20-уми октябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҷаласаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон дар соҳаи тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, роҳбари Намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон Ҷянжун Сяо, намояндагони сохторҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таъмини соҳаи тандурустӣ бо мутахассисони соҳибихтисос, бахусус дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мебошанд.
Дар ин замина, СҶТ бо кишварҳои минтақа ҳамкории зичро ба роҳ монда, барои тақвияти сиёсати кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи ташаббусҳои минтақавӣ дар самти рушди ҳамширагӣ, момодоягӣ ва арзёбии вазъи тибби оилавӣ, мусоидат менамояд.
Иштирокчиён зарурати такмили низоми омодасозии табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббиро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки рушди ин соҳаҳо метавонад ба пешгирии бемориҳо, коҳиш додани фавт ва беҳтар гардидани вазъи саломатии аҳолӣ дар кишварҳои минтақа мусоидат намояд.
Ҳадафи асосии ҷаласа мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва моделҳои муваффақи омодасозии мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ, баррасии мушкилоти мавҷуда ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои минтақаи аврупоии СҶТ мебошад. Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, муайян намудани ниёзҳои кишварҳо ва таҳияи нақшаҳои минбаъдаи фаъолиятро дар асоси тавсияҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои ҷаласа барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва тақвияти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Ҷаласаи минтақавӣ то 21-уми октябр идома ёфта, дар доираи он масъалаҳои марбут ба такмили омодасозии мутахассисон ва роҳҳои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ баррасӣ мегарданд.



