Ҳар сол дар ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар гузаронида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз соли 2001 сар карда, ин чорабинӣ ҳамчун Даҳаи кўмак ва дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар аз 1 то 10 август баргузор мегардад.
Таваллуди кўдак хурсандии беканор дар ҳаёти ҳар як оила ва волидайн мебошад. Аз рўзи аввали ҳаёт саволҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рўҳии кўдак , ҳолати саломатӣ ва тарбияи кўдак ба миён меояд.Ғизои табиии кўдакон – намуди беҳтарин ва аз ҳама бехатари ғизодиҳии кўдакони синни бармаҳал буда, кўдакон ҳангоми синамаконӣ ғизои сифатноктарин мегиранд. Аз ҳамин сабаб , кўдакони худро бо шири хеш ғизо диҳед, чунки беҳтарин ғизо барои кўдак ин шири модар мебошад.Ҳар як инсон дар ҳаёташ як бор имконият дорад шири модарро истеъмол намояд, ки ин ҳам бошад дар давраи то 2 солагӣ. Таҳлилҳои дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар солҳои охир гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки кўдакони ғизои сунъӣ истеъмол кунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рўда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Фоида ва дастрас будани ғизодиҳӣ бо шири модар:
- Шири модар барои истеъмол доимо тайёр аст, пешакӣ тайёр кардани он лозим нест.
- Шири модар турш ва вайрон намешавад, гарчанде ки модар чандин рўзҳо шири худро намаконад ҳам;
- Шири модар арзиш надорад (бепул дастрас мешавад) – онро харидорӣ намудан лозим нест.;
- Шири модар танҳо барои кўдак муқаррар шудааст.
- Шири модар кўдакро аз бисёр бемориҳо эмин медорад, на фақат дар давраи кўдакӣ , балки тамоми умр.
- Ғизодиҳӣ бо шири модар ба саломатии модар низ таъсири мусбат дорад, ба монанди пешгирии бемориҳои саратон.
Хатари ғизои сунъӣ :
Агар кўдак ғизои сунъӣ гирад, пас дар ў хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории дарунравӣ нисбати кўдаконе ки бо шири модар ғизо мегиранд 15 маротиба зиёд аст. Махсусан агар кўдакон бо пистонак ва шишача ғизои сунъӣ гиранд , хатари беморшавӣ зиёд мешавад, чунки тоза нигоҳ доштани пистонак ва шишача хело мушки ласт. Ғизоҳои сунъӣ дорои маводи зидди сироятӣ нестанд. Аз ин рў кўдаконе ,ки ғизои сунъӣ мегиранд, тез-тез ба бемориҳои дарунравӣ гирифтор шуда, бемории онҳо дуру дароз давом меёбад ва ин кўдакро хеле лоғар менамояд. Оҳане, ки дар ғизоҳои сунъӣ мавҷуд аст, ботамом ба бадани кўдак ҷаббида мешавад. Аз ин рў кўдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол менамоянд, ба бемориҳои камхунӣ гирифтор мешаванд.
Дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хело зиёд мебошад, ки ин ба организми кўдак лозим нест. Ба қадри лозима дар таркиби ғизоҳои сунъӣ витаминҳо, чарбуҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳо вуҷуд надорад, агар бошад ҳам дар вақти пухтани шир онҳо вайрон мешаванд. Сафедаҳои систин ва таурин, ки барои инкишофи мағзи сари кўдак лозиманд дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар таркиби шири ҳайвонот линоре, ки барои ҳал намудани чарбҳо лозиманд, вуҷуд надоранд. Сафедаи шири гов—казеин дар меъдаи кўдак хеле дер ҳазм мешавад.Аз ин рў кўдак гуруснагиро ҳис намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ (ҳассосият) мешаванд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад , ки ғизои иловагӣ баъд аз шашмоҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синну сол ба кўдак миқдори зиёди моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо заруранд. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ, бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кўдаки ширмак онро истеъмол намояд.
Дурнамои Глобалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба ғизогирии кўдакони навзод дар муддати 6 моҳи аввали ҳаёт маконидани танҳо шири синаро пешниҳод менамоянд.
Аломатҳое, ки ҳолати дурусти кўдакро ҳангоми синамаконӣ муайян менамоянд:
- Кўдак бо тамоми баданаш ба тарафи модараш гардонида шуда ба ў ҷафс мебошад.
- Рўи кўдак ба синаи модар хеле наздик ҷойгир аст.
- Манаҳи кўдак ба синаи модар мерасад.
- Даҳони кўдак васеъ кушода шудааст.
- Лаби поёнии кўдак ба тарафи берун гардонида шудааст.
- Қисми зиёди ареола (сиёҳии сина) дар болои лаби болоии кўдак намудор аст, нисбат ба лаби поёнӣ.
- Кўдак ором ва хушҳол мебошад, дар охири синамаконӣ ба ҳолати пурраи қаноатмандӣ мерасад.
- Модар дар нўгҳои сина дард ҳис намекунад.
- Аломатҳое, ки ҳолати нодурусти кўдакро ҳангоми синамаконӣ муайян менамоянд:
- Бадани кўдак аз модар гардонида шуда, ба ў ҷафс намебошад.
- Манаҳи кўдак ба синаи модар намерасад.
- Лабҳои кўдак ба пеш кашида шудаанд.
- Қисми зиёди ареола (сиёҳии сина) , аз ҷумла зери лаби поёнӣ намудор аст.
- Кўдак ҳаракатҳои тез — тез кўтоҳи макиданӣ мекунад.
- Кўдак метавонад асабӣ шуда, аз ғизогирӣ даст кашад, зеро ҳаҷми зарурии ширро намегирад.
- Модар метавонад дар нўгҳои сина дардро ҳис намояд.
Оиди дуруст ба сина гузоштан чӣ тавр кўмак расонидан лозим аст:
- Модар бояд мавқеи қулай шишта ё хобидаро ишғол намояд ва ором бошад. Беҳтараш дар ҷойи пасттар шинад.Вай метавонад нишаста, кўдакро наздаш бигзорад. Агар қулай бошад, кўдакро ба болишт гузорад.
- Модар бояд бо дасташ синаро бардошта, ба кўдак на танҳо пистонро, балки тамоми синаро диҳад.Пистон ё ареоларо бо ангуштон зер кардан лозим нест ва пистонро ба даҳони кўдак маҷбуран даровардан низ дуруст нест.
- Сари кўдак дар як сатҳ бо бадани модар ва шикамаш муқобили шиками модар бояд ҷойгир бошад.Кўдак бо тамоми баданаш тавре бояд ба синаи модар бояд бошад , ки ҳангоми синамаконӣ гардонидан ё хам намудани сар ба ў лозим набошад.
- Модар метавонад пистонро ба даҳони кўдак наздик орад, то рефлекси қапидан пайдо шавад.
- Кўдакро тавре ба сина гузоред, ки лаби поении он дар зери пистон бошад. Ҳамин тавр манаҳи кўдак ба синаи модар ҷафс шуда, забонаш дар таги найчаҳои ширбарорӣ ҷойгир мешавад.Дар ин ҳолат пистон каме болотар аз маркази даҳони кўдак ҷойгир шуда , коми сахтро ҳавасманд менамояд.
- Баъзе модарон синаро бо ангушт назди бинии кўдак нигоҳ дошта меистанд.Аммо инро кардан ҳатмӣ нест, чунки дар ин ҳолат метавонад сина аз даҳони кўдак барояд ё ҳолати синамаконӣ бад шавад. Кўдак метавонад бе доштани сина бо ангушт озодона нафас гирад.
Таҳияи Мадина Давлатова