
Барангезандаи бемориҳои илтиҳоби гурдаҳо (пиелонефрит) ва пешобдон (систит) гуногун буда, бештари ҳолатҳо онҳо тавассути хун (роҳи гематогенӣ) ба гурдаҳо рафта, раванди илтиҳобро ба амал меоранд.
САБАБҲОЕ, КИ БЕШТАР ВОМЕХӮРАНД, ИНҲОЯНД:
1) мавҷудияти манбаи илтиҳобӣ дар организм (илтиҳоби бодомакҳо-тонзилит, илтиҳоби ҷавфҳои ҷоғу рӯй-гайморит, синусит, илтиҳоби роҳҳои нафас ва шушҳо, илтиҳоби системаи ҳозима -энтероколитҳо ва ғайра),
2) сармохӯрӣ;
3) нуқсҳои инкишофи гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав;
4) сангҳои гурда ва роҳҳои пешобрав;
5) ҷинсият (баъзе хусусиятҳои хоси сохти анатомии организм);
6) ҳомиладорӣ (дар баъзе занҳо ҳомиладорӣ низ сабаби илтиҳоби гурдаҳо мегардад).
Нишонаи аввалини ин бемориҳо дард ё халадарди гурда мебошад. Он дар қисмати камар ва дар мавзеи гурдаҳо пайдо шуда, метавонад ин дард шадид ё кунди ногувор бошад. Дигар нишонаҳо:
-пайдошавии хун дар пешоб (гематурия);
-зуд-зуд пешобравӣ;
-камшавии миқдори пешоб;
-сӯзиши роҳҳои пешобрав ҳангоми пешобкунӣ;
-баъзан ҳарорати баланд;
-нооромӣ, бетоқатӣ ва ғайра.
Чораҳо барои солим нигоҳ доштани гурдаҳо:
-интихоби тарзи ҳаёти солим;
-худдорӣ аз нӯшидани моеъҳои ниҳоят хунук ва обҳои рангдор;
-худдорӣ аз истеъмоли зиёди маҳсулоти гӯштӣ, ғизои шӯр, хӯрокҳои зудпаз (фастфуд);
-ба қадри кофӣ истеъмол намудани моеҳо (дар шабонарӯз 2,5-3 литр).
-ҳар шаш моҳ гузаштан аз ташхису муоина.
Тибқи омори солҳои охир теъдоди касоне, ки аз бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб ранҷ мебаранд, сол то сол бештар мешавад.
Ин ба тағйирёбии иқлим ва норасоии миқдори кофии моеъ дар бадан вобастагии зич дорад.
ИН РАВАНД ЧӢ ТАВР СУРАТ МЕГИРАД?
Ҳангоми баландшавии ҳарорати ҳаво (аз 30 дараҷа боло), гармии зиёд ба пӯст таъсир карда, ғадудҳои арақбарор фаъол мегарданд.
Дар натиҷаи зиёд арақ кардан (гипергидроз) моеҳои организм, аз қабили намакҳо, витаминҳо ва минералҳо ба миқдори зиёд аз организм хориҷ мешаванд ва организм камоб (дегидротатсия) мегардад. Ҳамчунин, миқдори нафаскашӣ зиёд гардида, ин низ оби баданро берун мебарад ва он камоб мешавад.
Ғайр аз ин, дар гармо миқдори бактерия ва уфунатҳо афзоиш ёфта, ба воситаи истеъмоли обу сабзавот ва меваҳо он ба организм ворид шуда, кори системаи ҳозимаро вайрон мекунад, ки дар пайи он бемориҳои уфунии дастгоҳи меъдаву рӯда, аз қабили исҳол ба амал меоянд. Дар ин маврид ҳам обу электролитҳо аз бадан шуста мешаванду организм дучори камобӣ мегардад.
Инчунин, ашхосе ҳастанд, ки дар муҳити кушод ё дар саҳро кору фаъолият мекунанд, аз қабили деҳқонон, роҳсозон, кӯҳнавардон, ронандагон, ки ба гурӯҳи хатар дохил мешаванд. Бояд гуфт, ки мушкили мазкур дар атфол хеле кам ба мушоҳида мерасад.
МЕХАНИЗМ Ё РАВАНДИ ПАЙДОИШИ САНГ ДАР ГУРДАҲО
Бар асари камобшавии организм, хун то андозае кам ва ғафс мешавад, ки дар натиҷа гардиш ва полоиш (филтрасия)-и он дар гурдаҳо суст гашта, ғилзат (консентратсия)-и пешоб афзуда, раванди булӯршавии (кристализатсияи) пешоб оғоз меёбад (ҷамъшавӣ ва ба ҳамдигар часпиши намакҳои таркиби пешоб). Дар сурати барқарор накардани моеи талафёфта ё барқарор накардани ҳаҷми хуни бадан, ин раванд торафт қувват мегирад ва булӯрҳо ба якдигар ҷазб шуда, ядрои сангро ташкил мекунанд. Дар натиҷа, булӯрҳои дигар низ ба ядрои санг часпида, сангҳо торафт бузургтар шудан мегиранд.
Сипас, дар пайи пайдоиши сангҳо дигар ихтилолҳо дар гурда ва роҳҳои пешоб сар мезанад. Бояд ҳушдор дод, ки ин ҳодисаи кимиёӣ дар ҷисми шахсоне, ки гурдаҳои онҳо сангсозанд, зудтар ҷараён мегирад!
РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАЙДОИШИ САНГ
Барои ин, хусусан, дар фасли гармо дар як шабонарӯз 2-3 литр моеъ бояд нӯшид, то ки оби талафшуда барқарор ва аз пайдоиши санг дар гурдаҳо ҷилавгирӣ шавад.
Тарзи дурусти истеъмоли ғизо низ метавонад сабаби пешгирӣ аз раванди сангҳосилшавӣ гардад. Аз ҷумла, истеъмоли барзиёди маҳсулоти гуштӣ, донагиҳои полезӣ, шоколад ва каҳваи сиёҳ тавсия дода намешавад. Чунки дар натиҷаи хӯрдани ин маҳсулот муҳити пешоб асид пайдо карда, раванди сангҳосилшавиро метезонад. Муҳити пешоб (рН) бояд дар ҳудуди аз 6,0 то 7,0 қарор дошта бошад. Шахсоне, ки гурдаҳояшон сангсозанд, бояд дар фасли гармо ҳар моҳ аз муоинаи уролог гузаранд ва зери назорат бошанд, то ки аз сангҳосилшавии бармаҳал ҷилавгирӣ кунанд.
Дар хотир дошта бошед: тарзи ҳаёти солим аз ҳама гуна беморӣ пешгирӣ мекунад!
Умар АЗИЗОВ,
урологи Бемористони ибни Сино


