
Гурўҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 10 март то 3 апрели соли равон дар муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Мухтори Куҳистони Бадахшон корҳои мониторингӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронд. Ҳадафи асосии ин тадбир пешгирии муомилоти ғайриқонунии доруҳои нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда, таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ, пешгирии фаъолияти ғайриқонунии муассисаҳои хусусии тиббӣ ба ҳисоб мерафт.
МОНИТОРИНГ
БОХТАР. 10 март масъалаҳои номбурда дар муассисаи давлатии Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар дар ҷамъомад бо иштироки 80 нафар мудирони дорухонаҳо, роҳбарони муассисоти хусусии тиббӣ ва кормандони онҳо ҳамаҷониба баррасӣ гашт. Тавре зикр шуд, дар шаҳри Бохтар 150 дорухона машғули хизматрасонист, ҳамчунин 139 муассисаи хусусии тиббӣ дар вилоят ҳаст, ки дар онҳо ҳамагӣ 216 табиб ва 155 корманди миёнаи тиб кор мекунанд. Аз ин шумора 25 адад муассисаи бисёрсоҳавӣ, 11 адад маркази ташхисию табобатӣ бо катҳои бистаринамоӣ буда, онҳо дар маҷмӯъ 398 кат доранд.
Аз 11 марказе, ки беморонро зимни бистарӣ табобат мекунад, 4 маркази ташхисию табобатӣ барои машғул шудан ба муомилоти қонунии маводҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо иҷозатномаи Вазорати тандурустиро доранд.
ЁВОН. 11 март дар ин ҷо низ мулоқоти гурӯҳи корӣ бо беш аз 80 корманди соҳаи тиб ва фарматсевтӣ баргузор шуд. Дар маҷлис масъалаҳои риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи тандурустӣ, тартиби дурусти муомилоти қонунии доруҳои нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсир, тартиби барасмиятдарории дорухат ва талабот нисбати он, инчунин пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Айни замон дар ноҳияи Ёвон 79 дорухона ва 21 муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият дорад. Аз шумораи умумии муассисаҳои хусусӣ 1 муассиса статсионарӣ буда, дорои 12 кат ва 20 муассиса дармонгоҳӣ мебошад.
КЎЛОБ. Чунин чорабинӣ бо иштироки 139 корманди дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуд. Ба ҳозирин тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти худ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии доруҳои нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда саҳми фаъол гузоранд.
Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб айни ҳол 70 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият мебарад. Аз онҳо 5 муассиса статсионарӣ буда, дорои 299 кат ва 65 муассиса дармонгоҳист.
ХОРУҒ. Санаи 2 апрел дар муассисаҳои фарматсевтӣ ва тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои мониторингӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар доираи чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷаласа бо иштироки 90 мудири дорухона, роҳбарони муассисаҳои хусусии тиббӣ ва кормандони соҳаи тиб баргузор гардид. Дар шаҳру навоҳии ВМКБ айни замон 13 муассисаи хусусии тиббӣ тавассути 58 табиб ва 101 корманди миёнаи тиб ба ниёзмандон хизмат мерасонанд. Як маркази ташхису табобат дорои иҷозатнома барои машғул шудан ба муомилоти қонунии маводҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда мебошад.
Сафари гурӯҳи корӣ, шиносоии бевоситаи аъзои он бо вазъият дар маҳалҳо, мулоқотҳои судманд бо кормандони соҳа нишон медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мониторингӣ ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ аҳамияти муҳим доранд.
“Даво”



