• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

от user
в Фарматсевтика
0

5 октябри соли 2026 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Кӯлоб»-ро дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхона дар роҳи рушди саноати дорусозӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ дар кишвар қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти корхона ба коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маҳлулҳои спиртӣ, маводи тиббӣ ва маҳсулоти парафарматсевтӣ  равона шудааст. Ин иқдом барои истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар, рушди иқтидори истеҳсолии минтақа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

— Корхонаи «Фарм Кӯлоб» дар масоҳати 360 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 15 ҳуҷраи истеҳсолӣ ва корӣ иборат мебошад. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба таъсиси иншооти мазкур 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, — изҳор намуд  муассиси ҶДММ “Фарм Кӯлоб”  Диловар Холзода.

— Яке аз натиҷаҳои муҳими ба фаъолият оғоз намудани корхона фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар ин ҷо 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар мавсими ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш то 100 нафар метавонанд ба корҳои мавсимӣ ҷалб шаванд, — таъкид намуд муассиси корхона.

Бояд гуфт, ки корхонаи мазкур бо таҷҳизоту технологияҳои махсуси истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он хатҳои технологии коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маҳлулҳои спиртӣ, бастубанд ва тамғагузории маҳсулот насб шудаанд. Ҳамчунин, дастгоҳҳои резиши маҳлулҳои антисептикӣ, бастубанди меваҳои хушк, буриши дока, тамизгардонии бандина ва борпечонӣ, истеҳсоли равған бо усули хунукфишурда ва бастубанди хокаҳои гиёҳӣ истифода мешаванд.

Мавҷудияти чунин таҷҳизот имкон медиҳад, ки коркарди ашёи хом ва бастубанди маҳсулот дар дохиликорхона анҷом дода шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун шароити зарурии техникӣ фароҳам оварда шавад.

Иқтидори муҳими «Фарм Кӯлоб» ба роҳ мондани истеҳсоли 80 номгӯй маҳсулот мебошад. Аз ҷумла, дар корхона 35 намуди чой аз гиёҳҳои шифобахш истеҳсол карда мешавад. Инчунин, истеҳсоли равғанҳои гиёҳӣ аз сиёҳдона, ангат, кунҷит, зағир, чормағз, бодоми талх, каду, зайтун ва хуч ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин, корхона истеҳсоли қиёмҳо (настойкаҳо) аз дӯлона ва решаи тиллоӣ, шарбати «Холасас», маҳлули антисептикӣ дар зарфҳои 100, 500 ва 1000-миллилитраро ба роҳ мондааст.

Гуногунрангии маҳсулот нишон медиҳад, ки корхона барои коркарди навъҳои гуногуни ашёи хоми табиӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои таъиноти гуногун имконият дорад. Истифодаи гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ ҳамзамон ба рушди занҷираи истеҳсолот аз ҷамъоварии ашёи хом то омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат мекунад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти «Фарм Кӯлоб» таъмини истеҳсолот бо ашёи хоми ватанӣ мебошад. Ширкат дар заминҳои ба иҷора гирифташуда дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла ангат, валериана ва гули бобунаро парвариш менамояд.

Ҳамзамон, аз ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Муъминобод зиёда аз 4 ҳазор килограмм гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ гардидаанд, ки ҳамчун ашёи хом дар корхона истифода мешаванд.

Ташкили заминаи ашёи хоми маҳаллӣ барои таъмини мунтазами раванди истеҳсолот, рушди кишоварзии махсусгардонидашуда ва фароҳам овардани имкониятҳои нави даромад барои аҳолии деҳот аҳамияти калон дорад. Дар сурати тавсеаи минбаъдаи истеҳсолот, ин раванд метавонад ҳамкории корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъоварандагони гиёҳҳои шифобахш ва соҳибкорони маҳаллиро густариш диҳад.

Ифтитоҳи «Фарм Кӯлоб» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба татбиқи ҳадафҳои рушди саноат, ҷалби сармояи хусусӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ робитаи мустақим дорад. Фаъолияти чунин корхонаҳо барои истифодаи имкониятҳои табиии Тоҷикистон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтидори истеҳсолии минтақаҳои кишвар замина мегузорад.

“Даво”

Мақолаи гузашта

«Сино-2013»: аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

user

user

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

10.11.2026
«Сино-2013»:  аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

«Сино-2013»: аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

09.11.2026
Меваҳои шифобахш

Меваҳои шифобахш

09.11.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ