• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Беморхонаи байналмилалии Душанбе ифтитоҳ шуд

от user
в Хабарҳо
0
13-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳазанд.
Муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд. Оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.
Худкорсозии равандҳо, усулҳои муносиби пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои муосир робита бо беморон ва расмиёти маъмуриро коҳиш дода, ба кормандони тиб имкон медиҳанд, то вақти бештари худро ба муҳимтарин масъала, яъне барқарорсозии саломатии инсон равона созанд.
Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии бо иқтидори 3 Тесла мавқеи махсус дорад.
Ҳамчунин, беморхона дорои дастгоҳи ангиографӣ барои ташхису муолиҷаи бемориҳои рагҳои хунгард, маммографияи рақамии сеандоза ва таҷҳизоти муосири рентгенӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки имкониятҳои техникии муассиса барои анҷом додани таҳқиқоти мураккаби тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, дар беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи махсуси чек ап (сheck-up)низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳоднамуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозиисаривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, дар беморхона барои фароҳам овардани шароитибудубоши беморон ва кормандон ошхона бо 150 ва маҷлисгоҳ бо80 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Беморхонаи байналмилалии Душанбе дар баробари хизматрасониҳои муосири тиббӣ, барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон ҳамчун маркази илмӣ ва таълимӣ рушд намуда, фароҳам овардани замина барои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тиббӣ ба интиқоли таҷрибаи байналмилалӣ, рушди кадрҳои ватанӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки акнун бо бунёду ба истифода додани Беморхонаи байналмилалии Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар нарафта, дар ин ҷо пурра аз ташхису табобати босифат мегузаранд. Мавҷуд будани таҷҳизоти муосиру мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ба ин кор имкон медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншооти нав, риояи меъёрҳои байналмилалии хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба саломатии шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тиббӣ дар пойтахти кишвар дар роҳи таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ қадами муҳим ба шумор меравад.
Мақолаи гузашта

Парҳез асли давои ин беморист

Мақолаи навбатӣ

Беморхонаи Разавӣ: тибби муосир дар Машҳад

user

user

Мақолаи навбатӣ
Беморхонаи Разавӣ: тибби муосир дар Машҳад

Беморхонаи Разавӣ: тибби муосир дар Машҳад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Конференсияи байналмилалии «Таълими симулятсионӣ дар тиб» баргузор гардид

Конференсияи байналмилалии «Таълими симулятсионӣ дар тиб» баргузор гардид

18.11.2026
Ғуломқодир Бобизода: Истеҳсолот танҳо бо илм пеш меравад

Ғуломқодир Бобизода: Истеҳсолот танҳо бо илм пеш меравад

17.11.2026
Аз ҳорӣ ва ботулизм худро эҳтиёт намоед

Аз ҳорӣ ва ботулизм худро эҳтиёт намоед

16.11.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ