Псориаз як намуди бемории пўст буда, дар қабати болоии пўст ба вуҷуд меояд. Солҳои охир ба шарофати тадқиқот ва технология, табобат хеле самараноктар шуда, зиндагии беморон беҳтар гардид. Оид ба ин беморӣ сўҳбате доштем бо мудири шўъбаи калонсолони Маркази клиникавии дерматовенерологии вилояти Суғд, духтур — дерматовенеролог, номзади илмҳои тиб Умедҷон Тоҷибоев.
Доктор, мегуфтед, ки худи бемории псориаз чист?
-Псориаз ё шукуфаи фалсӣ (аз калимаи юнонии «psora»- фалс, калахш) — бемории музмини илтиҳобии пӯст бо сабабҳои гуногуни инкишоф ва зуҳуроти генетикӣ буда. Аз мавҷудияти унсурҳои гиреҳчаҳои инфилтративӣ, тамғаҳои фалсӣ — эритематозии бо фалсҳои нуқрамонанди хос пӯшидашуда иборат аст ва ба пӯстпартоӣ ва инчунин осеббинии пардаҳои луобӣ, ҳосилаҳои пӯст, системаи такяву ҳаракат ва ихтилоли функсионалии узвҳои дохила оварда мерасонад.
Сабабҳои пайдоиши псориаз кадомҳоянд?
-Сабабҳои асосии пайдоиши ин беморӣ, асосан, истифодаи ғайримақсадноки стероидҳо, суст ба роҳ мондани назорати диспансерӣ ва табобати зиддиретсидивӣ, ба инобат нагирифтани принципҳои тибби исботӣ, стресс, ҳолати иҷтимоӣ — иқтисодӣ, риоя накардани тарзи ҳаёти солим (истеъмол накардани ғизои солим, истеъмоли машруботи спиртӣ ва ғайра) пандемия, бемориҳои сироятӣ, заифии масуният ва бемориҳои ҳамрадиф мебошанд.
Ин беморӣ чӣ гуна худро зоҳир мекунад?
-Дар шакли маъмултарини худ, псориаз боиси пайдоиши осебҳои даврашакл ё гиреҳҳои бисёршаклаи сурхчатоб дар рӯи пӯст бо сабусакрезии нуқраранг аён мегардад. Онҳо метавонанд дар тамоми бадан, аз ҷумла дар нохунҳо низ пайдо шаванд, аммо дар маҷмӯъ, минтақаҳое ҳастанд, ки бештар осеб мебинанд, ба монанди пӯсти сар, оринҷҳо ва зонуҳо мебошанд. Он бо хориш алоқаманд аст, беморон аксар вақт ба харошидан майл доранд ва аз ин амал осеби псориатикӣ бадтар мешавад.
Бемории псориаз ирсӣ буда метавонад?
— Мо гуфта метавонем, ки агар дар таърихи оила чунин беморӣ вуҷуд дошта бошад, майли бештари гирифторӣ ба он вуҷуд дорад. Агар волидайни касе ё эҳтимолан аъзои оила ин бемориро дошта бошанд, эҳтимоли бештари хурӯҷи ин беморӣ дар кӯдакон ва хешовандони наздик зоҳир мешавад.
Масалан, агар ҳарду волидайн ба псориаз мубтало шаванд, 41% эҳтимоли гирифтор шудан ба ин беморӣ дар тифли онҳо вуҷуд дорад.
Псориаз чӣ гуна ташхис ва табобат карда мешавад?
-Псориаз тавассути ташхиси гистологӣ аз ҷои иллатдида тавассути микроскоп муайян карда мешавад. Дар равиши беморӣ якчанд марҳилаҳо ба назар мерасад: авҷгирӣ, статсионарӣ, сиҳатёбӣ.
Вобаста ба марҳилаи клиникавӣ бемор бо доруҳои системавӣ ва зидигистаминӣ, витаминҳо, ҳормонҳо, шуодармониву гиёҳдармонӣ ва бо малҳамҳо табобат карда мешавад. Давраи табобат вобаста ба шакли псориаз аз 1 моҳ то 4 сол идома меёбад. Мизи парҳезӣ асоси сиҳатёбии бемор мегардад. Бемории псориаз гузаранда набуда, он намудҳои зиёд дорад. Бемор мунтазам зери назорати духтур — дерматолог қарор гирифта, дар як сол чор маротиба бояд ба қабули духтур ҳозир шавад.
Дар шўъбаи шумо чӣ қадар беморон бистарӣ гардидаанд?
-Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шӯъбаи калонсолони Маркази клиникавии дерматовенерологии вилояти Суғд 287 нафар бистарӣ шуданд, ки қисми зиёди онҳо гирифтори бемории псориаз мебошанд. Бемории мазкур марҳилаи болоравӣ дошта, сол аз сол шумораи гирифторони он меафзоянд. Сабабҳои онро, чунонки дар боло зикр намудам, табибон дар никоҳи хешутаборӣ, табобати нодуруст, ҳолати иҷтимоӣ- иқтисодӣ, набурдани тарзи ҳаёти солим, бемориҳои хамрадиф ва таъсири бемории «Ковид 19 «мегӯянд. Сину соли беморони гирифтори псориаз аз 25 то 40 — соларо ташкил медиҳад. Тибқи иттилои олимон дар тамоми дунё 1 фоизи аҳолии сайёраи замин ба ин беморӣ мубтало мебошанд.
Сӯҳбатнигор Мадина Почоева, ш Хуҷанд



