• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

САРАТОН БЕМОРИИ ТАБОБАТШАВАНДА АСТ

от user
в Бемориҳои саратон
0

Суҳбати ихтисосӣ бо мудири кафедраи онкологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор, академики Академияи байналхалқии илми макотиби олӣ, доктор Самеъ Расулов

 — Қаблан мехостем дар бораи саратон ба хонандагон маълумот медодед.

— Омосҳо, умуман, ду намуд мешаванд: хушсифат ва бадсифат. Ба омосҳои бадсифат саратон ва саркома дохил мешаванд. Саратон аз бофтаҳои эпителӣ сар мезанад, саркома бошад, аз бофтаҳои пайвасткунанда. Дар организми одам бештар саратон вомехӯрад. Ба саратон ва саркома хусусияти беист ва беназорат тақсимшавии ҳуҷайраҳо хос аст. Инҳо ҳуҷайраҳое мебошанд, ки сохт ва хусусияти тақсимшавии худро гум кардаанд. Ҳуҷайраҳои омоси бадсифат ба бофтаҳои ҳамсоя гузашта, онҳоро вайрон мекунанд, ба воситаи хун ва лимфа ба тамоми организм паҳн мешаванд, ва ба манбаъҳои нави омос табдил меёбанд, ки онҳоро “метастаз” меноманд. Метастазҳо, одатан дар давраҳои охирини беморӣ пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, омоси бадсифатро дар дараҷаи аввали инкишоф бояд ошкор намуд, ки ин барои табобати саривақтӣ хеле муҳим аст. Ҳангоми ба воситаи лимфа паҳн шудан ҳуҷайраҳои омос бештар дар ғадудҳои лимфатикӣ боздошта мешаванд, аз ин сабаб ҳангоми пайдо шудани омос дар ягон узв, пеш аз ҳама, ғадудҳои лимфагии ноҳиявӣ осеб мебинанд ва калон мешаванд. Дар вақти ба воситаи хун паҳн шудан ҳуҷайраҳои омоси бадсифат бештар дар шуш, ҷигар ва устухонҳо ҷойгир мешаванд.

— Теъдоди гирифторони саратон дар Тоҷикистон чанд нафар аст? Саратони кадом узвҳо бештар мушоҳида мешавад?

— Дар тамоми дунё сол то сол гирифторӣ ва фавт аз саратон афзуда истодааст. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2020 дар ҷаҳон беш аз 19 млн. ҳолати бори аввал ба қайд гирифта шудани саратон мушоҳида шудааст, ки аз он қариб 10 млн. нафар бемори гирифтори саратон мефавтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола шахсони гирифтори саратон афзуда истодаанд. Мувофиқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омори тиб ва маълумоти Вазораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ бори аввал 3126 бемори гирифтори саратон ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2022 ин адад ба 4356 баробар шудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар саратони сина, гарданаки бачадон, меъда ва саратони пӯст вомехӯранд. Боз ҳам мувофиқи маълумоти Маркази омори тиб фавти солонаи беморони гирифтори саратон дар солҳои 2021 ва 2022 мутаносибан ба 20,5% ва 16,3% баробар аст.

— Сабаб дар чист, ки ин беморӣ миёни занон ва бонувон меафзояд?

— Умуман, саратон дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳои дарунӣ ва берунӣ ба ҳуҷайраҳои солим пайдо шуда метавонад. Ба ин омилҳои кимиёвӣ (кансерогенҳо), физикӣ (нурҳои радиоактивӣ, рентгенӣ ва ғайра) ва биологӣ дохил мешаванд. Дар занҳо ё бонувон, ки бештар ба саратони сина гирифтор мешаванд, дар баробари омилҳои номбурда боз таъсири омилҳои гормонӣ ҷой дорад. Вобаста ба қобилияти кории худ сина ҳеҷ гоҳ дар ҳолати оромӣ буда наметавонад ва ҳамеша дар натиҷаи таъсири гормонҳои тухмдон ва гипофиз, ҳамчунин ғадудҳои болои гурда ва сипаршакл тағйир ёфта меистад. Дар натиҷа, бофтаҳои сина ба ҳолати аввал пурра барнамегарданд ва дар оянда сабаби пайдоиши омос шуда метавонанд. Ин тағйирот дар аввал ба монанди мастопатия ва фиброаденоматоз мушоҳида шуда, баъд ба саратон мубаддал мегарданд. Ҳангоми вуҷуд доштани мастопатия ва фиброаденоматоз саратони сина ду — се маротиба бештар пайдо мешавад.

Тез — тез исқоти ҳамл (аборт) кардан, дер — дер зоидан, кӯдаки навзодро барвақт аз ширмакӣ баровардан ё тамоман шир надодан низ аз омилҳои асосии пайдоиши саратони синаанд.

Ҳар қадар зан барвақт ҳомиладор шуда, барвақт таввалуд кунад, ҳамон қадар камтар ба саратони сина гирифтор мешавад.

Дар байни заноне, ки алоқаи ҷинсӣ надоранд ва тамоман фарзанд таваллуд намекунанд, саратони сина бештар дида мешавад.

Барзиёд истеъмол кардани хӯроки серравған, истифодаи нӯшокиҳои спиртдор ва сигор кашидан низ сабаби пайдоиши саратони сина шуда метавонанд.

Занон ё бонувоне, ки пештар бемории илтиҳоби сина (мастит) — ро аз сар гузаронидаанд, инчунин бештар ба саратон гирифтор мешаванд. Таккон (стресс) — и асаб ҳам яке аз омилҳои пайдоиши саратони сина гардида метавонад.

Бемории ҷигар, талхадон ва ғадуди сипаршакл, ҳамчунин касалии қанд то як андоза метавонанд сабаби пайдоиши саратони сина гарданд.

— Лутфан бигӯед, ки кадом марҳилаҳои афзоиши саратон мавҷуданд? Бештар дар кадом вақт саратон ошкор мегардад?

— Афзоиши саратон ба 4 марҳила ҷудо мешавад. Инҳо марҳилаҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум мебошанд. Ба дастовардҳои имрӯзаи илми саратоншиносӣ дар ташхису табобати саратон нигоҳ накарда, беш аз 50% беморон дар марҳилаҳои сеюм ва чорум ба мутахассисон муроҷиат менамоянд. Сабабаш дар он аст, ки бештари аҳолӣ дар бораи чунин бемории хавфнок маълумот надорад. Дар байни аҳолӣ ва кормандони тиб эҳтиёткории саратонӣ вуҷуд надорад. Ҳар табибе, ки бори аввал бемор ба ӯ муроҷиат менамояд, бояд дар шикояти бемор сараввал нишонаҳои саратонро ошкор карда, сари вақт ташхисоти заруриро барои инкор ё тасдиқи он гузаронад, ё барои ташхиси минбаъда ба муассисаи махсусгардонидашуда фиристад.

Ҳангоме ки саратон дар марҳилаҳои якум ва дуюм ошкор мегардад, табобати саривақтии он гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат бемор метавонад пурра аз саратон табобат ёфта, ба кору фаъолияти одатии худ давом дода, умри дароз бинад, вале дар марҳилаи охир табобати саратон хеле мушкил буда, он танҳо ба беҳ гардонидани ҳолати вазнини бемор равона мешавад.

— Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки аз насл ба насл мегузаранд, саратон чӣ?

— Масъалаи аз насл ба насл гузаштани саратон солҳои дароз диққати бисёр олимонро ҷалб кардааст. Имрӯз, дастовардҳои илми генетика тасдиқ менамоянд, ки саратон аз насл ба насл намегузарад, хусусияти ирсӣ надорад. Танҳо ҳуҷайраҳои бо таъсири кадом омилҳо осебёфта метавонанд аз насл ба насл  гузаранд, ки инро омили ирсӣ меноманд. Ҷой доштани танҳо омили ирсӣ наметавонад сабаби пайдоиши саратон гардад. Фақат дар натиҷаи таъсири омилҳои берунию дарунии организм, ки дар боло қайд намуда будем, ҳамон ҳуҷайраи аз падар ё модар осебёфта ба ҷанин мерос шуда, минбаъд вайрон гардида, мустақил ва беист афзоиш меёбад. Ҳамин тавр омоси бадсифат пайдо мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо, масалан, саратони ғадуди ширӣ ё саратони меъда дар наслҳои як авлод такрор мешаванд.

— Кадом усулҳои табобат ва пешгирии бемории саратон мавҷуд аст?

— Комёбиҳои имрӯзаи илми тиб имкон медиҳад, ки саратон дар ибтидои пайдоишаш бо муваффақият табобат карда шавад. Аз ҳама муҳимаш, саратонро сари вақт ошкор кардан зарур аст. Барои ин ғайр аз донистани аломатҳои беморӣ боз истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон ва ташхисоти озмоишӣ имкон медиҳанд. Ҳар қадар ки муолиҷа сари вақт оғоз гардад, табобати бемории саратон ҳамон қадар осонтар мешавад. Бинобар ҳамин ақидаи табобатнашаванда будани ин беморӣ, ки дар байни халқ паҳн гаштааст, билкул хато ва беасос аст.

Ҳоло якчанд усули табобати саратон ба кор бурда мешавад, ки ҷарроҳӣ, кимиётерапия, шуоъдиҳӣ ва гормонтерапия аз ҷумлаи онҳоянд. Бо истифода аз ин усулҳо ҳазорҳо беморон табобат ёфта, ба назди оилаҳои худ бармегарданд ва мисли пештара кору меҳнат мекунанд. Дар як қатор мавридҳо танҳо истифодаи ҷарроҳӣ метавонад табобати пурраро таъмин намояд. Дар мавридҳои дигар ҷарроҳӣ якҷоя бо шуоъдиҳӣ ва кимиётерапия самарабахштар аст.

Ақидаи нодуруст дар байни мардум паҳн шудааст, ки ба саратон теғ задан мумкин нест. Ҳаминро бояд дарк кард, ки мо ҳангоми ҷарроҳӣ ба омос теғ намезанем, балки онро дар ҳудуди бофтаҳои солими атрофаш гирифта мепартоем. Агар бемор ба духтур муроҷиат накарда, табобати хонагиро пеша кунад, он гоҳ фурсати табобати саривақтиро аз даст медиҳад, ки дар ин муддат беморӣ боз авҷ мегирад.

Чӣ тавре, ки дар боло қайд намудем, дастовардҳои илми генетика ба ҷорӣ намудани боз як усули нави табобати саратон мусоидат намуд, ки он табобати таргетӣ, яъне мақсаднок ё махсус равонашуда ном гирифтааст. Ошкор намудани тағйирот дар сатҳи гени бемор, ки ба саратон хос буда мутатсия ном гирифтааст ва бо роҳи таҳлилҳои иммуногистокимиёвӣ ва молекулярӣ — генетикӣ дарёфт мегардад, водор месозад, ки ба бемор табобати таргетӣ таъин карда шавад. Иммунотерапия низ яке аз намудҳои табобати таргетӣ мебошад.

Яке аз воситаҳои асосии мубориза бар зидди саратон ин пешгирӣ намудани пайдошавии он аст. Аз ин рӯ касалиҳои доимӣ (гастрит, захми меъда, бронхит, пневмония ва ғайра) — ро, ки боиси пайдоиши саратон мегарданд, бояд сари вақт табобат кард. Аз истеъмоли таомҳои тунд ва аз ҳад зиёд гарм бояд худдорӣ кард. Гигиенаи хӯрокро риоя намуда, худро аз пурхӯрӣ нигоҳ доштан, аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ парҳез кардан лозим аст. Ба муқобили носкашӣ муборизаи катъӣ бурда, қоидаҳои гигиенаи даҳонро риоя кардан зарур аст. Дар натиҷаи ин чораҳо метавон пайдоиши саратони даҳон, сурхрӯда ва меъдаро хеле кам кард. Барои пешгирии саратони шуш дар корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамеша баҳри тоза нигоҳ доштани ҳаво мубориза бурдан ва аз сигоркашӣ худдорӣ кардан лозим аст.

Баҳри пешгирии саратони ғадуди ширӣ занҳо бояд аз исқоти ҳамл (аборт) худдорӣ намоянд. Баъди таваллуд ба кӯдак то синни 1,5 — 2 солагиаш аз сина шир додан зарур аст. Ғадуди шириро аз зарбхӯрӣ эҳтиёт бояд кард. Агар зан дар синаи худ ягон ҳолати сахтшавиро мушоҳида кунад, фавран бояд ба духтур муроҷиат кунад. Дар он сурат омосҳои хушсифати пешазсаратонии сина, ба монанди мастопатия, фиброаденома ва киста сари вақт ошкор ва муолиҷа карда мешаванд.

— Дар охир, ҳамчун мутахассиси соҳа, ба беморон чӣ тавсия медиҳед?

— Пеш аз ҳама, бемороне, ки ба саратон гумонбар шудаанд ё ҷой доштани саратон тасдиқ гардидааст, бояд донанд, ки саратон табобатшаванда аст. Ба маслиҳати мутахассис гӯш карда, сари вақт табобатро сар кардан лозим. Аксар беморон намехоҳанд қабул кунанд, ки бемориашон саратон аст, ё ба мутахассиси саратоншинос бовар накарда, аз як табиб ба табиби дигар мегарданд, ё ба хориҷи кишвар мераванд, то даме, ки ба вай гӯянд, ки “саратон надорӣ”. Ё ба гирифтори саратон шуданашон бовар кунанд ҳам, аввал ба назди дамхону фолбину ҷодугар ё каззобҳо рафта табобат мегиранд. Дар чунин ҳолат вақти қиммати табобати саратонро аз даст медиҳанд, дар марҳилаи охирини афзоиши беморӣ ба назди мутахассис бармегарданд, ки аллакай фурсати табобат гузаштааст. Дар бештари мавридҳо пеш аз ҷарроҳӣ низ кимиётерапия таъин мегардад, ки аз он ҳам дасткашӣ накарда, ҳама бахшҳои табобати доругиро низ бигиранд. Дар ин ҳолат ҷарроҳӣ тоза гузашта, хатари такроршавии беморӣ намемонад. Ҳамчунин бояд донист, ки саратон бемории гузаранда набуда, аз шахси бемор ба солим намегузарад. Бинобар ҳамин, озодона бо шахсони атроф муомила карда, аз хешу табор канораҷӯӣ накунанд.

— Доктори арҷманд, сипоси бепоён барои суҳбатҳои олӣ ва пурмуҳтавоятон!

— Саломату сарбаланд бошед!

Мусоҳиб

Шервони УМРИДДИН

“ДАВО”

Мақолаи гузашта

Озмоишгоҳи миллии референсӣ маркази мубориза бо зуком шуд!

Мақолаи навбатӣ

ИМПЛАНТАТСИЯИ ДЕНТАЛӢ — ДАСТОВАРДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

user

user

Мақолаи навбатӣ
ИМПЛАНТАТСИЯИ ДЕНТАЛӢ — ДАСТОВАРДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИМПЛАНТАТСИЯИ ДЕНТАЛӢ - ДАСТОВАРДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

Тарзи ҳаёти солим бо усули доктор Тоҳирӣ

11.11.2025
Уфуқҳои тибби хусусӣ 

Уфуқҳои тибби хусусӣ 

10.11.2025
5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

5 далели мудҳиш оид ба зарари сигоркашӣ

08.11.2025

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ