Яке аз бемориҳое, ки дар фасли тобистон зиёд ба чашм мерасад, шикамрав мебошад. Ба он бештар кӯдакон мубтало мешаванд. Суҳбати мо бо муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳиҳои кӯдакона”, номзади илмҳои тиб Обидҷон Аминов дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт.
— Обидҷон Тоҳирович, бо кадом сабабҳо шикамрав сар мезанад ва чаро маҳз дар фасли тобистону моҳҳои аввали тирамоҳ он бештар ба назар мерасад?
— Дарунравӣ ё шикамрав (диарея) бо бисёр сабабҳо рӯй медиҳад. Аз рӯи омори ҷаҳонӣ дар 50 фисади ҳолатҳо барангезандагони шикамрав вирусҳо мебошанд. Ҳамчунин 40% сабаби фавт аз шикамрав низ дар ҷаҳон маҳз вирусҳо гаштаанд.
Бемориҳои шикамрав ба “шадид” (аз якчанд соат то якчанд рӯз) “давомкунанда” ва “тӯлонӣ” (зиёда аз 2 ҳафта) ҷудо мешаванд. Рафтани шикам аксуламали организм аст, ки ба воситаи он ҷисми инсон токсин ва бактерияҳоеро, ки боиси вайроншавии фаъолияти рӯда мешаванд, берун мекунад.
Хатари шикамравӣ дар он аст, ки организм дар ҷараёни он обро зиёд талаф медиҳад. Аз ин рӯ, аксари ҳодисаҳои фавти кӯдакон аз диарея, ки дар тамоми кишварҳо ба қайд гирифта шудааст, бо сабаби беобшавии ҷисм ба амал меояд.
Дарунравӣ ҳамчунин мумкин аст, дар натиљаи беназорат ва ба муддати дурудароз қабул кардани антибиотикҳо низ ба амал ояд, ки онро бо забони тиббӣ «дисбактериоз» меноманд.
Илман асоснок шудааст, ки кўдакони омехтаҳои ғизоии сунъиро истеъмолкунанда, назар ба кўдаконе, ки аз шири модар ғизо мегиранд, бештар гирфитори дарунравӣ мешаванд.
Дар баробари ин, риоя нагардидани қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар оила, стресс, асабоният, омехта кардани баъзе ғизоҳои мизољҳояшон ба ҳам зид, физои туршшуда, ношуста истеъмол кардани меваю сабзавот метавонанд сабабгори дарунравӣ гарданд.
Дарунравӣ инчунин дар натиҷаи истифодаи баъзе доруҳо низ метавонад сар занад. Масалан, қариб ҳамаи антибиотикҳо боиси сарзании дарунравӣ шуда метавонанд.
Кӯдакони синни ширмак, ки ба ҷои шири модар шири сунъӣ истеъмол мекунанд, бештар ба дарунравӣ мубтало мешаванд. Стресс, асабоният, омехта кардани баъзе ғизоҳои мизоҷҳояшон ба ҳам зид, истеъмоли ғизои туршшуда, ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот ҳам сабабгори дарунравӣ мегарданд.
— Дар сурати сар задани нишонаҳои нахустини дарунравӣ пеш аз ҳама чӣ бояд кард?
— Пайдо шудани нишонаҳои дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, хоҳиши зуд-зуд ташноб рафтан, баланд шудани таб ва хушкии даҳон, дахолати фаврии духтурро талаб мекунад. Аз ин рӯ бетаъхир духтурро даъват бояд кард. Тавре гуфтем, зуд-зуд ташноб рафтан метавонад боиси талафёбии оби бадан шавад, ки организмро тез беҳолу заиф мегардонад.
Дар ҳолати мушоҳида кардани исҳоли хунин (дизентерия) бошад, зуд хонаи хоби беморро ҷудо карда, ба ӯ пиёлаву коса, қошуқ ва сачоқи алоҳида бояд дод. Наҷосати беморро бо хлор безарар намудан лозим аст. Зарфҳои истифода мекардагии ӯро бо собун ва ё содаи хӯрокӣ зуд-зуд бояд шуст.
Ҳангоми дар наљосати кўдак мушоҳида гардидани хун, ҳатман ба муассисаи тиббӣ мурољиат намудан зарур аст, чунки хун дар наљосат ҳангоми дарунравӣ аломати исҳоли хунин буда, таъин намудани антибиотик ва назорати корманди тибро талаб менамояд.
Дар мавриди дар кўдакон љой доштани дарунравӣ, ки оризаи хатарноки он беобшавии бадан мебошад, аввалин амали фаврие, ки волидайн бояд анљом диҳанд, ин нўшонидани регидрон мебошад. Чи тавр тайёр кардани маҳлули регидрон ва миқдори нўшонидани онро корманди тиб мефаҳмонад ва тавсия медиҳад. Аз ин рў, дар мавриди пайдо шудани нишонаҳои дарунравӣ волидайн бояд ҳатман ба муассисаи тиббии маҳалли зист (маркази саломатии шаҳрӣ/ноҳиявӣ, маркази саломатии деҳотӣ ва хонаи саломатӣ) мурољиат намоянд. Айни ҳол тамоми муассисаҳои дар боло номбаршудаи тиббӣ бо хокаи регидрон таъмин мебошанд ва ҳангоми мурољиат намудан, беморон бо регидрон таъмин карда мешаванд. Айни ҳол дар љумҳурӣ барои ба љойи маҳлули регидрон тайёр карда нўшонидани дигар маҳлулҳои таркибан ба регидрон монанд зарурат нест.
Бе тавсияи духтур аз пеши худ набояд дору хӯрд. Дар давоми 12 соат 4 истакон маҳлули регидронро кам-кам нӯшидан лозим, то бадан беоб намонад. Пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ҳазор сол пеш тавсия дода буд, ки нӯшокиҳоро кам-кам, ҷуръа-ҷуръа нӯшидан лозим аст.
— Парҳези беморон аз чӣ иборат аст?
— Дар аснои шикамрав аз ширу маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавоти тару тоза, адвиёт (пряные), чипс (картошкабирён), нӯшобаҳо (кола, фанта…), шарбати ширини меваҳо (себ, ангур), конфету яхмос худдорӣ бояд кард.
Давом додани синамаконии кўдакони ширхора (аз ҳар вақте бештар ба кўдак сина додан) ҳатмист, чунки синамаконӣ метавонад шиддатнокии дарунравиро паст намояд ва бо мақсади пешгирӣ намудани беобшавии бадан нўшонидани маҳлули регидрон зарур мебошад.
Ҳамчунин ба кўдакони аз синни 6 моҳа боло додани шўрбо, биринљоба, љурғот, зардолуоб, љўшонидани пўсти анор ва ғайраҳо тавсия дода мешавад. Ба ин гурўҳ кўдакон ҳангоми дарунравӣ хурокхўрӣ бояд давом дода шавад. Дар давраи шифоёбӣ қабули як таоми иловагӣ дар муддати 2 ҳафтаи аввал зарур мебошад, ки дар ин бора ба шумо корманди тиб метавонад маслиҳати дуруст диҳад.
Кўдаконе, омехтаҳои сунъиро истеъмол мекунанд, бояд ҳар дафъа баъди дарунравӣ ба таври илова миқдори зерини регидронро нўшанд: дар синни то 2-солагӣ – аз чаҳоряк то ним косаи калон ва дар синни аз 2-сола калон – аз ним то як косаи калон.
Кўдак бояд аз пиёла ё стакон бо воситаи қошуқча регидрон нўшад ва истифодабарии шишачаҳо манъ мебошад. Агар ҳангоми нўшонидани моеъ (регидрон ва ғ.) дар кўдак дилбеҳузурӣ ё қайкунӣ ба амал ояд, тахминан 10 дақиқа танаффус бояд кард ва баъдан боз оҳиста – оҳиста нўшонидани моеъро давом бояд дод. Кўдак то қатъ гардидани дарунравӣ бояд ҳарчи бештар моеъ нўшад. Дар мавриди дар кўдакони синну соли бармаҳал пайдо шудани дарунравӣ, саривақт мурољиат намудан ба корманди тиб лозим мебошад.
Барои аниқ муайян намудани сабабҳои шикамравии шадид фавран наҷосати беморро барои муайян намудани дисбактериоз, антитела ба ротавирусҳо, криптоспоридиоз ба ташхис бояд супурд. Нӯшидани чой аз пӯчоқи хушккардаи анор, ғӯлингоб бо иловаи мавизу банан (бе иловаи шакар) кӯмак мерасонад.
— Барои пешгирии сироятёбӣ аз диарея ва дизентерия чӣ бояд кард?
— Дизентерия (исҳоли хунин)-ро чӯбчамикробҳои исҳолӣ (шигеллаҳо) ба вуҷуд меоранд, ки боиси заҳролудшавии организм ва осеб ёфтани рӯдаи ғафс мегардад.
Барангезандагони исҳол чанд намуд бактерияҳо ҳастанд, ки қобилияти дар шир, тухм, гӯшт, меваю сабзавот муддати дароз боқӣ монданро доранд. Ба одами солим беморӣ аз шахси касал ва ё нафаре, ки дар организми ӯ микробҳои исҳоли хунин вуҷуд доранд, сироят менамояд. Ангезандаҳо бо роҳи маишӣ, ғизоӣ ва об метавонанд интиқол ёбанд. Тавассути риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ зимни нигоҳубини бемор, бо дасти ифлос хӯрдани ғизо ё истифода аз зарфҳои бемор сироят кардани бемориро “роҳи маишӣ” мегӯянд.
Ба роҳи ғизо интиқол ёфтани беморӣ бештар дар фасли гармо рӯй медиҳад. Ғизои тайёр дар гармӣ зуд вайрон мешавад. Магасҳо низ дар гармӣ бештар ангезандаҳои исҳоли хунинро паҳн менамоянд. Агар ошпаз худ бемор ё бемориро аз сар гузаронида бошад, метавонад паҳнкунандаи беморӣ шавад.
Ангезандаҳои беморӣ дар оби ҷӯю дарёҳо боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ обро ҷӯшонида истеъмол бояд кард. Дар обҳои ифлос оббозӣ кардан ҳам хатарнок аст. Волидонро лозим аст, ки дар обҳои ифлос оббозӣ кардани кӯдаконро иҷозат надиҳанд.
Бинобар ин баҳри бемор нашудан пеш аз хӯрок дастро бо оби ширгарму собун шустан, меваю сабзавотро пеш аз истеъмол тоза шустан, магасҳоро нобуд кардан зарур аст. Пешгирии беморӣ ба тозагии ҳар як шахс вобастагии калон дорад.
Мусоҳиб: С. СУННАТӢ.