• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ваҳдати миллӣ — ҷавҳари Истиқлол

от user
в Хабарҳо
0

Ҳамкорони гиромӣ ва ҳамватанони азиз!

Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният менамоям ва ба якояки шумо хонаи ободу осмони софи беғубори сулҳу оромиро таманно дорам!

Имсол мардуми шарафманди тоқик ин ҷашни бузургро якҷо бо 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд, ки бештар шодиовару гуворо эҳсос карда мешавад.

Ваҳдати миллӣ падидаи беназир аст, ки дар таърихи давлатдории миллиамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, ки сарҷамъии миллатро таъмин ва заминаҳои устувори иттиҳоду ягонагии миллиро бунёд гузошт, минбаъда пешрафту комёбиҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рӯзгори саодатбори мардуми заҳматқарини кишвар рангу таровати тоза пайдо намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон роҷеъ ба арзиши баланди таърихии Ваҳдати миллӣ чунин таъкид доштаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Воқеан, барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат аз имтиҳони сахти таърих гузашта, “ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки ин миллат метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».

Ваҳдату ягонагӣ шароит фароҳам овард, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи тандурустии кишвар, густариши пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои муассир амалӣ гарданд. Сол то сол афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, ҳамасола дар кишвар ба истифода дода шудани теъдоди муайяни муассисаҳои тиббии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, таҳия ва татбиқи стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ намунаи равшани ин гуфтаҳоянд.

Моро зарур аст, ки бо сари баланд ба дастовардҳои беназири ин давлати обод ва миллати шарафмандамон назар афканда, бо дили пур аз орзуву умедҳои нек ба фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорем.

Бори дигар ҳар яки Шуморо бо ҷашни навбатии солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, ба хонадонатон сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу дорам.

Бигзор, ҳамарӯз садои Ваҳдати миллӣ – пояи устувори истиқлоли давлатӣ абадӣ дар гӯшаву канори кишвари биҳиштосоямон танинандоз бошад!

Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Бекмуродзода Султон Бекмурод, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Мақолаи гузашта

Фишорбаландӣ ва роҳҳои табобати он

Мақолаи навбатӣ

Хамираи чормағз — беҳтарин ғизо барои тифли шумо!

user

user

Мақолаи навбатӣ
Хамираи чормағз — беҳтарин ғизо барои тифли шумо!

Хамираи чормағз - беҳтарин ғизо барои тифли шумо!

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Дар Душанбе таъсиси Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

11.09.2026
Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

10.09.2026
«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

«Истиқлол-арзиши волои давлатдорӣ»

09.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ