• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Озмоишгоҳи миллӣ-беҳтарин роҳи рушди озмоишгоҳӣ

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

35 сол қабл, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи басо  ҳассос ва тақдирсоз ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид, ки ин дастовард барои миллати тоҷик арзиши бағоят бузург ва таърихӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ба нишони ифтихору шукргузорӣ ҳамасола 9 сентябр — Рўзи барафрозии парчами Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

Истиқлолият ҳамчун шаҳсутуни давлатдорӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик оромиву осоиштагӣ, иттиҳоду якдилӣ, са-одати рӯзгор овард ва ҳар боре Истиқлолу Тоҷикистони мустақил мегӯем, пеши назар симои нуронии Меъмори сулҳи тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад, ки бо талошҳои ҷоннисорона диёри азизамонро аз вартаи фаношавӣ вораҳонда, ба сулҳу салоҳ ва ободию шукуфоӣ расонданд. Ин хизмати беназири таърихияшон дар солномаи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо сатрҳои заррин сабт шудааст.

Аз нахустин рӯзҳои давлатдории миллӣ Пешвои миллат дар ба-робари дигар соҳаҳои муҳимтарин ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ иқдомҳои бузург амалӣ карда шуданд.

Дар ин манзар бо камоли ифтихор метавон бахши озмоишгоҳиро зикр кард, ки дар ин солҳо ба комёбиҳои беназир муваффақ шуд. Яке аз чунин муассисаҳои озмоишгоҳии мамлакат, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёду рушд ёфт, Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” мебошад. Он 28 апрели соли 2017 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки “Шифобахш” (Қарияи боло) дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид. Дар озмоишгоҳи сеошёна шароити мусоиди корӣ фароҳам шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд,ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ баҷо оварда шаванд.

Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба як қатор муваффақият ва дастовардҳои беназири соҳавии на танҳодохиливу минтақавӣ, балки сатҳи байналмилалӣ низ шарафёб гашт.

Аз ҷумла, соли 2023 Озмоишгоҳи миллии референсиро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуд. Ҳамчунин, муассиса дар барномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии Ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, баҳогузории 100% ва сертификат гирифт. Ҳамзамон, озмоишгоҳи бактериологии муассисаи мазкур дар арзёбии берунаи сифат барои санҷиши ҳассосияти зиддимикробӣ, ки аз ҷониби Шабакаи назорати эпидемиологии муқовимати зиддимикробӣ дар Осиёи Миёна ва Аврупо (CAESAR) дар ҳамкорӣ бо Хадамоти миллии арзёбии сифат дар Британияи Кабир ба воситаи СУТ дар соли 2023 гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва сертификати гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаммонандкунии микроорганизмҳо ва ҳассосият ба антибиотикҳо шуд.

Моҳи апрели соли 2026 бошад, боз як комёбии барҷаста ба даст омад: МД “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” аз ҷониби СУТ ҳамчун Маркази ҳамкории ин созмон аз рӯи системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо шуъбаи арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ эътироф гардид.

Додани мақоми Маркази ҳамкории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ-ин эътирофи байналмилалии касбият ва натиҷаҳои устувори лабораторияи миллии кишвар ва инчунин қадами муҳим барои таҳкими минбаъдаи системаи идоракунии сифати озмоишгоҳҳо мебошад.

Ҳамчун аввалин Маркази ҳамкории СУТ дар минтақа эътироф гаштани Озмоишгоҳи миллии референсӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавассути омӯзиш ва машварати мутахассисон, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва дастгирии лабораторияҳо ба рушди онҳо мусоидат хоҳад кард.

Ба хотири рушди технологияи озмоишгоҳҳои клиникӣ, биокимиёӣ, бактериологӣ, вирусологӣ, иммунологии муассиса доир ба ташхисҳои озмоишгоҳӣ, корбасти усулҳои муосири ташхис пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла дар озмоишгоҳи вирусологӣ бо кӯмаки башардӯстонаи ширкати Bieksen (Туркия) дастгоҳ барои экстраксияи кислотаҳои нуклеин аз силсилаи Zybio EXM 3000, дар маҷмӯъ амплификатори MIC PCR IVD мавриди истифода қарор гирифт.

Мавриди таъкид аст, ки тавассути шӯъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқотӣ) Озмоишгоҳи миллии референсӣ пайваста дар муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ сурат гирифта, кори онҳо таҳлилу баррасӣ карда мешавад.

Дар давоми соли 2025 аз тарафи озмоишгоҳҳои муассиса ба зиёда аз 32 ҳазор ниёзманд наздики 145 ҳазор ташхисҳои гуногун гузаронида шуд. Аз ҷумла, биокимиёвӣ – 79818, клиникӣ — 34679, вирусологӣ – 20180, иммунологӣ 6348 ташхис.

Дигар рукни муҳими фаъо-лияти муассиса дастгирии доимии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, порсол ба 1828 маъюб, шахси камбизоат ва дигар нафарони гурӯҳи осебпазир ба маблағи 123 ҳазор сомонӣ 7070 ташхиси ройгон гузаронда шуд. Ин амали хайр дар Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”-и ноҳияи Варзоб низ анҷом дода шуд. Дар нимсолаи аввали соли равон бошад, 81593 ташхис ба 15865 ниёзманд гузаронида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст. Дар шаш моҳи сипаригашта теъдоди ташхиси ройгон ба гурӯҳҳои осебпазир низ афзуд: мутаносибат 770 нафар ва 4041 ташхис.

Падидаи муҳиме, ки махсус зикр кардан ҷоиз аст, моҳи феврал ба вуқуъ пайваст: Озмоишгоҳи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пайваст шуд. Гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳо тавассути низоми ягона аз 1 январи соли 2027 сурат мегирад.

Рақамисозӣ, ки аз муҳимтарин дастовардҳои технологияи ҷаҳонист, дар ташкили кори мо низ марҳилаи сифатан нав хоҳад шуд. Айни замон дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ 81 корманд, аз ҷумла доктору номзади илм, 16 Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ фаъолияти пурсамар доранд. Ин неруи бузург аст ва бо дилпурӣ метавон гуфт, ки Озмоиш-гоҳи миллии референсӣ минбаъд низ дар рушди соҳаи озмоишгоҳии Тоҷикистон, шӯҳрати байналмилалии тибби тоҷик, ҳамчунин ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа нақши бориз хоҳад гузошт.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамкасбони азизро бо Иди табибон ва Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоям. Саломату сарафроз бошед!

Мақолаи гузашта

В Индии родился мальчик с четырьмя руками и ногами

Мақолаи навбатӣ

Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳадаф-рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Симпозиуми байналмилалии «Таҳкими анатомияи патологӣ дар соҳаи онкология» баргузор шуд

Симпозиуми байналмилалии «Таҳкими анатомияи патологӣ дар соҳаи онкология» баргузор шуд

15.10.2026
Мизи мудаввар оид ба татбиқи «Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»

Мизи мудаввар оид ба татбиқи «Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон»

14.10.2026
Аввалин маротиба гузоштани стент-графт дар шоҳраги қафаси сина

Аввалин маротиба гузоштани стент-графт дар шоҳраги қафаси сина

14.10.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ