• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Чи тавр метавон 100 сол умр дид?

от user
в Донистан хуб аст
0

Олимони соҳаи тиб чунин меҳисобанд, ки дарозумрӣ ҳамагӣ аз 50% генҳо (ирсият) вобастагӣ дорад. Боқимонда ба тарзи ҳаёти солим, ғизохўрӣ ва ҳолати равонӣ вобаста аст. Алҳол давомнокии миёнаи умри аврупоиҳо то 80 сол, япониҳо 83 сол ва дар Тоҷикистон 71 солро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи олимон дарозумрӣ якчанд омилҳо дорад, ки қарори зайланд.

ХОБИ БАРОҲАТ

Олимони Донишгоҳи Калифорния муайян кардаанд, ки ашхоси дар як шабонарўз 7-8 соат бароҳат мехобида, имкони дурудароз ҷавон монданро доранд. Камхобӣ, алалхусус дурудароз паридани хоб зарарнок буда, боиси стресс, хастагӣ ва афсурдаҳолӣ мегардад. Серхобӣ, яъне зиёда аз 8 соат хобидан низ зарар дошта, боиси дарди сар, сустӣ ва ланҷӣ мегардад.

ЭҶОДКОРӢ

Ба амали шавқоваре, мисли расмкашӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, дўзандагӣ ва дигар шуғле, ки эҷодкорӣ талаб мекунад, машғул шавед. Эҷодкорӣ асабро ором намуда, сатҳи стрессро паст мекунад. Илова бар ин, фаъолнокии зеҳнро тақвият мебахшад, зеро шумо ҳар дафъа назди худ вазифаи муайян мегузоред. Ин ба майна баҳри фаъол будан кўмак мерасонад.

ДУРУСТ ҒИЗО ХЎРДАН

Истеъмоли антиоксидантҳо раванди пиршавиро пешгирӣ мекунанд. Ин моддаҳо дар таркиби карам, сабзӣ, қулфинай, моҳӣ, анор ва чойи сабз зиёданд. Ширинӣ ва чарбро низ кам бояд истеъмол кард, зеро инҳо шарикони фарбеҳшавӣ, диабет ва дигар бемориҳои ҷиддӣ мебошанд, ки раванди пириро метезонанд.

Дар Қуръони Маҷид таъкид шудааст, ки “Бо занон зисти накў намоед”. Оиладории хуб ва муҳаббати тарафайн боиси дарозумрии зану шавҳар мешавад.

Нафақа баромадан маънои дар кунҷи хона хобида, рўз то бегоҳ телевизор тамошо карданро надорад. Ҳар ҳафта, ҳар рўз назди худ мақсаду вазифае гузошта, барои ба он расидан кўшиш кунед. Масалан, буридани шохҳои зиёди дарахтон аз тирамоҳ то баҳор, тайёр намудани замин ба кишту кор, даравидан ё чидани алафҳои бегона аз киштзор, шустани оинаи тирезаҳо, аёдати хешовандон, рафтан назди духтур, кори муздноки иловагӣ (дарс додан, ҳунар омўзонидан ба хоҳишмандон). Фаъолнокӣ яке аз шартҳои асосии дарозумрист. Жекка Колемани фаронсавӣ, ки 122 сол умр дид, дар 85- солагӣ ба машқи камонварӣ шуруъ кард. Баъди 100-солагӣ бошад, бо варзиши велосипедронӣ оғоз намуд. Маҳмуд Айвазови озарбойҷонӣ, ки 152 сол умр дид, то охири умр дар боғу саҳро кор мекард, дар оби хунук оббозӣ намуда, дар ҳавои кушод мехобид. Ў кори ҳаррўзаро яке аз шартҳои асосии дарозумрӣ меҳисобид.

ЁРӢ БА ДИГАРОН Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд, ки дар зиндагӣ ба поёнтар аз худ назар кунед. Яъне, чунин гумон накунед, ки вазъияти шумо вазнин аст, балки аз шумо вазнин будагон низ кам нестанд. Аз ин рў, қадри имкон ба ашхоси ҳолашон вазнин кўмак расонед. Ба он, ки дасти фитодаеро гирифтед, Худованд аз шумо хушнуд хоҳад шуд.

Ҳеҷ гоҳ ба касе ҳасад набаред, ба дил кинаи касеро ҷой надиҳед, бахилӣ накунед. Ашхоси ҳасуд, бахил ва кинагир умри дароз намебинанд

ДИЛКУШОДУ ПУРТАБАССУМ БОШЕД

Муҳаққиқони Донишгоҳи Бостони ИМА миёни 246 нафар ашхоси аз 100-сола боло пурсиш гузарониданд, муайян карданд, ки ҳамаи онҳо ашхоси дилкушод, зиндадил, пуртабассум ва ба оянда хушбин будаанд. Онҳо шўхибардор, зарофатгў ва чеҳракушод буда, озодона гапи дар дил доштаашонро баён мекарданд.

Олимони Донишгоҳи Уэйни иёлоти Мичиган бошанд, муайян карданд, ки ашхоси дарундору ботакаббур ба ҳисоби миёна 70 сол ва одамони зиндадилу шўх 80 сол ва зиёда аз он умр медидаанд.

Фароҳамсоз С. Наҷмиддинзода

 

 

 

Мақолаи гузашта

Гиёҳдармонии бемориҳои пӯст

Мақолаи навбатӣ

Чойи сабз ревматизмро пешгирӣ мекунад

user

user

Мақолаи навбатӣ
Гиёҳдармонии бемориҳои пӯст

Чойи сабз ревматизмро пешгирӣ мекунад

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ