24 августи соли 2026 дар шаҳри Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноати фармасевтӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни сохторҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои фармасевтии ду кишвар буд.
Дар кори Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин иштирок намуд. Ҳайати Тоҷикистонро намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин роҳбарону намояндагони ширкатҳои фармасевтӣ ва истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти доруворӣ ташкил доданд.
Ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Форум Директори Агентии рушди соҳаи тиб ва фармасевтии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Азизов роҳбарӣ намуд. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои соҳавӣ, корхонаҳои истеҳсолии доруворӣ ва ширкатҳои фармасевтии ҳар ду кишвар иштирок намуда, оид ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд.
Зимни Форум масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар соҳаи фармасевтӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни ширкатҳо ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои афзоиши ҳаҷми мубодилаи маҳсулоти фармасевтӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаи дорусозӣ мебошанд. Дар ин замина, густариши робитаҳои байни истеҳсолкунандагони ватанӣ, табодули таҷриба ва технологияҳои муосир, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони соҳа метавонад ба рушди устувори саноати фармасевтӣ дар ҳар ду кишвар мусоидат намояд.
Намояндагони Тоҷикистон дар рафти чорабинӣ имкониятҳои истеҳсолии кишвар, иқтидори корхонаҳои фармасевтии ватанӣ ва дурнамои рушди саноати дорусозиро муаррифӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои Ӯзбекистон изҳори омодагӣ карданд.
Яке аз самтҳои муҳими муҳокимаҳо рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва таъсиси робитаҳои мустақими тиҷоратӣ миёни корхонаҳои фармасевтии ду кишвар ба ҳисоб рафт. Дар ин робита, масъалаҳои ташкили истеҳсолоти муштарак, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти дорувории босифат, рушди занҷираҳои таъминот ва афзоиши имкониятҳои содиротиву воридотӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар доираи Форум вохӯриҳои дуҷонибаи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида, ҷонибҳо доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва роҳҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими муколамаи мустақим миёни доираҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои соҳавии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, метавонад ба роҳандозии лоиҳаҳои нави муштарак ва афзоиши гардиши маҳсулоти фармасевтӣ мусоидат намояд.
Форуми тиҷоратии фармасевтии Тоҷикистону Ӯзбекистон қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва саноати фармасевтӣ арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама, таҳкими робитаҳои корӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд.
Дар маҷмӯъ, иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Форум ба муаррифии иқтидори фармасевтии кишвар, пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи истеҳсол ва таъминоти маҳсулоти доруворӣ мусоидат хоҳад кард.




