
Заъфи (атрофияи) мушак бемории ҷиддие мебошад, ки аксар вақт аз тарзи ҳаёти камҳаракат сар мезанад. Аломати асосии ин беморӣ зудхасташавӣ ва камшавии фаъолияти ҷисмонӣ мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо заъфи мушак натиҷаи норасоии калтсий дар организм аст. Барои беҳтар кардани ин ҳолат бояд маҳсулоти дорои калтсийи органикӣ истеъмол кард, ки дар бисёр доруҳо нест ва дар шумораи ками маҳсулоти ғизоӣ вуҷуд дорад.
— Шаш дона тухми мурғро шуста, ба зарфи шишагӣ гузоред. Даҳ дона лимуро фишурда, обашро ба болои тухмҳо резед. Даҳони зарфи шишагиро бо дока бандед. Зарфро бо коғази ношаффоф печонида, дар ҷойи салқин 5–8 рўз гузоред. Баъд аз ин, таркиби зарфро берун оваред ва 300 грамм асалро ба он омехта кунед. Пас аз иҷрои ин амалҳо давои ҳосилшударо рўзе 3 маротиба як қошуқӣ истеъмол кунед.
— Дамкардаи гиёҳӣ аз воситаҳои маъмули тибби мардумӣ барои табобати ин беморӣ мебошад. Барои тайёр кардани он 100 граммӣ решаи лух (аир), мармарак (шалфей), зағирпоя, пӯпаки ҷуворӣ ва роҳдавак (спорыш) лозим аст. Се қошуқӣ омехтаи гиёҳҳои майдакардашударо ба термос гузошта, ба болояшон оби ҷўш резед. Омехтаро то субҳ гузоред. Субҳ дамкардаро соф кунед. Моеи тайёрро ба чор қисм ҷудо карда, 50 — 60 дақиқа пеш аз хўрок истеъмол кунед.
— Кваси бомус (сулӣ, овёс) нўшокии болаззат ва хушсифат мебошад, бинобар ин онро метавон тамоми сол истеъмол кард. Тарзи тайёр кардани он чунин аст: донаи шустаи бомусро (бо парда, вале бе пўстлохи сахт) ба зарфи селитраи аз оби тозашуда пур андозед. Ба зарф як қошуқча кислотаи лимў ва се қошуқ шакар илова кунед. Моеи ҳосилшударо барои дам хўрдан гузоред.
Ғайр аз кваси овёс истеъмоли навъҳои гуногуни шавла (каша)-и ғалладонагӣ, масалан, марҷумак низ тавсия дода мешавад.
— Ҷорўбчаҳои қамиш яке аз воситаҳои маъруфи тибби мардумӣ ба ҳисоб мераванд. Онро аз моҳи октябр то моҳи май ҷамъоварӣ карда, баъд истифода мебаранд. Барои тайёр кардани даво ду ҷорўбчаи қамишро ба оби ҷўш рехта, 45 дақиқа ҷўшондан лозим аст. Баъд онҳоро ба дасту пой гузошта, бо банди махсус ба бадан маҳкам мекунанд ва бо латтаи гарм мепечонанд.
— Пўчоқи ҳар гуна сабзавот (сабзӣ, шалғам, лаблабу) — ро ҷамъ карда, дар 4-5 литр об ҷўшонед. Пеш аз он ба об 20 қатра йод ва як қошуқ намак илова кунед. Вақте ки ҳарорати об ба дараҷаи мувофиқ мерасад, дастҳоро ба он гузошта, тақрибан 12 дақиқа нигоҳ доред. Баъд дастҳоро бо сачоқи гарм печонед.
ЭЗОҲ: Азбаски заъфи мушакҳо метавонад сабабҳои гуногун дошта бошад, тавсияҳои дар боло оварда набояд ҷойгузини ташхис ва табобати духтур ҳисобида шаванд. Махсусан, истеъмоли калтсий, йод ё дигар воситаҳо бояд бо мутахассис мувофиқа карда шавад.
— Агар гоҳ-гоҳ карахтӣ ё беҳаракат шудани дасту пойҳо ба вуҷуд ояд, метавон аз қиёми сирпиёз (чеснок) истифода бурд. Онро чунин омода мекунанд:
Сеяки зарфи нимлитраро бо сирпиёзи кўфташуда пур кардан лозим аст. Қисми боқимондаи зарфро бо спирти муқаттар пур мекунанд. Сипас моеи ҳосилшударо дар ҷойи салқин барои 14 рўз мегузоранд ва онро гоҳ-гоҳ такон медиҳанд. Дар натиҷа, қиёми сирпиёз ҳосил мешавад, ки онро рўзе се маротиба истеъмол кардан мумкин аст. Як бори истеъмол кардан 5 қатра буда, онро бо як қошуқча об омехта мекунанд.
ТАВСИЯҲОИ УМУМӢ БАРОИ БЕМОРОН
— Фаъолияти ҷисмониро мунтазам нигоҳ доред.
— Аз камҳаракатӣ ва муддати дароз беҳаракат мондан худдорӣ кунед.
— Вазн ва ғизои худро назорат кунед.
— Мунтазам аз муоина гузаред ва ба духтури табобаткунанда муроҷиат кунед.
— Курси таъиншудаи табобат ва барномаи барқарорсозиро риоя кунед.
ТАВАҶҶЎҲ! Бе муоина дар беморхона ё бидуни машварати муфассал бо духтур аз воситаҳои халқӣ истифода бурдан мумкин нест. Бе машварати тиббӣ усулҳои халқӣ метавонанд танҳо зарар расонанд. Беҳтарин роҳи табобати атрофияи мушакҳо табобати комплексӣ мебошад. Инро фаромўш накунед!



