
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 майи соли 2026 Барномаи рушди саноати фарматсевтиро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ намуд. Дар бораи моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим, мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳа дар панҷ соли оянда бо сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон САЛИМ АБДУЛАЗИЗЗОДА сӯҳбат намудем.
— Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ барои солҳои 2026–2030, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд, дар пешрафти соҳа, бешубҳа, иқдоми муассире хоҳад шуд. Дар оғози суҳбатамон лутфан бигўед, ки зарурати қабули ин Барнома аз чӣ бармеояд?
— Солҳои охир рушди соҳа назаррас буда, корхонаҳои нави истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Вале бо вуҷуди ин, қисми зиёди талаботи бозори дохилӣ ҳанӯз аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Имрӯз аксари дорувориҳои истифодашаванда аз хориҷи кишвар ворид мегарданд.
Аз ин рӯ, вазифаи асосии мо рушди истеҳсолоти дохилӣ ва зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ватанӣ дар бозори доруворӣ мебошад.
— Барномаи қаблии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2021-2025 чӣ натиҷаҳое дод ва ин таҷриба чӣ тавр ба таҳияи Барномаи нав мусоидат кард?
— Бояд гуфт, ки Барномаи қаблӣ натиҷаҳои хуб дод. Пеш аз қабули он беш аз 90 фоизи дору ва молҳои тиббӣ дар бозори кишвар аз ҳисоби воридот таъмин мегардид ва дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 38 корхонаи ватанӣ 403 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол мекарданд. Дар натиҷаи татбиқи Барнома шумораи корхонаҳои истеҳсолкунанда 58 фоиз афзоиш ёфта, ба 71 ва номгӯйи маҳсулоти истеҳсолгардида низ 66 фоиз зиёд шуда, ба 634 расид. Имрӯз аз ин 71 корхона 26-тоаш дар шаҳри Душанбе, 13-тоаш дар вилояти Суғд, 12-тоаш дар вилояти Хатлон, 14-тоаш дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 6-тоаш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҷумҳурӣ ба маблағи 233,9 миллион сомонӣ дору ва маводи фаъоли биологӣ содир карда шуда, шумораи доруҳои ватанӣ дар феҳристи асосии дорувории ҳаётан муҳим ба 61 адад расид. Ин натиҷаҳо собит намуданд, ки сармоягузорӣ ба соҳа самараи воқеӣ дорад, аммо ҳанӯз барои таъмини истиқлолияти дорувории кишвар кифоя нест.
Аз тарафи дигар, пандемияи COVID-19 нишон дод, ки ҳатто давлатҳои пурқудрати ҷаҳон дар ҳолатҳои фавқуллода ба мушкилоти норасоии дору рӯ ба рӯ мешаванд.
Соҳаи тандурустии Тоҷикистон низ дар он давра аз сабаби камбуди маводи фарматсевтӣ маҷбур шуд ба истеҳсолкунандагони хориҷӣ ва донорҳои байналмилалӣ умед бандад. Маҳз ҳамин таҷриба моро водор намуд, ки рушди саноати фарматсевтиро на танҳо ҳамчун масъалаи иқтисодӣ, балки ҳамчун унсури муҳими амнияти миллӣ баррасӣ намоем ва Барномаи нави солҳои 2026-2030-ро бо назардошти ин сабақҳо таҳия кунем.
— Дар нақшаи панҷсола масъалаи заминаи илмию таҳқиқотии соҳаи фарматсевтӣ низ зикр шудааст. Вазъи кунунӣ дар ин самт чӣ гуна аст?
— Мутаассифона, бояд иқрор шуд, ки заминаи моддию техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии фарматсевтӣ ҷавобгӯйи талаботи саноати муосир нест. Масалан, Муассисаи давлатии Маркази илмию таҳқиқотии фарматсевтӣ дар рушди соҳа нақши калидӣ дорад, лекин барои иҷрои самараноки вазифаҳояш ба ислоҳоти сохторӣ ниёз дорад.
Аз ин рӯ, бояд заминаи моддию техникии онро мустаҳкам намуд ва иқтидори кадрии Марказро баланд бардошт. Бе ин рушди воқеии саноати фарматсевтӣ ғайриимкон аст. Инчунин, аксарияти корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодашуда ва банақшагирифташуда ба стандартҳои имрӯзаи соҳа мутобиқат намекунанд. Ин яке аз масъалаҳои ҷиддие мебошад, ки Барнома ба ҳалли он мусоидат хоҳад кард.
— Ба назар мерасад, ки ҳамоҳангсозии корҳои илмии байни муассисаҳои гуногун низ заиф аст. Ин масъаларо чӣ тавр ҳал хоҳед кард?
— Бале, мутаассифона, роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корҳои илмию таҳқиқотии фарматсевтӣ байни муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ хеле заиф аст. Ин боиси такрор ёфтани корҳои илмӣ дар муассисаҳои мухталиф ва истифодаи бесамари маблағҳои барои таҳқиқот ҷудошаванда мегардад. Бинобар ин, мо ният дорем низоми мушаххаси ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии соҳаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва сохтори таҷрибавиро таъсис диҳем, то афзалиятҳои тадқиқотӣ муайян гарданд ва маблағҳо самараноктар истифода бурда шаванд.
— Барнома, ҳамчунин ба ҳамкории байнисоҳавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
— Саноати фарматсевтӣ танҳо бахши тиббӣ нест, балки яке аз бахшҳои тиҷорат ва дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодии баланд мебошад. Рушди он ба таҳкими иқтидори илмию тадқиқотӣ ва баланд бардоштани сармоягузории кишвар мусоидат мекунад. Ҳамзамон, рушди ин соҳа ҷойҳои кории навро эҷод намуда, ба рушди соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, кимиёвӣ, биотехнологӣ ва кишоварзӣ таъсири мусбат мерасонад.
— Дар самти тайёр кардани кадрҳо чӣ нақшаҳо доред?
— Яке аз самтҳои ҳавасмандгардонӣ ин ташкили таҳсилоти магистратураи агрофарматсевтӣ бо ихтисосҳои «Парвариши гиёҳҳои шифобахш» ва «Тухмипарварии гиёҳҳои шифобахш» мебошад. Ин дар заминаи кафедраҳои якҷояи фармакогнозияи факултети фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин азм дорем, ки хоҷагиҳои тухмипарварии гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шаванд ва феҳрис-ти киштгардон бо парвариши гиёҳҳои дорои аҳамияти саноатӣ пур гардад.
— Дар бораи маблағгузории ин нақшаи муҳташам чанд рақами мушаххас меовардед.
— Маврид ба зикр аст, ки арзиши умумии хароҷоти “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” 642,35 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз чор манбаъ: маблағҳои буҷетӣ — 350 ҳазор сомонӣ, маблағҳои махсус — 155 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, маблағҳои шарикони рушд — 200 миллион сомонӣ ва маблағҳои хусусӣ — 286 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъмин мегардад. Чунин тарзи маблағгузорӣ ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо ба буҷети давлатӣ такя кунем, балки сармояи хусусӣ ва дастгирии шарикони рушдро низ ҷалб намоем.
— Тибқи Барнома то соли 2030 чӣ натиҷаҳо бояд ба даст оянд?
-Натиҷаҳои чашмдошти Барнома хеле гуногунпаҳлу мебошанд.
Амалигардонии чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
-таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ на камтар аз 30 дарсади талаботи соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ ба дору ва маснуоти тиббӣ то соли 2030;
-ҳавасмандгардонии бунёд ва рушди корхонаҳои инноватсионии фарматсевтӣ таввасути ҷалби сармоягузорӣ, қарзҳои имтиёзнок ва механизмҳои давлатии дигари дастгирӣ;
-мутобиқ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, номгўй ва ҳаҷми маҳсулоти фарматсевтии истеҳсолшаванда бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аввалиндараҷаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-фароҳам овардани шароити мусоид барои корхонаҳои ватании фарматсевтӣ дар соҳаи истеҳсол, фурўш ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти онҳо дар доираи муносибатҳои бозаргонӣ.
Бо иҷрои ин Барнома итминон дорем, ки Тоҷикистони азизамон аз ҷиҳати таъмини доруворӣ мустақилтар гардида, дастрасии аҳолӣ ба доруҳои сифатнок ва бехатар беҳтар хоҳад шуд.
Мусоҳиб Фотима ЯҚУБОВА,
махсус барои “Даво”


