
Мусоҳиба бо сармутахассиси соҳаи эҳёи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон,
Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Файзалӣ ҶУМЪАЕВ.
— Файзалӣ Талбакович, шумо дар давраҳои мушкили солҳои навадум донишгоҳро хатм кардед. Оё фаъолият дар он айёми душвор шуморо аз касбатон дилхунук накард?
— Ман воқеан, соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, ба шаҳри Қўрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба кор омадам. Ҳам дар беморхонаи шаҳри ва ҳам дар клиникаи вилоятӣ фаъолият намудам. Дар ҳақиқат, он айём, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, кор мушкил буд. Дорую дармон намерасид, амният таъмин набуд. Новобаста ба ин мушкилиҳо бо насиҳати устодонамон ҷойи корро тарк накарда, ба беморон ёрии тиббӣ мерасонидем. Бо сабру таҳаммул душвориҳоро паси сар намуда, ба рўзҳои нек расидем. Алалхусус, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997) умеди мо ба ояндаи нек бештар шуда, сол то сол дар соҳаи тандурустӣ шоҳиди пешравиҳо гардидем. Ваҳдатофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дили мардуми моро шод, Ватанамонро обод ва шефтагони мулки тоҷиконро зиёд гардонд.
— Илми тиб мудом дар пешравӣ аст. Зимни фаъолият ба курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос рафта будед?
— Дуруст гуфтед, илми тиб дар як ҷо намеистад. То ин дам қариб ҳар сол дар чандин семинару конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ ва такмили ихтисос ширкат варзидаам. Чунин чорабиниҳо боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ, табодули таҷриба ва пайдошавии идеяҳои нав мегардад.
— Дар тамузи тобистон ҳолатҳои офтобзанӣ, шикамрав ва қайкунию дилбеҳузуршавӣ зиёд рўй медиҳад. Ҳамчун мутахасиси варзида барои рафъи ҳолатҳои мазкур чӣ тавсия медиҳед?
— Интихоби обу ғизои солим дар ҳифзи саломатӣ нақши муҳим мебозад. Тибқи таҷрибаҳо оби табобатии «ReO» дар барқароршавии эътидоли обу электролит дар организм кумак мерасонад. Алалхусус, зимни шамолхўрӣ, шикамрав (диарея), қайкунӣ, офтобзанӣ, токсикози занони ҳомила, сироятёбии кўдакон нушидани оби табобатии мазкур муфид аст. Таркиби он аз элементҳои барои ҷисми одам зарур, ба монанди калий, магний, натрий, хлор ва калтсий ғанӣ мебошад. Бартарии дигари «ReO» дар он аст, ки таъми гуворо дошта, ҳатто зимни дилбеҳузурӣ низ нўшиданаш ба назар осон менамояд. Дар таркиби он ягон хел консервант, рангҳои ғизоӣ ва карбогидратҳо вуҷуд надоранд.
— Тарзи истифодаи ин об чӣ гуна аст?
— Меъёри як бор нўшиданаш каме беш аз ним истакон (150 мл.) аст. Махсусан, барои касоне, ки аз шикамрав азият мекашанд ва беморони нав ҷарроҳикарда нўшидани оби мазкур манфиати зиёд дорад. Бояд огоҳ кунам, ки агар фишори хун баланд бошад, меъёри обро камтар (100 мл., яъне ним истакон) кардан лозим.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ



