• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

«Сино-2013»: аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Баҳодур Шарипов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ мегӯяд, ки дар интихоби пеша иштибоҳ накардааст, зеро дар ҷараёни фаъолияти имрӯзааш дониши ҳуқуқӣ дар самти тиҷорат ва соҳибкорӣ ба кор омад. Баҳодур баъди анҷоми таҳсил ва соҳибкасб гаштан муддате дар Русия ба тиҷорат машғул шуда, дар ин ҷода низ таҷриба андӯхт ва бо ин кӯлвори пурбор озими зодгоҳ шуд.

АМАК БА ҶИЯН ЧӢ МАСЛИҲАТ ДОД?

– Баъди 10 соли мусофират тасмим гирифтам, ки тиҷоратро дар Ватан идома диҳам. Аз нақшаҳои худ амакам Маҳмадризо Зариповро, ки дар самти дорусозии кишвар муваффақ аст, огаҳ намудам. Амакам бунёди корхонаи дорусозиро тавсия доданд, – ёде аз рӯзҳои бозгашт ва гардиши нав дар фаъолияти соҳибкорияш мекунад Баҳодур Шарипов.

Дӯстонаш аз ин тасмими ногаҳонӣ дар ҳайрат монда, мепурсандаш, ки чаро аз баҳри тиҷорати дар Русия хуб рушдкардааш мегузарад.

– Бояд барои ободии Ватан ҳам хиште гузошт! – гуфтааст дар ҷавоб.

Соли 2012 сохтмони корхона дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Соли 2015 истеҳсоли нахустин доруи ширкати дорусозии “Сино-2013” – прокаин гидрохлорид дар шакли ампула шуруъ шуд. Баъдан боз 6 номгӯй дору бо тамғаи “Сино2013” ба бозори фармасевтӣ ворид гардид.

ҲАМКОРӢ БО ХОРИҶИЁН

Орзуи ҳар соҳибкор аст, ки маҳсулоти ширкаташ на танҳо дар бозори дохилӣ дар савдо бошад, балки ба кишварҳои хориҷа низ содирот шавад. Соли 2017 Баҳодур бо ҳамин ният ба Афғонистон сафар намуд. Он ҷо бо тарзи кори ширкатҳои дорусозӣ, вазъи бозори фармасевтӣ шинос шуд.

– Аз мушоҳидаҳо бароям аён гашт, ки дар кишвари ҳамсоя ба доруҳои ширкати мо талабот қариб нест. Ба худ андешидам, ки набояд ин сафар бароям бенатиҷа анҷом ёбад. Аз роҳбарони ширкатҳо хоҳиш намудам, ки номгӯи дорувориҳоеро ба мо нависанд, ки ниёз ба онҳо дар ин кишвар зиёд аст. Беш аз 90 номгӯй доруворӣ пешниҳод шуд, ки аз он 16-тояшро интихоб намудам.

Ҳатто аз ҳамин рӯйхати кӯтоҳкарда ҳам ширкате танҳо як намуд дору фармуд. Аз он дору  зиёда аз 1600 қуттӣ истеҳсол карда фиристодем, агарчӣ фоидааш ҳеҷ буд. Ба хотири роҳ ёфтан ба бозори хориҷ ин амалро анҷом додам. Баъдтар чанд ширкати дигари афғонӣ хостори содироти ҳамин дору шуданд, ки зарари пешинро “пӯшонд”, – чанд тафсили он сафарро кард Баҳодур Шарипов.

Алҳол, ширкат содироти дорувориро ба хотири муаррифии кишвари Тоҷикистон аз номи ширкати “Тоҷфарм” роҳандозӣ менамояд. Беш аз 50 номгӯй доруи ширкат, асосан, ба кишвари Афғонистон фиристода мешавад. Зимнан, “Сино-2013” бо ширкатҳое аз давлати Ироқу Яман низ шартнома ба имзо расонидааст, ки соли 2027 барояшон доруҳои фармударо хоҳад фиристод.

ТАБОБАТИ МОДАР БО ДОРУИ… ПИСАР

– Ширкати дорусозии “Сино-2013” доруро қаблан барои мардуми худамон истеҳсол менамояд. Аз ин хотир, сифат барои мо гапи хушку холӣ не, балки масъулияти виҷдонист,- изҳор медорад роҳбари ширкат.

Ва ин таъкид тасодуфӣ нест, зеро таври маълум аксарияти мардум ба доруҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса доранду маҳсулоти истеҳсоли ватаниро чандон намепазиранд.

Ҳол он ки фармасевтони тоҷик низ имрӯз қодиранд доруҳои хуб бароранд ва ҳамсуҳбатам дар ин иртибот воқеаро ҳикоят мекунад:

– Чанде пеш модарам бемор шуданд. Ба ягон дорухона нарафта, аз доруҳои ширкатҳои номдори хориҷӣ харидорӣ накарда, бо дили пур ва эътимоди комил аз маҳсулоти ширкати худамон барои мо дар дору овардам. Дере нагузашта модар шифо ёфтанд. Бале, кафолатдиҳандаи сифати маҳсулоти ширкат аввал худи ман ҳастам, зеро раванди истеҳсолотро ҷиддӣ назорат мекунам ва медонам, ки дорувории истеҳсолшаванда сад дар сад ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

ДАР ФИКРИ ТАШКИЛИ ШИРКАТҲОИ НАВ

Баҳодур Шарипов аз ниятҳои худ ҳарф зада, баён дошт, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи дорусозӣ нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намудаву аз пайи татбиқи онҳост. Имрӯз барои роҳандозӣ кардани истеҳсолот дар дилхоҳ соҳа шароиту имкониятҳо дар кишвар фароханд.

– Бахусус, дар корхонаи “Сино-2013” чунин имконият мавҷуд аст, зеро таҷҳизоти вориднамуда аз Хитой, Ҳиндустон ва Русия барои васеъ кардани ҳаҷми истеҳсолот хеле мувофиқ аст. Аз ин хотир,

тасмим дорем, ки дар ҳамкорӣ бо олимони ватанӣ ва мутахассисон аз Эрону Ҳиндустон истеҳсоли дорувориро дар шакли ҳаб ва нӯшоба бо истифода аз рустаниҳои шифобахши ватанӣ роҳандозӣ намоем. Ин дорувориҳо барои бемориҳои шамолхӯрдагӣ ва фишорбаландӣ муфид хоҳанд буд, – иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Соҳибкори муваффақ, директори ширкати “Сино-2013” Баҳодур Шарипов нияти таъсиси корхонаҳои нави дорусозӣ дошта, мекӯшад, дар татбиқи “Барномаи рушди фармасевтика дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” ва ободонии мамлакат саҳми босазо дошта бошад.

– Вақте ният холис аст, ҳадафҳои дар пеш гузошта барои ободии Ватан ҳатман амалӣ хоҳанд шуд, – гуфт дар фарҷом Баҳодур Шарипов.

Паймонаи ҶОВИДОН,

“Даво”

Мақолаи гузашта

Меваҳои шифобахш

Мақолаи навбатӣ

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

user

user

Мақолаи навбатӣ
«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

"Фарм Кӯлоб"-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

«Фарм Кӯлоб»-боз як зинаи рушди истеҳсолоти ватанӣ

10.11.2026
«Сино-2013»:  аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

«Сино-2013»: аз таъсиси ширкат то ҳамкорӣ бо хориҷиён

09.11.2026
Меваҳои шифобахш

Меваҳои шифобахш

09.11.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ