• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ирфон Аҳмад: Заминаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ фаровонанд!

от user
в Ҳифзи иҷтимоӣ
0

Яке аз кишварҳое, ки Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ равобити ҳасанаро густариш дод, Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. 27 августи соли равон дар нишасти рӯзноманигорон бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмад маҳз оид ба заминаҳои густариши ин ҳамкориҳо сухан карда шуд.

Ирфон Аҳмад аз таърихи равобити асрҳои гузаштаи тоҷикону покистониён ёдовар шуда, муштаракоти забониро таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки мо заминаҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дорем ва маҳз ин имкон медиҳад, ки робитаҳо қавитар ва рафтуомади мардумонамон бештар гардад. Албатта, имрӯз маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон ва баръакс, маводи Покистон дар бозорҳои Тоҷикистон мавҷуданд ва онро боз ҳам афзун намуд, вале ҳанӯз самтҳои нокушудаи равобит ҳастанд, ки дар ин роҳ бояд кор кард. Аз санъат, адабиёт ва ҳунармандии тоҷикон покистониён кам хабар доранд ва
баръакс низ.

Мо бештар аз тоҷикон як ҳикояро медонем, қиссаи Рустам ва Сӯҳробро. Бинед, ки ин ҷо робита муайян нест ва он бо фоҷеа анҷом меёбад, яъне робитаҳо бояд ҳамеша аниқ бошанд, то фоҷеаҳо пешгирӣ карда шаванд.

Албатта, мо ҳам аз замони мактабхонӣ ашъори устод Мирзо Турсунзода, адибони покистонӣ Файз Аҳмади Файз ва ҳамчунин аллома Иқболи Лоҳуриро медонем. То имрӯз дигар аз осори адибон ва ҳунармандони ин кишвар, ҷуз Муҳаммад Иқбол, огоҳии кам дорем, ки метавон дар ин замина низ робитаҳои фарҳангиро ривоҷ дод.

Ирфон Аҳмад дар мавриди ҳамкориҳо дар масъалаҳои тандурустӣ ва маориф сухан карда, изҳор дошт, ки дар ин самтҳо имконот фаровон буда, Покистон мехоҳад корҳои мушаххасеро анҷом диҳад. Масалан, докторони мо, ки дар тамоми гӯшаҳои дунё ҳастанд ва бархе аз онҳо забонҳои русӣ ва форсиро медонанд, ба Тоҷикистон метавонанд ташриф оранд ва хидмати ройгони тиббӣ расонанд. Ё аз Тоҷикистон табибон ба
кишвари мо барои таҷрибаомӯзӣ ва аҳолӣ барои табобат раванд. Покистон дорои беморхонаҳои хуб
ва пешрафта аст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳамкориҳо дар соҳаи тиб дар бахши фармасевтика ҷараён дошта, доруҳои ширкатҳои гуногуни покистонӣ дар фурӯшанд. Албатта, ин гуна робитаҳоро бояд дар соҳаи тиб, дар мисоли таъсиси клиникаҳои муштарак, коллеҷҳои муштарак, рӯзҳои тибби Покистон дар Тоҷикистон ва ғайра густариш дод.

Дар соҳаи маориф мо метавонем дар эҳёи алифбои форсӣ дар макотиб саҳм бигирем, — баён дошт сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмад дар ин нишаст. Самти дигари ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон сайёҳӣ шуда метавонад, ки ба ин масъала низ сафир дахл намуд. Ба гуфтаи ӯ соли гузашта тақрибан 80 ҳазор нафар сайёҳони покистонӣ аз Озарбойҷон ва наздики 50 ҳазор нафар покистониён аз Ӯзбекистон дидан намудаанд ва ин гуна сафарҳои сайёҳиро метавон ба гӯшаву канорҳои Тоҷикистон, ки манзараҳои ҷолиб ва монанд ба Покистон доранд, бахусус кӯҳсори он, ташкил намуд, зеро сайёҳии кӯҳнавардӣ дар ҷаҳон рӯз аз рӯз дар ривоҷ аст. Албатта, барои густариши ин равобит қабл аз ҳама, хати парвозҳои мустақим байни ин ду кишвар лозим аст. Равобити мардумон, дӯстии миёни онҳо ҳамкориҳои давлатиро боз ҳам мустаҳкам менамоянд,- таъкид дошт сафир.

Ҳар покистонии ба Тоҷикистон омада, мехоҳад боз ба ин кишвар ояд. Умедворам, ҳар тоҷике, ки ба
Покистон меояд, бо чунин андеша бармегардад.

Ҷаноби сафир Ирфон Аҳмад аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳарф зада, аз якумин дидораш бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки бори аввал дар ҳошияи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро дидам ва аз суханронии эшон ҳаловат бурдам, зеро бо забони ноби форсӣ-тоҷикӣ суҳбат ва суханронӣ мекарданд ва аксари мазмуни он барои ман фаҳмо буд.

– Шумо мардумони хушбахтед, ки роҳбари миллатсоз доред. Ин на ба ҳар миллат муяссар мегардад.

Бибихонум дарвешзода,
“даво”

Мақолаи гузашта

Врачи впервые использовали ИИ для проведения операции на мозге

Мақолаи навбатӣ

С плачем выводится токсины, накопленные из-за стресса

user

user

Мақолаи навбатӣ
С плачем выводится токсины, накопленные из-за стресса

С плачем выводится токсины, накопленные из-за стресса

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Конференсияи байналмилалии «Таълими симулятсионӣ дар тиб» баргузор гардид

Конференсияи байналмилалии «Таълими симулятсионӣ дар тиб» баргузор гардид

18.11.2026
Ғуломқодир Бобизода: Истеҳсолот танҳо бо илм пеш меравад

Ғуломқодир Бобизода: Истеҳсолот танҳо бо илм пеш меравад

17.11.2026
Аз ҳорӣ ва ботулизм худро эҳтиёт намоед

Аз ҳорӣ ва ботулизм худро эҳтиёт намоед

16.11.2026

© 2022-2026 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2026 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ