
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлати ба мо дӯст ва бародари Эрон рӯз то рӯз густариш меёбанд ва ин робитаҳо бо барҳам хӯрдани раводид (виза) итминон дорем, ки дучанд хоҳанд гашт.
Яке аз бахшҳои ҳамкории ду кишвар соҳаи дорусозӣ буда, дар ин замина ширкати дорусозии “Хоразмӣ”-и Эрон дар Тоҷикистон пештоз аст. Аллакай 10 сол мешавад, ки доруҳои беҳтарини ин ширкат дар кишвари мо харидорони зиёд дорад. Намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон ҶСП “Томирис” буда, маҳз тавассути он доруҳои “Хоразмӣ” ба бозори фармасевтии кишвари мо роҳ ёфтаанд.
Доктор Комбиз Юсуфӣ, роҳбари фурӯши содиротии ширкати дорусозии “Хоразмӣ” дар семинари илмӣ-омӯзишие, ки ба наздикӣ таҳти унвони “Тавозуни қанди хун: боз дар ҳудуди меъёр” дар Душанбе баргузор
гардид, оид ба ширкат ва маҳсулоти он баромад намуда, чунин гуфт: Ширкати холдингии дорусозии “Хоразмӣ” яке аз пешгомони соҳаи дорусозии Эрон буда, бештар аз 400 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд ва 63 сол аст, ки дар бозори фармасевтӣ фаъолият дорад.
Бояд гуфт, ки яке аз бахшҳои вижаи маҳсулоти ин ширкатро доруҳо барои беморони диабети қанд ташкил медиҳанд, зеро яке аз стратегияи муҳими ширкати мазкур маҳз ба пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ бахшида шудааст. Аз он ки сол аз сол бемории диабети қанд дар ҷаҳон густариш меёбад ва “ҷавон” шудан
дорад, маъмурияти ширкати “Хо-размӣ” ҳам мехоҳанд дар ҳамкорӣ бо табибон дар пешгирӣ ва муолиҷаи он саҳм бигиранд. Хушбахтона, дар ин замина робитаҳо ва барномаҳои ҷолиберо ширкат рӯйи кор гирифтааст, ки яке аз онҳо таъсиси лоиҳаи “1100 клиникаи диабет” ва доир намудани семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ барои табибон мебошад.
Озода Некниҳод, мудири рушди содироти ширкати дорусозии “Хоразмӣ” дар сӯҳбат бо хабарнигори маҷаллаи “Даво” оид ба фаъолияти ширкат ҳарф зада, изҳор намуд, ки солҳои охир барои пешгирӣ ва табобати бемории диабети қанд мо қадамҳои устуворе мегузорем. Ҳоло мо барои беморони қанд бо номи
Метформин, линаглиптин ва Эмпаглифлозин доруҳое пешниҳод намудаем, ки ҳолати онҳоро хеле сабук мегардонад. Танҳо масъулияти худи бемор лозим аст, ки аз рӯйи меъёр ва нақша онро истеъмол кунад ва барои беҳбудии худ кӯшиш намояд.
Ҷолибтарин маълумоте, ки дар ин семинар барои табибони тоҷик аз ҳамтоёни эронӣ пешниҳод гардид, лоиҳаи “1100 клиникаи диабет”-ӣ буд. Доктор Абдулризо Маъдӣ ва доктор Амир Муҳаммад Олумӣ ин бар-
номаро, ки дар Эрон барои дарёфт ва муолиҷаи беморони диабет роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин шабака барои тавонмандсозии табибон ва нигоҳубини мунтазами беморон пешбинӣ
гардидааст.
-Ду имконияти калидӣ мавҷуд аст: ташхиси барвақт ва нигоҳубини мунтазам. Ба ҷуз аз ёфтани беморӣ масъалаи асосӣ расонидани бемор аз ташхис то назорат аст, зеро нигоҳубини диабет як раванди дарозмуддат аст, — мегӯяд доктор Абдулризо Маъдӣ. Стресс ва изтироб асли сабаби гирифторӣ ба ин беморист. Аз ин рӯ, тағйири сабки зиндагӣ, рафтор ва маърифати тиббӣ мебояд беморонро,- таъкид медорад ӯ.
Мутеулло Маҷидов, директори ҶСП “Томирис”, дар сӯҳбат бо маҷаллаи “Даво” изҳор намуд, ки азбаски
дар Тоҷикистон низ тамоили зиёдшавии бемории қанд ба мушоҳида мерасад, мо тасмим гирифтем, ки бо ширкати дорусозии “Хоразмӣ” барои табибони тоҷик семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ доир намоем, зеро омӯзиши табибон низ барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ муҳим аст. Бояд онҳо аз навгониҳои усули табобат ва дорувориҳои дар ин самт истеҳсолшаванда огаҳӣ дошта бошанд.
Воқеан, табодули таҷрибаи табибони тоҷику эронӣ боиси рушди ҳамкориҳо буда, дар пайдо намудан ва ба
табобат фаро гирифтани беморони диабети қанд имкониятҳои наверо ба миён меорад.
Б. Дарвешзода


