
Дар шаҳри Душанбе нахустин форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд. Дар кори форум мутахассисону коршиносони соҳаи озмоишгоҳӣ, намояндагони шарикони рушд, инчунин табибону мутахассисон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Шаҳло Ашуриён, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ иброз намуд, ки бо шарофати таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар ин замина, рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҳкими низоми тибби оилавӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аҳаммияти хосса доранд.
Зикр гардид, ки ин самтҳо дар ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҷойгоҳи муҳим доранд.
Қайд гардид, ки самаранокии низоми тандурустӣ пеш аз ҳама аз сифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ вобаста буда, ошкорсозии барвақти бемориҳо, арзёбии дурусти омилҳои хавф ва оғози саривақтии табобат барои пешгирии оризаҳо ва беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани дониш, такмили малакаҳои амалӣ ва рушди салоҳияти касбии табибони амалияи умумӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоль ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони тиббӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, такмили протоколҳои клиникӣ ва рушди низоми таҳсилоти муттасили тиббӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар баробари ин, густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби коршиносони ватаниву хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди касбии кормандони соҳа арзёбӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки барномаи форуми мазкур бо дарназардошти масъалаҳои мубрами фаъолияти ҳаррӯзаи табибони амалияи умумӣ таҳия шуда, хусусияти амалӣ дорад. Дар доираи он масъалаҳои ошкорсозии барвақти нишонаҳои ихтилолҳои доираи аутизм, арзёбии рушди кӯдак, ташхис ва пешбурди беморони гирифтори диабети қанди навъи 2, норасоии масуният, сабабҳои зуд-зуд бемор шудани кӯдакон, зуҳуроти пустӣ ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва масъалаҳои аллергология дар педиатрия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар форум инчунин мутахассисон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, таҷриба ва донишҳои касбии худро дар самти ташхису табобати бемориҳо ва ҳалли масъалаҳои амалии тиббӣ пешниҳод намуданд.
Дар умум, метавон иброз дошт, ки форуми мазкур барои таҳкими робитаҳои касбӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат дар фаъолияти табибони амалияи умумӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.



