
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ҷаласа се масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт: вазъи хизматрасонии тиббӣ ба навзодон дар шуъбаҳои таваллудӣ ва марҳилаи дуюми табобат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; вазъи кумак ва хизматрасонии стоматологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ; ҷараёни иҷрои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026»
Зимни баррасии масъалаи аввал таъкид гардид, ки беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор меравад. Масъулин инчунин аз зарурати таҳкими имкониятҳои муассисаҳои таваллудӣ ва баланд бардоштани сифати нигоҳубини навзодон ёдовар шуданд.
Дар масъалаи дуюм вазъи хизматрасонии стоматологӣ, фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои дандонпизишкӣ баррасӣ гардид.
Ҳангоми муҳокимаи масъалаи сеюм иттилоъ дода шуд, ки иҷрои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» идома дошта, қисми зиёди чорабиниҳои пешбинишуда амалӣ гардидааст.
Дар анҷоми ҷаласа қарори ҳайати мушовара қабул шуда, ба роҳбарони сохторҳо ва муассисаҳои тандурустӣ барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва татбиқи саривақтии барномаҳои соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.



