• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Беморхонаи Разавӣ: тибби муосир дар Машҳад

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

 Моҳи сентябри соли равон яке аз муассисаи бузурги тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон -Беморхонаи Разавӣ, бори аввал дар Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе – 2026 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) иштирок кард. Ҳузури ин муассисаи тиббӣ дар пойтахти Тоҷикистон барои муаррифии имкониятҳои табобату ташхис ва густариши ҳамкориҳои тиббӣ миёни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Беморхонаи Разавӣ соли 2005 дар ҳудуди тақрибан 40 гектар бунёд ёфта, қисми зиёди ин ҳудуд ба фазои сабз бахшида шудааст, ки ҳадаф аз он фароҳам овардани муҳити ором ва муносиб барои беморон ва ҳамроҳони онҳо будааст.

Қисмати дуюми беморхона соли 2013 ба истифода дода шудааст. Ба гуфтаи масъулони беморхона, Разавӣ ҳамчун беморхонаи бисёрсоҳа барои бемориҳои гуногун хизмат мерасонад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ мебошад. Дар ин муассиса аз имконияти тибби ҳастаӣ ва радиотерапия истифода шуда, истеҳсоли радиодоруҳо низ ба роҳ монда шудааст.

Мудири умуроти Беморхонаи Разавӣ Саид Аскарзода мегӯяд:

— Бемористони Разавӣ аз беҳтарин бемористонҳои Эрон ба шумор рафта, яке аз бартариҳояш дар он аст, ки беморон метавонанд марҳилаҳои гуногуни ташхис ва табобатро дар дохили як маҷмаа анҷом диҳанд.

Самти дигари муҳими фаъолияти Беморхонаи Разавӣ табобати безурётӣ мебошад. Моҳи майи соли 2024 дар ин ҷо маркази махсуси табобати безурётӣ зери унвони «Башарӣ» ба фаъолият оғоз намуд, ки аз марказҳои бузурги тахассусӣ дар шарқи Эрон ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи Саид Аскарзода, ин бахш аз кишварҳои гуногун беморони зиёдеро қабул мекунад. Дарбеморхона бахши махсуси беморони байналмилалӣ фаъолият мекунанд, ки дар он тарҷумонҳо ба забонҳои гуногун ба беморон хизмат мерасонанд. Ин имкон медиҳад, ки бемор аз лаҳзаи ворид шудан ба муассиса то анҷоми табобат бо дастгирии кормандони масъул ва тарҷумон қарор дошта бошад.

Барои ҳамроҳони беморон низ шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Дар баъзе бахшҳо утоқҳои махсуси дорои шароити иқомат барои бемор ва наздикони ӯ пешбинӣ шудаанд.

Ҳузури Беморхонаи Разавӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе метавонад ба таҳкими робитаҳои тиббии Тоҷикистон ва Эрон мусоидат кунад. Машҳад барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун шаҳри зиёратӣ ва чун яке аз марказҳои муҳими тиббии Эрон боиси таваҷҷуҳ аст.

Саид Аскарзода дар суҳбат бо мо аз нақшаҳои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон низ ёдовар шуд:

-Мо тасмим гирифтаем, ки дар шаҳри Душанбе як дафтари намояндагӣ боз кунем, ба хотири ин ки беморон ва азизоне, ки мехоҳанд муроҷиат кунанд, дучори саргардонӣ нашаванд.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси намояндагӣ метавонад барои беморони тоҷик дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ, машварат ва ташкили раванди муроҷиат ба беморхонаро осонтар созад.

Беморхонаи Разавӣ ҳамзамон ба рушди илм, тадқиқоти тиббӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав таваҷҷуҳ дорад. Баргузории конгрессҳо, конференсияҳои байналмилалӣ ва семинарҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи самтҳои фаъолияти он мебошад. Дар муассиса истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ташхис ва беҳсозии равандҳои табобат низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар солҳои фаъолияти худ беморхона ба стандартҳои баланди сифат низ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, Беморхонаи Разавӣ солҳои 2013 ва 2015 аз Accreditation Canada International сертификатҳои платинӣ ва алмосӣ гирифтааст.

Ҳамин тавр, иштироки нахустини Беморхонаи Разавӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе на танҳо як муаррифии муасси-саи тиббии хориҷӣ, балки имкони шиносоии наздиктар бо таҷрибаи муосири тиббӣ ва заминаи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Барои беморони тоҷик бошад, чунин ҳамкориҳо метавонанд роҳҳои нави дастрасӣ ба ташхис ва табобати махсусгардонидаро боз кунанд.

С. АМИНИЁН, “Даво”

Мақолаи гузашта

Парҳез асли давои ин беморист

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Беморхонаи Разавӣ: тибби муосир дар Машҳад

Беморхонаи Разавӣ: тибби муосир дар Машҳад

13.11.2026
Парҳез асли давои ин беморист

Парҳез асли давои ин беморист

12.11.2026
Диабети қанд: сабки дигари зиндагӣ мебояд

Диабети қанд: сабки дигари зиндагӣ мебояд

11.11.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ