Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 ба фаъолият оғоз намуда, яке аз лоиҳаҳои муваффақ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа аз такмили сифату дастрасии хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ, асосан “Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият” (МАНФ) ва такмили заминаи моддию техникӣ, инчунин, иқтидори кадрии муассисаҳои КАТС иборат мебошад.Қисмати якуми лоиҳа аллакай ба анҷом расида, пардохти маблағҳо дар асоси натиҷаи фаъолиятро дар бар мегирифт, ки зиёда аз 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин пардохтҳо ба беш аз 4700 нафар корманди тиб, бо назардошти фаъолияташон дастрас карда шуд.
Қисмати якуми лоиҳа аллакай ба анҷом расида, пардохти маблағҳо дар асоси натиҷаи фаъолиятро дар бар мегирифт, ки зиёда аз 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин пардохтҳо ба беш аз 4700 нафар корманди тиб, бо назардошти фаъолияташон дастрас карда шуд.
Қисмати дуюми лоиҳа бошад, барои пурзӯр намудани иқтидори муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ равона карда шудааст.
Айни замон дар доираи он корҳои зиёди сохтмонӣ, таъмиру тармим ва таъминот бо таҷҳизоту нақлиёт анҷом дода мешаванд.
-Лоиҳа дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияи таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои Файзободу Дарвоз амалӣ карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки дар даври дуюми лоиҳа 6 ноҳияи дигар илова карда шуданд, ки инҳо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Кӯшониён, А. Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Зафаробод ва Дарвоз мебошанд. Дар ин шаҳру навоҳӣ 38 маркази саломатии деҳот бояд таъмир карда шаванд, ки аз ин 24-тояш аллакай тармим гардида, бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Муассисаҳои боқимонда бояд дар нимсолаи аввали соли 2023 таъмир ва бо таҷҳизот таъмин гарданд. Ҳамчунин, 38 маркази саломатии деҳот дар ин шаҳру ноҳияҳо танҳо бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, — иттилоъ дод ба мо Фотима Ғоибова, мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи Лоиҳаи мазкур.
Бояд гуфт, ки барои рушди соҳа аз тарафи лоиҳа дар даври дуюми маблағгузорӣ 15 адад мошини ёрии таъҷилӣ ба ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас гардида, барои рушди фаъолияти МД “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” 2 адад мошини махсус (барои интиқоли ваксинаҳо бо ҳарорати минуса) харидорӣ шуд. 16 мошини сабукрави дигар барои сарпарастон ва ду адад мошин барои гузаронидани верификатсияи босифат ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ харидорӣ гардид, — гуфт Ф. Ғоибова.
Айни замон, дар 36 муассисаи тиббии 6 ноҳияи нав ба лоиҳа воридшуда корҳои таъмирӣ ба нақша гирифта шуда, таҷҳизоти тиббӣ барои 76 маркази саломатии деҳот харидорӣ карда шудааст, ки ба онҳо дастрас шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки ин муассисаҳо ба 350 913 нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) оид ба сифати хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ даврҳои гуногуни омузишӣ оид ба ихтисоси тибби оилавӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Аз аввали амалисозии Лоиҳа 3808 нафар кормандони тиббии сатҳи аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо даврҳои омӯзишӣ 6 — моҳа, муттасил ва кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуданд. Беш аз 7700 нафар аз даврҳои омӯзиши компютерӣ ва асосҳои маблағгузорӣ гузаштанд.
Бояд зикр намуд, ки Лоиҳа дар доираи расонидани кӯмаки техникӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ва такмил додани «Маҷмӯи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморон дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» (нашри 3 ва 4) ва чопи 21760 нусха ҳуҷҷати мазкурро дастгирӣ намуд. Инчунин, нашри дастурамалҳо оид ба МАНФ, “Дастурамали ташрифи хонаводаҳо” ва дигар маводи заруриро ба роҳ монд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Лоиҳаи мазкур бо мақсади пешгирӣ аз бемории COVID-19 188 маркази саломатии деҳотро бо 315 адад пулсоксиметр ва 315 адад термометри фосилавӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, 638 ноутбук, 556 планшет, 318 принтер ва 180 адад модем харидорӣ ва ба ноҳияҳо тақсим карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки барои шинос шудан аз ҷараёни амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ба наздикӣ намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ Аксел фон Тротсенбург — директори идоракунандаи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба амалиёт, Анна Берде — ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи марказӣ, Татяна Прскурякова — директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Осиёи марказӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд, ки онҳоро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, менеҷери лоиҳа Баҳодур Холназаров, инчунин, доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо ва шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори КАТС дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатии деҳот “Дубеда” ва “Орифон” сохта, ба истифода дода шуда, ҳар ду муассиса бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Ғайр аз ин, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизмат — расониҳои тиббӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Файзобод аз ҷониби лоиҳа як адад автомашина барои гузаронидани назорати сарпарастӣ, таҷҳизоти тиббӣ барои ду адад МСД-и сохташуда ва ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, таҷҳизоти тиббӣ барои 11 МСД-и амалкунанда ва 26 бунгоҳи саломатӣ, мебели тиббӣ барои МСД-и сохташуда, таҷҳизоти компютерӣ, борхалтаҳои тиббӣ ба миқдори 275 адад, таҷҳизоти зарурии занҷираи хунукӣ барои нигоҳдорӣ ва нақли ваксинаҳо, генератор барои таъминоти муттасили барқ ба муассисаи сохташудаи МСД «Орифон» харидорӣ шуданд.
Маҷаллаи “Даво”



