• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Аввалин маротиба: Пайванди ҷигар дар кӯдаки 2 сола

от user
в Хабарҳо
0

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.

Атрезияи талхадон ҳолате мебошад, ки роҳҳои талхабароре, ки аз дохили ҷигар самти руда меоянд, модарзодӣ вуҷуд надоранд. Бинобар ин, дар синни 6 моҳагӣ ба ин бемор ҷарроҳии казоӣ барои як муддат ва вазн гирифтан гузаронида шуд.

Исмоилзода Саидмаҳмуд Саидмаҳмад, директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мегуяд, дар бемороне, ки вазни хурд доранд, аз онҳо асосан сегментҳои дуюм ва сеюми ҷигар гирифтаву пайванд карда мешаванд, вале бинобар сабабе, ки бемор вазни хурд, яъне 8кг дошт ва боз қариб аз шиками ӯ як литр моеи озод гирифта шуд, вазнаш то 7 кг баробар буд, ба ӯ сегменти сеюми ҳиссаи чапи ҷигар гирифта ва пайванд карда шуд.

Мутахассисони марказ иброз медоранд, ки чунин пайванд ҳам мушкилоти техникӣ ва ҳам мушкилоти баъдипайвандӣ дорад. Чунки шараёне, ки ду қисм тақсим намуда, аз он як сегмент гирифта мешавад, рагҳои шараёниаш хеле хурд мебошанд, ки ҳаёти бемор аз онҳо вобаста мебошад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, зиёда аз 50 намуд бемороне ҳастанд, ки онҳо дар кӯдакон хусусияти модарзодӣ дошта, ниёз ба пайвандсозӣ доранд. Аммо дар кӯдакони дорои вазни аз 8кг поён мушкилотҳои баъдипайвандӣ вуҷуд доранд, ки ҳар як миллилитр, ҳар як миллиграмм доруҳое, ки чаконида мешаванд, ба вазн, ҳолат ва ба ташхисҳои бемор вобастагии амиқ дошта, пайваста бояд зери назорат қарор дода шаванд.

Фаррухрузӣ Насруллозода, мудири шуъбаи пайванди ҷигар ва фишорбаландии порталии Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” иброз медорад, ки то имрӯз 90-95 фоизи пайвандшудаҳо дар ин марказ калонсолон ва танҳо 5-10 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди узв аз донори зинда анҷом дода мешавад, ки ин кори бениҳоят душвор барои мутахассисони соҳа ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар кудаконе, ки синни кам доранд, анҷом додани пайванд аз лиҳози техникӣ душвор мебошад”,-мегуяд ӯ.

Хушбахтона, давоми солҳои охир табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои гуногуни олам дар соҳаи пайвандсозӣ аз курсҳои бозомӯзӣ ва даврҳои омӯзишӣ гузашта, донишу малака ва таҷрибаи касбии худро баланд бардоштаву акнун мустақилона дар Ватани азизамон чунин амалиётҳои мураккаби пайвандро анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки пайванди ҷигар аз донори зинда ба зинда дар соҳаи тибби ҷаҳон хеле мушкил мебошад. Аз ҳамин сабаб дар кишварҳое, ки илми тиббашон хеле пеш рафтааст, пайванди маргимағзӣ, яъне аз донорҳои фавтида анҷом дода мешаванд, ки ин ҳолат нисбат ба донорҳои зинда аз лиҳози техникӣ барои табибон осонтар мебошад.

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар як қатор кишварҳои мусалмонӣ пайвандсозии узв ба беморон аз донорҳои маргимағзӣ, яъне нафарони фавтида гузаронида мешавад

Мақолаи гузашта

Заъфи мушакҳо: кадом гиёҳҳо кӯмак мекунанд?

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Аввалин маротиба: Пайванди ҷигар дар кӯдаки 2 сола

Аввалин маротиба: Пайванди ҷигар дар кӯдаки 2 сола

02.10.2026
Заъфи мушакҳо: кадом гиёҳҳо кӯмак мекунанд?

Заъфи мушакҳо: кадом гиёҳҳо кӯмак мекунанд?

01.10.2026
Ринити аллергӣ. Ё мавсими бодигардӣ чӣ мушкилот дораду чӣ бояд кард

Ринити аллергӣ. Ё мавсими бодигардӣ чӣ мушкилот дораду чӣ бояд кард

30.09.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ