
Муколама бо Ораз МИРЗОВАЛИЕВ, номзади илми тиб,
терапевти Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Гулистон, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026”
Аввалан Шуморо бо ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” дар номинаи “Беҳтарин табиби терапевт” табрик мекунем. Пирӯзӣ дар ин сабқати касбӣ бароятон чӣ арзиши хоса дорад?
-Озмун аз панҷ марҳила иборат буд ва ман тавонистам аз ҳамаи марҳилаҳо бо сарбаландӣ гузарам. Дар ин дастовард нашри мақолаҳои илмию оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ, ҳимояи рисолаи номзадӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаи тиб, хатми курси иглорефлексотерапия ва албатта, баҳои беморон ба фаъолияти ман нақши муҳим доштанд. Бароям ин ғалаба аз он ҷиҳат дучанд гуворост, ки шаҳодати қадрдонии заҳмати чандинсолаи касбӣ мебошад.
Роҳи Шумо ба касби табибӣ аз куҷо оғоз шуд ва чаро маҳз ихтисоси терапевтиро интихоб кардед?
—Устоди аввалини ман дар ин соҳа падарам мебошанд, ки низ терапевт ҳастанд ва 40 сол боз ба мардум хидмат мекунанд. Ман аз хурдӣ фаъолияти он касро дида, ба ин касб меҳр мондам. Беҳуда нагуфтаанд, ки мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз.
Ба назари Шумо, табиби хуб пеш аз ҳама бояд чӣ гуна сифатҳо дошта бошад?
—Табиб бояд на танҳо дониши хуби тиббӣ, балки сифатҳои наҷиби инсонӣ дошта бошад: гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек. Зеро ҳаёти одам дар дасти табиб аст. Ӯ метавонад беморро рӯҳбаланд кунад, барои мубориза бо беморӣ қувват диҳад ва ҳатто бо як сухани хуб ба табобат таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ, муносибати табиб бо бемор аҳамияти калон дорад.
Аксар коршиносон мегуянд, ки терапевт бояд гӯши шунаво дошта бошад. Сабаби ин таъкид чист?
—Барои терапевт ин бисёр муҳим аст. Вақте бемор ба духтури гӯш, гулӯ ва бинӣ, асаб ё ҷарроҳ муроҷиат мекунад, самти фаъолияти ин мутахассисон нисбатан мушаххас аст. Аммо терапевт бояд ҳолати беморро ҳамаҷониба омӯзад ва шикоятҳои ӯро бодиққат бишнавад. Беҳуда намегӯянд, ки агар беморро хуб гӯш кунӣ, 50 фоизи ташхис аллакай маълум мешавад. Аз ин рӯ, бодиққат шунидан, омӯхтан ва санҷидани ҳолати бемор асоси ташхису табобати дуруст мебошад.
Имрӯз терапевтҳо бештар бо кадом бемориҳо сарукор доранд ва чаро муоинаи саривақтӣ муҳим аст?
—Бемориҳои дилу рагҳо (инфаркт), системаи асаб, (инсулт), инчунин дарди буғуму устухонҳо зиёдтар ба назар мерасанд. Мутаассифона, бисёр одамон танҳо вақте ба табиб муроҷиат мекунанд, ки беморӣ аллакай шиддат гирифтааст. Дар ҳоле ки муоинаи саривақтӣ ва гузаштан аз назорати диспансерӣ имкон медиҳад, ки беморӣ дар марҳилаи аввал муайян ва осон табобат карда шавад. Пешакӣ донистан ва табобат гирифтан беҳтар аз он аст, ки вазъият бадтар шавад. Марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатӣ маҳз барои ҳамин фаъолият мекунанд. Назорати мунтазами тиббӣ ба табиб имкон медиҳад, ки таърихи бемории шахсро донад ва дар ҳолати зарурӣ сари вақт чораҳои зарурӣ андешад.
Тамоили хатарноку зарарноке торафт тақвият меёбад, ки иддаи одамон ҳангоми касал шудан назди духтур нарафта, аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дорую даво мекобанд. Ба назари Шумо, худмуолиҷа чӣ хатар дорад?
—Солҳои охир на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон мардум маълумоти тиббиро аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯянд. Интернет метавонад маълумоти муфид пешниҳод кунад, аммо он наметавонад беморро муоина ва дардашро эҳсос кунаду ташхиси дақиқ гузорад. Мутаассифона, баъзеҳо ба худтабобаткунӣ машғул шуда, доруҳои гуногун, ҳатто доруҳои сахттаъсирро бе тавсияи табиб истифода мебаранд. Танҳо вақте ки ҳолаташон бад шуд, табибро ба хотир меоранд. Дар чунин ҳолат табобат низ душвортар мегардад. Аз ин рӯ, маълумоти интернетиро метавон барои огоҳӣ истифода бурд, аммо ташхис ва табобат бояд аз ҷониби мутахассис сурат гирад.
Дар ҳолатҳое, ки табобат зуд натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, чӣ ба Шумо барои идомаи кор нерӯ мебахшад?
-Бемориҳое кам нестанд, ки табобататашон тулонист. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб сабру таҳаммул зарур аст. Баъзан табобат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва аз ин набояд рӯҳафтода шуд. Тиб илм аст ва дар он ҳолатҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Муҳим он аст, ки табиб дар ҳар вазъият некбин, босабр ва ба савганди касбии худ содиқ бошад. Дар фаъолияти табиб чунин ҳолатҳо зиёданд: баъзе беморон дар ду-се рӯз, баъзеҳо дар ду-се моҳ ё ду-се сол шифо меёбанд ва баъзе бемориҳо ҳанӯз табобати комил надоранд. Аммо вазифаи мо ин аст, ки то ҳадди донишу таҷрибаамон барои шифои бемор талош кунем.
Барои натиҷаи хуби табобат масъулияти бемор то чӣ андоза муҳим аст?
-Байни табиб ва бемор бояд боварӣ ва ҳамкорӣ бошад. Қисми зиёди натиҷаи табобат аз масъулияти худи бемор вобаста аст. Табиб ташхис мегузорад, натиҷаи таҳлилҳоро мефаҳмонад ва тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Бемор бояд ин тавсияҳоро дуруст ва сари вақт иҷро кунад.
Технологияҳои муосир то куҷо метавонанд таҷриба ва дониши табибро пурра кунанд?
—Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки илм, техникаву технология дар соҳаи тандурустӣ низ босуръат рушд дорад. Усулҳои муосири ташхис, ҷарроҳию муолиҷа, дорувориҳои нав ба нав дасти духтурро дароз кардаанд. Аз онҳо бо камоли кордонӣ истифода бурдан аз донишу маҳорати табиб вобаста аст. Яъне вай бояд пайваста аз навгониҳои соҳа бояд воқиф бошад, онҳоро омӯзад, то ки дар мавриди зарурӣ истифода бурда тавонад. Танҳо дар ҳамин сурат табиби муваффақ мешавад.
Табиби сол — 2026 Ораз Мирзовалиев ба хонандагони маҷаллаи “Даво” чӣ паёме дорад?
Ба хонандагони маҷалла як ҳақиқати оддиро таъкид карданиям: беҳтарин василаи ҳифзи солимӣ тарзи дурусти зиндагист. Риояи реҷаи дурусти ғизо, бо варзиш машғул шудан ва назорати саломатӣ шуморо саломат нигоҳ дошта, зарурат беморхона рафтану дору хӯрданро аз байн мебарад. Дар акси ҳол… Интихоб дар дасти шумост.
Ба ҳайати эҷодии маҷалла барои таваҷҷуҳ ба фаъолияти табибон, суҳбатҳои муфид бо мутахассисон дар мавзуъҳои муҳим ва расонидани андешаю тавсияҳои онҳо ба мардум сипос мегӯям. Чунин таваҷҷуҳ моро ба касби худ бештар дилгарм месозад.
Сӯҳбаторо
Амони МУҲАММАД,
“Даво”, ш. Гулистон



