Суҳбати ихтисосӣ бо табиби имплантологи Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Зариф Юсупов
— Имплант чист ва гузоштани он чӣ бартарӣ дорад?
— Имрӯз соҳаи стоматология бо суръати баланд рушд намуда, роҳҳою усулҳои нави табобату барқароркунӣ, нуқсонҳои қатори дандонҳо, ки бе истифода аз дандонҳои такягоҳӣ, тарошидани сири дандон ба роҳ монда, васеъ истифода карда мешавад. Яке аз ин усулҳо гузоштани имплантантҳо дар қисматҳои талафёфтаи дандонҳо мебошад, ки бо ғилофакҳои сунъӣ рӯйпӯш карда мешаванд ва аз тарафи табиб ва беморон хуб арзёбӣ мешавад.
Солҳои пеш, агар як дандон намебуд, барои дандон гузоштан ду дандони сиҳатро арра карда, ба онҳо осеб мерасониданд. Имрӯз агар як дандон набошад, мо ба дандонҳои дигар осеб нарасонида, дандони набударо ба воситаи решаи сунъӣ дар ҷояш барқарор мекунем. Инро метавон дастоварди хуб дар соҳаи стоматология арзёбӣ намуд. Имплант сахт ва устувор буда, дар сухан гуфтан душворӣ намеоранд, намуди зоҳирӣ ва эҳсоси табиии дандон имкон медиҳад ва ба дигар дандонҳои солим таъсири манфӣ намерасонад.
— Имплантатҳои дандон чӣ гуна гузошта мешавад?
— Пеш аз гузоштани имплант табиб беморро барои гузаронидани томографияи компютерӣ, ҷиҳати дақиқ муайян кардани зичӣ ва сохтори ҳаҷми устухони даҳон, (кунҷи дақиқи майли титан, андоза, ғафсӣ ва ҷои имплантатсия муайян карда мешавад) ва ташхиси хун (санҷиши ВНМО ва гепатит, муайян кардани сатҳи глюкоза ё фибриноген, биохимия) роҳхат медиҳад. Аксарияти бемороне, ки барои гузоштани имплант муроҷиат менамоянд, ба табобати бемориҳои гуногуни ковокии даҳон эҳтиёҷ доранд. Натиҷаи хуби гузоштани имплант аз нақшаи дуруст тартибдодаи мутахассиси касбӣ вобастагӣ дорад. Ҳатто истифодаи беҳтарин маводи муосир ба натиҷаи хуб ноил шуданро кафолат дода наметавонад. Бинобар ин, пеш аз гузоштани имплант ба ҳолати беҳдоштии ковокии даҳон диққати ҷиддӣ дода шавад. Чораҳои умумии табобатӣ солимгардонӣ дар ковокии даҳон имконият медиҳад, ки дандони имплант солҳои сол хизмат намояд. Пеш аз гузоштани дандони имплант ковокии даҳонро бо маводи антисептикӣ дар муддати 5 дақиқа чайқа додан низ аз аҳамият холӣ нест. Ҳамаи ин ҳолатҳоро ба инобат гирифта баъди гузаронидани ташхисҳои озмоишгоҳӣ, пурра табобат кардан, бартараф кардани нуқсонҳо дар ковокии даҳон, қатори дандонҳо ва интихоби конструксияи протезҳо дар ҷойҳои қисман талафёфта дандонҳои сунъӣ гузошта мешавад.
— Тартиби имплантатҳо чиро дар бар мегирад ва барои гузоштани он чӣ қадар вақт сарф мешавад?
— Ҷарроҳии имплантатсияи дандон як раванди ҷарроҳие мебошад, ки дандонҳои осебдида ё гумшударо бо дандонҳои сунъӣ иваз мекунад ва он ба дандонҳои воқеӣ монанд аст. Маводи титан дар имплантатсияҳо бо устухони ҷоғ пайваст шуда, ба устухонҳо ба монанди пулҳои собит ё дандонҳо осеб намерасонанд. Гузоштани имплантат тавассути беҳискунии мавқеӣ анҷом дода мешавад. Дарҳол пас аз насб, худи имплантатро истифода бурдан мумкин нест, зеро он танҳо як қисми системаи бисёркомпонентӣ мебошад, ки унсурҳои протезиро низ дар бар мегирад. Инҳо изофаҳое мебошанд, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд ва ба имплант муваққатан ё доимӣ пайваст мешаванд. Ин қисмҳои металлӣ мебошанд, ки вобаста ба усули истифодашуда фавран пас аз насб ё пас аз чанд моҳ ба имплант гузошта мешаванд. Ба ҳисоби миёна 6 моҳи барқароршавӣ барои ҷоғи болоӣ ва 3 моҳ барои ҷоғи поёнӣ дар назар аст. Давраи омӯзиши имплантат бо устухони ҷоғ вобаста ба вазъи саломатӣ ва синну соли бемор метавонад аз 3 то 6 моҳ тӯл кашад.
— Имплантат дар Тоҷикистон чӣ гуна рушд кардааст?
— Солҳои охир муваффақиятҳои ҷарроҳии устухонӣ — пластикӣ, инчунин дигар соҳаҳои тиб, асосан ба таҳия ва дар амалияи дармонгоҳӣ, ҷорисозии маводи нав, аз ҷумла хӯлаҳои суперэластикии масомадору ҷаббанда дар асоси никелид — титан, ки хусусиятҳои физикию механикии наздик ба параметрҳои бофтаи устухониро доранд, марбут аст. Сатҳи баланди биомутобиқии чунин имплантатҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки дар муддати тӯлонӣ дар бадан фаъолият кунанд ва барқароршавии устувори ҳуҷайраҳоро таъмин созанд. Ин хосиятҳои беназири мавод имкон медиҳад, ки аз он имплантатҳо бо хусусиятҳо ва шаклҳои пешакӣ муайяншуда сохта шаванд. Ковокии он ҳамгироии оптималӣ бо сохторҳои бофта ва фаъолияти дарозмуддати ҳамоҳанг дар баданро таъмин мекунад.
Гранулаҳои никелид — титанӣ ҳамчун ашёи ҷойгузинкунандаи нуқсонҳои устухонӣ ҳангоми бартарафсозии тағйирёбии пас аз остеомиелитӣ дар бофтаҳои устухонӣ, самаранокии ин ҷарроҳиро ба таври назаррас баланд бардоштанд. Никелид — титани ковокидор дар шакли гранулаҳои хурд барои истифода қулай буда, тартибро содда мегардонад, вақти амалиётро коҳиш медиҳад ва нуқсонҳои устухониро дар муддати кӯтоҳ пурра барқарор менамояд.
Имрӯз дар шуъбаи “Имплантология”‑и Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” усули инноватсионии гузоштани пояҳои сунъӣ (имплант) дар устухонҳои ҷоғ ба роҳ монда мешавад. Ба беморон асосан намудҳои зерини табобат, имплантатсияи денталӣ, синус — лифтинг, тармими устухон, гузоштани шаклҳои милк (формировател), ғилофакҳои металлокерамикӣ, дандонҳои металлокерамикии рехташуда, ғилофакҳои металлопластмассӣ гузошта мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар Пажӯҳишгоҳ ягона шуъбаи «Имплантология» дар кишвар фаъолият менамояд. Пажӯҳишгоҳ ягона аз ин бахши муҳим дар стоматология кадрҳои имплантолог тайёр менамояд. Замони пеш барои бозомӯзӣ мутахассисон маҷбур берун аз кишвар рафта имплантологияро меомӯхтанд, ҳоло бошад, дар муддати кӯтоҳ аз 3 то 6 моҳ мутахассисон курсҳои «Ихтисосгирии авлия» — ро гузашта, соҳиби шаҳодатнома аз ин бахши муҳими соҳаи стоматология мегарданд.
— Оё ҳама стоматологҳо инплантат гузошта метавонанд ва нархгузории он чӣ гуна аст?
— На ҳама қобилияти гузоштани имплантатро доранд. Имрӯз бештари беморон ба ин навъи табобат таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд, ки аз он истифода баранд. Мутахассисони кишвар дар хориҷи кишвар, хусусан Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисос намуда, ҳоло дар Пажӯҳишгоҳ таҷрибаи андӯхтаро амалӣ намуда истодаанд. Импланте, ки дар Пажӯҳишгоҳ истифода бурда мешавад, истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ аст. Ҳарчанд ки имрӯз нархи ин навъи табобат каме гаронтар аст, вале бо боварӣ метавонам гуфт, ки сол ба сол он арзонтар мешавад ва ба ҳама дастрас мегардад.
Мусоҳиб
Шервони УМРИДДИН
“ДАВО”



