири пӯстшиносиро ташаккул дода, ба ин васила мутахассисон кордонро тарбият намуд, ки айни ҳол натанҳо дар кишварамон, ҳамчунин дар хориҷи дуру наздик муваффақона фаъолият доранд. Миёни шогирдони сершумораш, ки баъдан табибу олимони номдор шуданд, метавон Р. Додобоев, И.М. Мараренко, Д. Исҳоқӣ, Х. Алиев, З. Алиева, Д. Боҳиров, Н.И. Дирда, Н.Г. Недосекова, А. Ҳусайнов, К. Муҳаммадиева, С. Исматуллоева, М. Темирова, М.Ҳомидов, Ш. Абдумамадова, А. Қосимов, К. Бухориев, Г. Муҳиддинова, Б. Саидов, Сино Иброҳими Собир ва дигаронро ном бурд, ки номбардори ҳам устоди худ, ҳам кафедра ва ҳам соҳаи дерматовенерология буданду ҳастанд.
Подабон Зоиров дар марҳалаи вазнину хатарноки ҷанги шаҳрвандӣ низ мудири кафедра буд. Бар асари он бинобар ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисон фаъолияти муназзами муассисаҳои табобати бемориҳои пӯст низ ба таври ҷиддӣ халалдор гардид. Чун натиҷа бемориҳои илтиҳобии пӯст, зуҳравӣ хурўҷ карданд. Духтур, ҳатто ҳамшираи тиббӣ намерасид. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо Подабон Тошматович бо ҷасорати шахсӣ, босуботӣ ва истеъдоди ташкилотчигӣ тавонист, фаъолияти хадамоти дерматологиро барқарор созад. Мутахассисони тамоми манотиқи кишварро гирд оварда, соли 1994 Ассосиатсияи дерматовенерологҳои Тоҷикистонро созмон дод. Ин имкон фароҳам овард, ки неруи илмиро
мутамарказ ва доир ба умдатарин масоили пӯстшиносӣ тадқиқоти илмӣ дубора ба роҳ монда шавад.
Хуршеди ҶОВИД, “Даво”
(Охираш дар шумораи оянда)



