• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Панҷакент: рушди тандурустӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ

от user
в Пешгирии бемориҳо
0

Солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустии кишвар марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷалби кадрҳои баландихтисос ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Шаҳри Панҷакент низ дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Рушди тандурустӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб рафта, 25,8 фоизи буҷети маҳаллӣ ба ин соҳа равона шудааст. Айни замон дар шаҳр 15 барномаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ гардида, ҷиҳати татбиқи онҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд.

Имрӯз дар шаҳр 25 маркази саломатии шаҳрӣ, 41 маркази саломатии деҳот, 66 хонаи саломатӣ ва 6 маркази махсусгардонидашуда фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо 390 нафар духтур ва 1752 нафар корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ин рақамҳо аз фарогирии васеи низоми хизматрасонии тиббӣ ва нақши муҳимми кормандони соҳа дар ҳифзи саломатии аҳолӣ шаҳодат медиҳанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳа пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар ин раванд омода намудани мутахассисони ҷавон аҳамияти махсус дорад. “Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент” дар омода намудани кадрҳои соҳаи тандурустӣ саҳми муҳим мегузорад. Дар коллеҷ 1716 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1508 духтар ва 208 писар, аз рӯйи шаш ихтисос таҳсил менамоянд. Раванди таълимро 152 нафар омӯзгор ба роҳ мондаанд. Дар муассиса аз рӯйи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, момодоягӣ, фарматсевтӣ, кори табобати дандон, кори тиббию ташхисӣ ва кори техникии дандон мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар баробари омода намудани кадрҳо, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ низ идома дорад. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шарикони рушд ва соҳибкорон ба маблағи 2,7 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ шудааст. Илова бар ин, бо ташаббуси соҳибкорон дастгоҳи томографияи компютерии мултиспиралӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ дастрас гардидааст. Таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ бо техникаи муосир имкон медиҳад, ки имкониятҳои ташхис ва табобати беморон васеъ гардида, хизматрасонии тиббӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ шавад.

Дар самти расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Дар муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳр 12 автомашинаи ёрии таъҷилӣ фаъолият дошта, онҳо барои сари вақт расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ истифода мешаванд.

Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар соҳаи тандурустии шаҳр ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Аз ҷумла, норасоии эҳёгарон, наркологҳо, акушер-гинекологҳо, силшиносон, равоншиносон ва табибони оилавӣ эҳсос мешавад. Ҳалли ин мушкилот тақозо менамояд, ки квотаҳои президентӣ аз рӯйи ихтисосҳои барои минтақа зарур зиёд карда шуда, барои ҷалби мутахассисони ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Норасоии 16 адад нақлиёти санитарӣ низ аз масъалаҳои муҳимми соҳа ба шумор меравад. Бартараф намудани ин мушкилот, бахусус барои беҳтар намудани дастрасии аҳолии деҳот ва минтақаҳои дурдаст ба ёрии тиббӣ аҳамияти калон дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр як қатор иншооти тиббӣ бунёд ва навсозӣ гардида, барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бунёди беморхонаи нав дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ, навсозии муассисаҳои тиббӣ, харидории таҷҳизоти муосир аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Дар маҷмӯъ, рушди соҳаи тандурустӣ танҳо ба зиёд намудани шумораи муассисаҳои тиббӣ маҳдуд нашуда, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббиро низ дар бар мегирад.

Саломатии ҷомеа яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди тандурустӣ метавонад барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои ҳифзи саломатии сокинон заминаи устувор гузорад.

Амони МУҲАММАД,

«Даво»

Мақолаи гузашта

Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Панҷакент: рушди тандурустӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ

Панҷакент: рушди тандурустӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ

26.08.2026
Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

Дардҳои рагҳои шарён дармон дорад

26.08.2026
Усули мураккаби ҷарроҳии рагҳо дар Хатлон

Усули мураккаби ҷарроҳии рагҳо дар Хатлон

26.08.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ