
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар ин лаҳзаҳои идона ва фараҳбахш бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дарози бобаракат, хушбахтиву саодати бардавоми рӯзгор ва дар кору фаъолияташон барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорам.
Дар воқеъ, мардуми сарбаланди тоҷик дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ қадру манзалати озодӣ ва истиқлолро амиқ дарк намуда, барои ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо ҳамеша талош менамоянд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти худро дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлат эҳсос мекунад.
Бояд гуфт, ки Истиқлолият ҳамчун арзиши волои давлатдорӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик оромиву осоиштагӣ, зиндагии пурсаодат, сарҷамъиву иттиҳод ва якдилӣ овард. Маҳз Истиқлолияти комили миллӣ буд, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик дигарбора соҳибдавлат гардид ва дар харитаи олам кишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолияти давлатӣ давраи бунёдкории мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони онро боло бурд.
Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо карданд.
Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра заминаи ҳуқуқии соҳа такмил ёфта, низоми идоракунӣ ва маблағгузорӣ рушд кард, муассисаҳои тиббӣ бунёд ва таҷҳизоти муосир ворид карда шуда, имкониятҳои ташхису табобат васеъ гардиданд.
Агар то замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 2860 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ин шумора имрӯз ба 5313 адад расонида шудааст. Дар ин давра 3265 муассисаи тандурустӣ сохта ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз ин шумора бунёди 873 муассиса ба солҳои 2020 то шашмоҳаи соли 2026 рост меояд. Танҳо дар шаш соли охир 3639 муассисаи тиббӣ таъмир карда шудааст.
Сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат марҳила ба марҳила хуб гардида, дар натиҷа вазъи соҳа назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бамаротиб беҳтар карда шавад.
Дар ин давра баҳри бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ низ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Махсусан, дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳа барои харидории таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ, молҳои тиббӣ ва нақлиёти санитарӣ беш аз 2 миллиарду 353 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 100 дастгоҳи КТ ва МРТ инчунин 15 дастгоҳи Ангиограф фаъолият доранд, ин дар ҳолест, ки дар солҳои аввали Истиқлолият аксари чунин дастгоҳҳо дар мамлакат умуман мавҷуд набуданд.
Дастоварди муҳими дигари соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар ин давра-ин ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки тули 35 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тибби мамлакат бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир беш аз 49 усули нави ташхис ва 222 усули табобат дар амал ҷорӣ карда шуданд.
Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар ин давра бори аввал дар ҷумҳурӣ муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикӣ дастрас гашта, амалиётҳои ҷарроҳии пайванди узвҳо (гурда, ҷигар), ивази буғум, амалиётҳои ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ дар соҳаи акушерӣ–гинекологӣ, стенткунонии роҳҳои шараёни қалб ва амалиётҳои ҷарроҳии пластикӣ, табобат бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ҳомиладоркунии сунъии занҳо ва даҳҳо усулҳои нави ташхису табобати дигар ба роҳ монда шуданд.
Баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.
Яъне, соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешравиҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали эшон баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Ҳамаи ин тадбирҳо ба як ҳадафи муҳим-беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ беш аз 13 ҳазор мутахассиси соҳа барои омӯзиш ва табодули таҷриба ба хориҷи кишвар сафарбар гардиданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида, доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ ва дастрасии шаҳрвандон ба ин хизматрасониҳо ба маротиб афзудааст, ки ин далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Яке аз дастовардҳо ё муваффақиятҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз замони Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз – аз он иборат аст, ки дар тӯли ин давра пойгоҳи таъминоти ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз нав ташаккул ёфт.
Ҳамзамон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ин ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад, ки дар ин давра ба маротиб тақвият бахшида шуда, фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатии алоқаманд бо майлон тарақӣ кардааст.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 7 муассисаҳои давлатии шакли хона-интернат (соли 1991-4 адад), 3 маркази тавонбахшӣ барои маъюбон, аз ҷумла кӯдакони маъюб (соли 1991 ҳамагӣ 1 адад), 45 марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон (соли 1991 – 1 адад), 57 марказҳои будубоши рӯзона оид ба расонидани тавонбахшӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ҷумла маъюбон ташкил гардида, фаъолият карда истодаанд, ки то соли 1991 чунин марказҳо дар кишвар набуданд.
Дар маҷмӯъ, бо боварии комил метавон гуфт, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолии давлатӣ дар Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои ҳаётан муҳим рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ пурра таъмин гашта, баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки минбаъд низ бо талош ва дастгириҳои рузафзуни роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ дар Ватани азизамон тамоми кормандони соҳа кушишу талоши хешро равона хоҳанд кард.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар ҳамаи ҳамватанони азиз ва тоҷикони бурунмарзиро ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо сулҳу суботи ҷовидона, тандурустии комил, рӯзгори ободу осуда ва дар роҳи пешрафти Тоҷикистони азиз дастовардҳои боз ҳам бештарро орзу менамоям.



