Аз писар ба воя расонидани марди ҳақиқӣ кори осон нест
Олими маъруфи рус, доктори илм-ҳои тиб, профессор Дмитрий Тарусин ба ин ақида аст, ки решаи 64 дарсади бемориҳое, ки боиси безуриётии мард мегардад, аз айёми кўдакию наврасӣ маншаъ мегирад. Ҳанўз аз давраи 6-моҳагӣ то 2-солагӣ бо таъсири гормонҳо дар кўдак ҳуҷайраҳои ҷинсӣ таѓйири ҷиддӣ мебинанд. Сипас то 6-солагӣ ретсепторҳо барои гормонҳои ҷинсӣ фароҳам меоянд.
Дар ин давраҳо дизрапторҳои эндокринӣ ном моддаҳои фаъоли гормоналӣ ба фаъолияти гормонии писарон таъсир мерасонанд, ки мутаассифона, пешгирии таъсири манфии онҳо номумкин аст. Онҳо дар об, пластмасса, заҳрхимикатҳо, хўрокворӣ, косметика ва дигар ашёи талаботи рўзмарра дучор меоянд. Аз ин рў, барои хурду калон истеъмоли маҳсулоти органикии бидуни «химия» рўёндашуда муфид мебошад. Маҳсулотро на дар зарфҳои пластмассӣ, балки дар зарфҳои шишагӣ ё сафолину чинӣ нигоҳ доштан бехатар аст.
Барои организми рў ба инкишофи кўдак бештар маҳсулоти серсафеда зарур буда, аз карбогидратҳои зуд- ҳазмшаванда худдорӣ бояд кард. Ба кўдак нўшобаҳои газдор ва ширин набояд дод.
Солҳои 1999-2005 дар Федератсияи Россия 300 ҳазор кўдак мавриди ташхис қарор гирифтанд. Дар 40 фоизи онҳо нуқсони узвҳои репродуктивӣ мушоҳида гардид. Барои он ки оянда зимни падаршавӣ ба мушкилот дучор наоянд, ба онҳо кумаки мутахассисон зарур аст.
Яке аз хатарҳои махфӣ барои писаракон ин истифодаи уребча (подгузник)-ҳо мебошад. Ин ашё барои истифодабарии ҳамарўза набуда, он барои ба сафар, театр, кино ё меҳмонӣ рафтан ва ё ҳангоми ба нақлиёт нишастан пешбинӣ шудааст. Кўдаке, ки дар вақти дилхоҳаш пешоб кардан мегираду худро идора карда наметавонад, бештар ба бемории энурез (шабмез) ва дигар мушкилиҳо гирифтор мешавад. Дар тобистон бинобар зич будани уребча баланд шудани гармӣ дар атрофи узвҳои ҷинсӣ ба амал меояд. Пўшидани трусӣ ва шими танг низ ба ташаккулёбии ҳуҷайраҳои ҷинсии мардона таъсири манфӣ мерасонанд.
С. АМИНИЁН