
Панҷ дона лимуро бо панҷ донача сирпиёз аз гўштқиммакунак гузаронида, ба он ним кило асал ҳамроҳ намуда, дар банкаи даҳонаш маҳкам нигоҳ доред. Ҳар саҳар ним соат пеш аз наҳорӣ як қошуқ аз ин давои қувватбахшандаи дил истеъмол намоед.
Ҳама гуна нўшокиҳои кофеиндор, яъне қаҳваю энергетикҳо ба дил зиён доранд. Ба ҷойи инҳо оби маъданӣ, нўшобаи мевагӣ ё гиёҳчой нўшед.
Истеъмоли зардолу, ғўлинг, олу ва хушкмеваи он, марҷумак (гречка), чормағз, картошка (ҷўшондашуда) ва меваҳои ситрусӣ, ки калийи фаровон доранд, ба дил қувват мебахшанд.
Барои миокард — пардаи мушаки дил сафеда унсури асосӣ ба ҳисоб меравад. Шири беравған, фалла (творог), моҳӣ ва гўшти беравған аз сафеда бой мебошанд.
Бо мақсади хуб шудани фаъолияти дил рўзе се маротиба пеш аз ғизо ним истаконӣ шарбати картошка истеъмол намоед. Муҳлати табобат се ҳафта. Баъди як ҳафтаи танаффус метавонед муолиҷаро боз се ҳафта идома диҳед.
Рўзе 2 дона помидор хўрдан дарди рагҳои шараёнро пешгирӣ менамояд.
ПЕШГИРИИ САКТАИ ДИЛ
Ҳамарўза хӯрдани якчанд дона ғӯлинги хушк барои муътадил шудани фишори хун, пешгирии сактаи дил, поксозии организм аз дажғол (токсин)ҳо ёрӣ мерасонад.
Истеъмоли лўбиёгиҳо ва ярмаи сулӣ (овсянная каша) хавфи бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш дода, мушакҳои дилро бо ғизо таъмин месозанд.
Омехтаи шарбати лаблабу ва сабзӣ (ним истакон) рагҳои хунгардро васеъ, фаъолияти дилро хуб ва нафаскаширо сабук мегардонад.
Истеъмоли ҳамарўзаи 30 — 40 дона дўлонаи сурх дарди қафаси синаро таскин бахшида, сахтшавии рагҳои хунгардро пешгирӣ мекунад ва нафастангиро аз байн мебарад. Илова бар ин, дўлона мушакҳоро оромиш ва асабҳоро осоиш мебахшад.
Ҳар саҳар як қошуқ барги пудинаро ба як чойник оби ҷӯш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Ин даворо ним соат пеш аз наҳорӣ истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа як сол.
Истеъмоли мунтазами афлесун ба таппиши муътадили дил мусоидат карда, рагҳои шараёнро васеъ месозад.
Райҳон барои пешгирӣ ва дармони бемориҳои дил давои хуб аст. Истеъмоли бардавоми он боиси оромиши қалб ва солимии рагҳои хунгард мегардад.
Ҳангоми дарди қафаси сина истеъмоли ду қошуқча сиркои себӣ боиси таскини он мешавад.
Ним кило лиму ва 20 дона ғӯлинги қоқро дар блендер кӯфта, ба бонка гиред. Сипас ба болояш ним кило асал ҳамроҳ намуда, хуб кобед. Субҳ ва шом пеш аз ғизо як қошуқӣ аз ин даво истеъмол кунед.
Сафедаи 2 дона тухмро бо 1 қошуқча қаймоқ ва 1 қошуқ асал омехта, ним соат пеш аз наҳорӣ истеъмол кунед. Агар давоми ним сол ин даворо ҳар саҳар истеъмол кунед, бешубҳа, дилатон мустаҳкам мешавад.
Истеъмоли мунтазами испаноғ (шпинат) хавфи гирифторшавӣ ба бемориҳои дилро коҳиш медиҳад.
Равғани зайтун холестеринро об намуда, воситаи беҳтарини пешгирии сактаи дил мебошад.



