
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандиро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тат-биқи санадҳои байналмилалӣ ва ташаккули низоми миллии муқовимат ба ин падидаи номатлуб аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Маводи мухаддир на танҳо ба саломатии аҳолӣ, балки ба амнияти миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо он вазифаи натанҳо як сохтор, балки масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванд мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва илмӣ барои пешгирии нашъамандӣ, табобати нашъамандон ва коҳиши оқибати тиббию иҷтимоии он гузошта шуданд. Қабули барномаҳои давлатӣ ва махсусан «Стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба рушди минбаъдаи низоми наркологии кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Бо мақсади таҳкими иқтидори соҳа ҳанӯз соли 2008 дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» таъсис дода шуд. Вазифаи асосии марказ омӯзиши вазъи нашъамандӣ, гузаронидани мониторинг, тадқиқоти илмӣ, таҳияи тавсияҳои амалии пешгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ мебошад. Дар баробари ин, фаъолияти марказ ба ҳамоҳангсозии чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ва арзёбии самаранокии барномаҳои давлатии зиддинашъамандӣ равона гарддааст.
Марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи миллӣ барои солҳои 2026–2030 имрӯз самти асосии фаъолияти сохторҳои наркологии кишварро муайян менамояд. Дар ин замина нақшаҳои дохилиидоравӣ таҳия гардида, ҳамаи чорабиниҳои пешбинишуда мутобиқи талаботи замон ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Натиҷаҳои марҳилаи аввал нишон медиҳанд, ки вазифаҳои ба сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобастагардида пурра иҷро шуда, мусоид барои идомаи ислоҳот шароити мусоид фароҳам омадааст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа такмили заминаи ҳуқуқӣ мебошад. Дар чанд соли охир як қатор санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо мақсадҳои тиббӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, таъини онҳо, инчунин тартиби бақайдгирӣ ва назорати диспансерии беморони наркологӣ таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд. Ин санадҳо ба танзими гардиши қонунии маводи дорувории нашъадор, пешгирии интиқоли онҳо ба бозори ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии наркологӣ мусоидат менамоянд. Дар баробари такмили қонунгузорӣ, таваҷҷуҳи махсус ба рушди инфрасохтори наркологӣ дода мешавад. Дар назди муассисаҳои наркологии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бахшҳои табобати ҷойивазкунанда фаъолият доранд, ки барои пешгирии паҳншавии ВНМО, гепатитҳои вирусӣ ва дигар бемориҳои тавассути хун гузаранда нақши муҳим мебозанд. Ин бахшҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, ба беморон хизмати маҷмӯии тиббӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки тадбирҳои амалишуда натиҷаҳои назаррас медиҳанд. Дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 4004 бемори нашъаманд дар қайди тахассусӣ қарор дошт. Дар муқоиса бо даҳсоли пеш шумораи чунин мубталоён зиёда аз 43 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин нишондиҳандаи умумии беморӣ то 40 нафар ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ паст гардидааст.
Ин арқом шаҳодати самаранокии сиёсати давлатӣ, густариши корҳои пешгирикунанда ва беҳтар шудани хизматрасониҳои наркологӣ мебошад. Боз як нуктаи муҳимро зикр мекунам. Агар солҳои қаблӣ мавқеи асосиро истеъмоли героин ишғол мекард, имрӯз ҳиссаи онба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон, истифодаи якбораи чанд намуд маводи нашъадор ва пайдоиши моддаҳои нави психоактивӣ зарурати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои иттилоотӣ, такмили назорату табобатро ба миён меорад.
Самти дигари муҳими фаъолияти мо корҳои пешгирӣ мебошад. Пешгирӣ ҳамеша нисбат ба табобат самараноктар ва камхарҷтар аст. Аз ин рӯ, Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайваста вохӯриҳо, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва аксияҳои оммавӣ баргузор менамояд. Танҳо дар соли 2025 садҳо чорабинии маърифатӣ доир гардида, ҳазорҳо нафар бо маълумоти илмӣ ва маводи иттилоотӣ фаро гирифта шуданд.
Истифодаи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар фаъолияти марказ мавқеи муҳим дорад. Барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, видеороликҳои тарғиботӣ ва саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тиббии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, саҳми арзанда мегузоранд.
Маҳз иттилооти дуруст метавонад ҷавононро аз интихоби роҳи хатарнок боздорад ва фарҳанги тарзи ҳаёти солимро таҳким бахшад. Ҳамасола таҷлили Рӯзи бай-налмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқнунии маводи нашъадор – 26 июн – ба як минбари муҳими ҳамгироии тамоми сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил меёбад. Дар доираи ин рӯз чорабиниҳои васеи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида, ба аҳли ҷомеа бори дигар аҳамияти пешгирии нашъамандӣ ва масъулияти муштарак дар ҳифзи саломатии миллат таъкид карда мешавад.
Дар баробари ин, сохторҳои наркологии кишвар дар амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор» низ иштироки фаъол дошта, дар пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, назорати қонунии онҳо ва таҳлили вазъи воқеии минтақаҳо саҳми назаррас мегиранд. Ҷамъоварӣ ва таҳлили мунтазами маълумот имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт дар асоси далелҳои илмӣ ва воқеияти мавҷуда такмил дода шавад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷрибаи арзишманд дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобати беморон ва коҳиш додани зарари иҷтимоиву тиббии он мебошад. Ҳамкории судманд бо созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди минбаъдаи ин самт заминаи устувор фароҳам овардааст.
Мубориза бар зидди нашъамандӣ танҳо мубориза бо як беморӣ нест. Ин мубориза барои ҳифзи саломатии миллат, таҳкими оилаи солим, тарбияи насли огоҳ ва таъмини амнияти давлат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванд, падару модар, омӯзгор, корманди соҳаи тандурустӣ ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар пешгирии ин вабо саҳм гирад. Танҳо тавассути ҳамбастагӣ, маърифати баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ мо метавонем ҷомеаи солим, амн ва босуботро барои наслҳои оянда бунёд намоем.



