
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” нахустин Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид, ки дар он Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Андрей Плутнитский, муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия, Инна Святенко, муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Алла Самойлова, роҳбари Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Россия, Лидия Михеева, котиби Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия, Бадма Башанкаев, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба ҳифзи саломатӣ, шарикон оид ба рушд, олимону мутахассисони соҳаи тандурустии дохиливу хориҷӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи конгресс муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ иброз дошт, ки таҳкими саломатии аҳолӣ яке аз афзалиятҳои асосии стратегии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина, шиори «Саломатии миллат- боигарии давлат» ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мавқеи хос дорад.
Зикр гардид, ки нахустин Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» дар соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, мутахассисони соҳаи тандурустиро дар атрофи масъалаи муҳими замони муосир, ҳифзи саломатии инсон, пешгирии бемориҳо ва дароз намудани умри фаъоли аҳолӣ муттаҳид менамояд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки дору яке аз воситаҳои муҳими тиб буда, ҳадафи ниҳоии соҳаи тандурустӣ ҳифзи инсон, таъмини амнияти саломатӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии ӯ мебошад. Аз ин рӯ, низоми тандурустии муосир бояд на танҳо ба табобати бемориҳо, балки ба пешгирии онҳо, сари вақт муайян намудани омилҳои хавф, таъмини табобати самаранок ва истифодаи оқилонаи доруворӣ равона карда шавад.
Дар баромади худ Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ба аҳаммияти пайванди илм ва амалияи тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ таъкид намуд.
Номбурда ҳамчунин ба мероси илмии олими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва саҳми арзандаи ӯ дар ташаккули принсипҳои тибби пешгирикунанда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шаш омили асосии ҳифзи саломатиро, ки дар таълимоти ин донишманди ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд, аз ҷумла муҳити зист, ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, хоб, ҳолати равонию эҳсосӣ ва равандҳои физиологии организм ёдовар шуд.
Дар ин замина, нақши ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва арҷгузорӣ ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино, аз ҷумла таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоиши байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии таҷрибаи миллӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва касбӣ бо Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Дар қисмати ифтитоҳии конгресс ҳамзамон меҳмонон низ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баромад карданд.
Дар доираи конгресс як қатор симпозиумҳои илмӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, нақши ғизо дар пешгирии бемориҳо, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, эпидемиологияи бемориҳои ғайрисироятӣ, иқтисодиёти тандурустӣ ва такмили низоми фармаконазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори симпозиумҳо олимон, профессорону докторони илмҳои тиб, намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда, оид ба дастовардҳои илмӣ, таҷрибаи амалии кишварҳо, роҳҳои пешгирии бемориҳо ва ҷори намудани усулҳои муосири ташхису табобат маърузаҳо пешниҳод карданд.
Қайд гардид, ки Конгресси якуми байналмилалии «Инсон ва дору» ҳамчун минбари муҳими илмӣ ва касбӣ барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои байниидоравӣ ва илмӣ, баррасии масъалаҳои мубрами ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муайян намудани самтҳои нави рушди соҳаи тандурустӣ хизмат хоҳад кард.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конгресс барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷори намудани дастовардҳои муосири илму технология, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва тақвияти тадбирҳои пешгирикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар охир барои ширкати фаъолона дар баргузории конгресс як қатор иштирокчиён ва меҳмонон бо нишонҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд


