• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Иқлим ва фишори хун

от user
в Бемориҳои дилу рагҳо
0

 

Дар ҷаҳон фишорбаландии шараёнӣ яке аз омилҳои асосии гирифторӣ ва фавт аз бемориҳои дилу рагҳо ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ба таври густурда омўхта шудани омилҳои генетикӣ, мубодилавӣ ва тарзи ҳаёт, ки ба пайдоиши гипертония мусоидат мекунанд, таъсири шароити иқлим ба сатҳи фишори шараёнӣ то ҳол кам мавриди таҳқиқу омўзиши олимон қарор гирифтааст.

ВОДИҲО ГАРМУ НОҲИЯҲО БАЛАНДКӮҲ

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварест, ки бо гуногунии минтақаҳои иқлимии худ фарқ мекунад: аз водиҳои гарм ва хушк то ноҳияҳои баландкӯҳи Помир. Ин хусусиятҳо барои омӯзиши таъсири ҳарорати муҳити зист, фишори атмосфера, баландӣ аз сатҳи баҳр, намнокии ҳаво ва тағйироти мавсимӣ ба фаъолияти системаи дилу раг имконияти нодир фароҳам меоранд.

Фаҳмиши ин робитаҳо ба табибон имкон медиҳад, ки табобати беморони фишорбаландиро инфиродӣ азхуд намуда, хатари сактаи дил, сактаи мағзи сар ва дигар аворизи дилу рагҳоро коҳиш диҳанд.

Фишорбаландии шараёнӣ яке аз омилҳои муҳимтарини тағйирпазири хатари сактаи миокард, сактаи мағзи сар, бемории музмини гурдаҳо ва норасоии дил мебошад. Тиби тавсияҳои табибони муосир дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани фишори шараёнӣ аз самтҳои асосии пешгирии бемориҳои дилу раг ба ҳисоб меравад.

Шароити иқлимӣ ба танзими тонуси рагҳо, фаъолияти системаиасаби вегетативӣ, мувозинати обу электролитҳо ва гемодинамика таъсири назаррас мерасонад. Ин масъала барои кишвари мо аҳамияти махсус дорад, зеро бо фаврияти зиёди баландӣ аз сатҳи баҳр, мавҷудияти минтақаҳои баландкӯҳ ва тағйироти шадиди мавсимии ҳарорат тавсиф мешавад.

Ин хусусиятҳо метавонанд ба тағйирёбии фишори шараёнӣ, самаранокии доруҳои зиддифишорбаландӣ ва хатари пайдоиши аворизи дилу раг таъсири мустаим расонанд.

ХУСУСИЯТҲОИ МАХСУСИ ИЛИМӢ

Тоҷикистон мамлакати кӯҳистонии ҷаҳон аст. Беш аз 90 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки боиси гуногунии назарраси шароити иқлимӣ мегардад. Хусусиятҳои асосии иқлими ҷумҳурӣ чунин таркиб ёфтаанд:

-тобистони гарм ва хушк;

-зимистони сард дар минтақаҳои кӯҳӣ;

-тағйирёбии назарраси ҳарорати шабонарӯзӣ;

-намнокии пасти ҳаво;

-тағйироти мавсимии фишори атмосфера;

-зиндагии бештари аҳолӣ дар баландии зиёда аз 1000 метр аз сатҳи баҳр.

Ин шароитҳо ба системаи дилу рагҳо талаботи иловагӣ мегузоранд ва метавонанд ба ҷараёни фишорбаландии шараёнӣ таъсири муассир расонанд.

ТАЪСИРИ ҲАРОРАТИ БАЛАНД БА ФИШОРИ ШАРАЁНӢ

Моҳҳои тобистон дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва дигар шаҳру манотиқи ҳамвор аксар вақт ҳарорат аз +40°С хеле болотар меравад, ки гармои шадиди тобистони имсола бори дигар собит кард.

Ҳарорати баланд чунин тағйироти физиологиро ба вуҷуд меорад:

-васеъшавии рагҳои канорӣ;

-пастшавии муқовимати умумии рагҳои хун;

-зиёд шудани арақкунӣ;

-талафоти об ва натрий;

-кам шудани ҳаҷми хуни гардишкунанда;

-паст шудани фишори шараёнӣ.

Дар бисёре аз беморон фишори шараёнӣ метавонад ба таври физиологӣ 5–10 мм с/симоб паст шавад. Аммо дар беморони калонсол ё шахсоне, ки якчанд доруи зиддифишорӣ қабул мекунанд, эҳтимоли пайдоиши гипотензияи алоимӣ зиёд мегардад. Аз тарафи дигар, дар ҳолати беобшавии шадид организм системаи асаби симпатикӣ ва системаи ренин–ангиотензин–алдостеронро фаъол мекунад, ки метавонад дар баъзе беморон боиси баланд шудани фишори шараёнӣ шавад.

БЕОБШАВИИ ОРГАНИЗМ — ХАТАР БА ДИЛУ РАГҲО

Яке аз сабабҳои тағйирёбии фишори шараёнӣ дар фасли тобистон, ки кам ба эътибор мегиранд, беобшавии музмини организм мебошад. Ҳатто талафи 1–2 дарсади вазни бадан аз ҳисоби норасоии моеъ метавонад боиси чунин тағйирот гардад:

-зиёд шудани часпакии хун;

-ғафсшавии хун;

-коҳиши гардиши хун дар гурдаҳо;

-фаъолшавии системаи асаби симпатикӣ;

-афзудани хатари суддабандӣ (тромбоз);

-афзоиши эҳтимоли сактаи миокард ва сактаи мағзи сар.

БАЛАНДКӮҲ ВА ФИШОРИ ШАРАЁНӢ

Дар шароити баландкӯҳ дар организм ин ҳолатҳо мушоҳида мешаванд:

-кам шудани фишори исмии оксиген;

-инкишофи гипоксияи музмин;

-фаъолшавии системаи асаби симпатикӣ;

-зиёд шудани басомади кашишхӯрии дил;

-афзоиши ҷудошавии катехоламинҳо.

Дар марҳилаи мутобиқшавӣ ба иқлим мумкин аст фишори артериалӣ баланд шавад, махсусан, дар бемороне, ки қаблан фишорбаландӣ доштанд. Ҳангоми зиндагии тӯлонӣ дар баландкӯҳ организм тадриҷан ба он мутобиқ мегардад:

-шабакаи капиллярҳо зиёд мешавад;

-интиқоли оксиген самараноктар мегардад;

-тонуси рагҳо қисман ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Аммо беморони фишорбаландии вазнин, ишемиии дил, норасоии музмини дил ва фишорбаландии шушӣ метавонанд шароити баландкӯҳро душвортар таҳаммул намоянд.

ТАЪСИРИ ФИШОРИ АТМОСФЕРА БА ОРГАНИЗМ

Тағйири ногаҳонии фишори атмосфера метавонад ба бемороне, ки танзими фаъолияти рагҳои хун дар онҳо халалдор аст, таъсири номатлуб расонад. Ба чунин тағйирот бештар инҳо ҳассос мебошанд: шахсони калонсол, беморони диабети қанд, бемории музмини гурда, норасоии дил, атеросклерози шадид.

Гарчанде таъсири фишори атмосфера назар ба ҳарорати муҳити зист камтар аст, он метавонад нишонаҳои ҳассосият ба обу ҳаворо пурзӯр намояд.

ТАВСИЯҲОИ АМАЛӢ БАРОИ ТАБИБОН

Бо назардошти хусусиятҳои иқлимии кишвар ҳангоми муолиҷаи беморони фишорбаландӣ ба ҳамкасбони арҷмандам эътибор додан ба тавсияҳои зерро аз манфиат холӣ намебинам:

-таъкиди назорати мунтазами фишори хун дар хона, махсусан дар фаслҳои тобистон ва зимистон;

-арзёбии хавфи беобшавии организм;

-назорати сатҳи креатинин ва электролитҳо дар мавсими гармо;

-мутобиқ намудани вояи диуретикҳо вобаста ба шароити иқлим;

-огоҳсозии беморон аз эҳтимоли пастшавии фишори артериалӣ дар ҳавои гарм;

-ба назар гирифтани баландии маҳалли зист ҳангоми интихоби усули табобат;

-тақвияти чораҳои пешгирии бӯҳрони фишорбаландӣ дар фасли зимистон.

ТАДҚИҚОТИ НАВ РОҲРО ҲАМВОРТАР КУНАНД

Бо вуҷуди тадқиқоти зиёди байналмилалӣ маълумот оид ба таъсири мустақими хусусиятҳои иқлимии Тоҷикистон ба ҷараёни фишорбаландӣ ҳанӯз маҳдуд мебошад. Ташкили регистрҳои миллӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмию амалӣ бо дарназардошти баландии маҳал, ҳарорати муҳити зист, тағйироти мавсимӣ ва дигар омилҳои иқлимӣ метавонад ба беҳтар шудани пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу рагҳо дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Ба инобат гирифтани омилҳои иқлимӣ дар муолиҷаи беморони фишорбаланд имкон медиҳад, ки самараи ташхису табобат баланд гардида, назорати беҳтари фишори шараёнӣ таъмин ва хатари сактаи миокард, сактаи мағзи сар ва норасоии дил коҳиш дода шавад.

Марҷона МӮСОЕВА,

духтури дилшиноси

Бемористони Ибни Сино

Мақолаи гузашта

Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Иқлим ва фишори хун

Иқлим ва фишори хун

01.09.2026
Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

Ҷамшед Ҳамидов: Рушди «Сифатфарма» аз СИР аст (қисми 2)

31.08.2026
Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

31.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ