
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи якум, дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалӣ, инчунин раванди татбиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими Донишгоҳ дар соли 2026 ворид гардидани он ба пойгоҳи байналмилалии «Times Higher Education» мебошад. Тавре таъкид гардид, моҳи апрели соли ҷорӣ ташкилоти бонуфузи байналмилалии «Times Higher Education» Донишгоҳро расман ба феҳристи рейтинги осиёии THE Asia University Rankings 2026 бо мақоми «Reporter» ворид намуд.
Дар идомаи нишаст таъкид гардид, ки Донишгоҳ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ фаъолияти худро мутобиқи талаботи муосири таҳсилоти тиббӣ ба роҳ мондааст. Айни замон дар муассиса аз рӯйи 7 ихтисос, аз ҷумла педиатрия, кори табобатӣ, стоматология, фарматсия, психологияи тиббӣ, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа ва биохимияи клиникӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ дар соли ҷорӣ хатми бомуваффақияти 2116 нафар донишҷӯ мебошад. Аз ин шумора 1729 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 387 нафар донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз 13 давлати ҷаҳон таҳсил намуда, пас аз хатми Донишгоҳ соҳиби таҳсилоти олии тиббӣ гардида, ба номи пуршарафи табиб сазовор шуданд.
Дар бахши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар нимсолаи якум олимони Донишгоҳ 33 кадри илмиро омода намуданд, ки аз инҳо 3 нафар доктори илм, 24 нафар номзади илм ва 6 нафар доктори PhD мебошанд.
Ҳамчунин, дар нимсолаи якум олимони Донишгоҳ 129 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расониданд. Ин нишондиҳанда аз фаъол гардидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва афзоиши саҳми олимони Донишгоҳ дар рушди илмҳои тиббӣ дарак медиҳад.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳ 7 созишномаи ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳумро бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи тандурустии кишварҳои дуру наздик ба имзо расонид.
Дар баробари рушди фаъолияти таълимию илмӣ, Донишгоҳ ба беҳтар намудани шароити зист ва таҳсил барои донишҷӯён низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Дар ин замина бунёди 2 хобгоҳи нави замонавии иборат аз 14 ошёна бо маром идома дорад.


