• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

СТРЕСС — АСОСИ БЕМОРИҲОИ АСАБ ВА ҚАЛБ АСТ

от user
в Бемориҳои асаб
0

Мусоҳиба бо Муҳаммадҷон Муҳиддинов, духтури асабшиноси Маркази тиббии “Шифо” дар шаҳри Панҷакент

-Аз рӯи мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки солҳои охир бемориҳои асаб дар афзоиш аст. Сабаб чист?

— Сабабҳои асосии зиёд шудани бемориҳои системаи асаб ин ба организм таъсир кардани омилҳои беруна — стресс, мавҷҳои электромагнитӣ ва радиатсонӣ, вирус, бактерияҳо ва дохилӣ — ирсият, бемориҳои музмин ва ғайра мебошанд. Инчунин, камҳаракатӣ, зиёд иҷро кардани корҳои фикрӣ, вайроншавии реҷа ва сифати хӯрок ва боз омилҳои зиёди дигарро номбар кардан мумкин аст.

— Имрӯз қариб ҳама аз телефон ва  интернет истифода мебаранд. То чӣ ҳад истифодаи он ба саломатӣ зарар дорад? Дар назар дорам, ҳам кор дар компютер ва ҳам телефони дастиро, зеро бо истифода аз интернет иттилои зиёдро шахс мутолиа мекунад.

— Бале, дар замони имрӯза дар ҳар хонадон аз компютер ва телефони мобилӣ зиёд истифода мебаранд, агар истифодабарӣ мувофиқи  меъёр ва дуруст бошад, ба зиндагии мо фоидаи калон мерасонад. Мутаассифона, ҳангоми кор онҳо дар атрофашон мавҷҳои электромагнитӣ ва радиатсонӣ ҳосил мекунанд, ки бевосита ба тамоми организм зарар мерасонанд, бахусус ба мағзи сар. Дар натиҷа, алоқамандӣ ва пайвастагии байни нейронҳо суст шуда, онҳо ихтилол пайдо мекунанд ва вазифаҳояшонро  иҷро карда наметавонанд. Ҳангоми аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода кардан ба майна маълумотҳои гуногун дар шаклҳои ҳархела дохил шуда, ба сарбории он оварда мерасонад.

 — Иттилои зиёд то чӣ ҳад ба кӯдакон зарар дорад?

— Мағзи сари кӯдак дар синни хурдсолӣ дар ташаккул аст ва пайваста иттилоъ мегирад, инкишоф меёбад. Ин хуб аст, ки кӯдаки мо донову зирак ба камол расад, аммо аз меъёр зиёд истифодабарии компютер ва гаджетҳо зарар мерасонанд.

Аз рӯи маълумоти охирин олимон то синни 3- солагӣ истифодаи телефон ва компютерро иҷозат намедиҳанд. Аз 3 то 5 — сола ҳамагӣ то 20 дақиқа дар як шабонарӯз 5-7- сола 1 соат бо ҳамин тартиб зиёд мешавад. Кӯдакон телефон ё компютерро дар ҳолатҳои нобоб, масалан дар рӯи фарши хона ва курсиҳои нобоб истифода карда, ба бозиҳо ё шабакаи интернет медароянд.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз зарарҳои он ба саломатӣ ин вайроншавии қомат, пастшавии биноиш, камҳаракатӣ ва фарбеҳӣ мебошад. Наврасон ба дунёи виртуалӣ одат мекунанд, онҳо аз ҳаёти воқеӣ дур монда, чунин рафторашон оқибат ба ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ ва неврози бачагона оварда мерасонад.

— Дар замони мо, ки пурэҳтирос аст, чӣ бояд кард, то худро аз стресс эҳтиёт намоем?

— Маънои калимаи стресс аз англисӣ ин фишор аст. Ҳамаи мо дар замони ҳозира зери ин ё он фишор ҳастем. Сабабгори бисёре аз бемориҳои асаб ва қалб стресс мебошад ва ҳар кас бояд худро аз он ҳифз кунад.

Роҳҳои ҳифз намудан ин ба тарбияи бадан машғул будан, китоб хондан, реҷаи хоб ва корро риоя кардан, фикронии дуруст кардан, дар ҳавои тоза сайругашт намудан ва ҳангоми бемориҳо саривақт ба табиб муроҷиат кардан аст.

— Маркази тиббии “Шифо” дар Панҷакент кадом намуди табобатҳоро барои беморони асаб ба роҳ мондааст?

— Дар маркази тиббии мо барои ташхис ва табобати бемориҳои системаи асаб, мушаку буғумҳо, узвҳои дарунӣ ҳамаи шароит муҳайёст. Маркази тиббӣ дар соҳили дарёи Зарафшон ҷойгир аст, ки комилан ҷои ором буда, беморон дар дилхоҳ вақт метавонанд аз овози об худ табобат ёбанд. Мо аз табиатшифоӣ васеъ истифода мебарем, аз қабили ҳуҷраҳои сӯзандармонӣ, маҳс, табобати барқӣ, лойдармонӣ. Инчунин, бахшҳои кашиши сутунмӯҳра, лазеротерапия, табобат бо шулукҳои тиббӣ низ мавҷуд аст.

Хушбахтона, имрӯз аз тамоми ҷумҳурӣ ба Маркази тиббии “Шифо” беморон омада, табобати лозимии худро мегиранд, ки мо низ аз ин қаноатманд ҳастем, зеро мақсади мо ин аст, ки ҳар нафари ба марказ муроҷиаткунанда қаноатманд ва болидарӯҳ баргардад. Дар ин сурат мо рисолати худро баҷо оварда мешуморем.

Мусоҳиб Б. Дарвешзода

Мақолаи гузашта

ГИЁҲДАРМОНИИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМИ САРМО

Мақолаи навбатӣ

АГЕНТӢ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД

user

user

Мақолаи навбатӣ
АГЕНТӢ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД

АГЕНТӢ МАЪЮБОНУ ПИРОНСОЛОНРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ