• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ғизои солим ҳангоми ҳомиладорӣ.

от user
в Ғизои солим
0

Ҳомилагӣ аз давраҳои ҳассоси умри ҳар зан ба шумор меравад. Парҳез, дуруст истеъмол намудани ғизоҳои гуногунро бояд ҳар зани ҳомила бидонад. Тавассути маҷаллаи “Даво” якчанд тавсияҳоро ҳангоми ҳомилагӣ  пешниҳод менамоем, ки амал кардан аз рўйи он барои занон хеле муфид аст.

  • Доимо таҳти назорати табиб (акушер-гинеколог) бояд буд.

2)   Ғизоҳои гуногуни аз сафедаю витаминҳо бой, аз ҷумла мева, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти дорои калтсий, ба монанди шир, гўшт, моҳӣ, инчунин донагӣ, мисли нахўд, лўбиё ва дигар ғизоҳои лозимаро ҳар рўз бояд истеъмол намуд.

3)  Ғизоҳои таркибашон аз оҳан, витамини А ва туршии фолат бой,  аз ҷумла  гўшт, моҳӣ, тухм, кабудиҳо ва меваю сабзавоти тару тозаро мунтазам истеъмол бояд кард.

4)  Хўрдани нон (бо орди сабўсдор), ғалладона, макаронӣ, биринҷ, картошка ва ғайра тибқи меъёр бояд сурат гирад.

  • Сабзавот ва меваҳоро вақти ҳар як қабули ғизо истеъмол кардан лозим аст. Миқдори онҳо 500 грамм дар як рўз нисбати сабзавотҳо ба меваҳо 2:1 бояд бошад.
  • Шир ва маҳсулоти шириро ба миқдори ками равған ҳар рўз истеъмол кардан зарур мебошад.
  • Гўштро бо донагиҳо (нахўд, мош, лўбиё, наск) иваз кардан мумкин аст ва кам истеъмол намудани равған, ширинӣ ва маҳсулоти қаннодӣ барои зани ҳомила хубтар аст.
  • Танҳо истеъмоли намаки йоднок тавсия дода мешавад.

Туршии фолат: карам, кабудиҳо, лўбиёгиҳо, банан, афлесун.

Витамини С – лиму, турб, настаран (ҳулўл, хуч) чукрӣ, меваҳои хушк (себ, олуча, олу болу).

Калтсий: шир, масолеҳи ширӣ (ҷурғот, қурут), панир.

Йод: намаки йоднок кардашуда, сиёҳалаф.

Оҳан: гўшт, моҳӣ.

Дар вақти ҳомиладорӣ ғизои солим кадом аст?

Хўрокҳои растанигӣ асоси ғизои солим мебошанд. Бинобар ин, истеъмоли миқдори зиёди сабзавот, мева, нон, картошка , маҳсулоти макаронӣ, гандумӣ ва маҳсулоти гандумӣ, ғалладона (лўбиё, наск, нахўд ва ғайра)  хеле муҳим аст. Кўшиш кунед, ки дар мавсими фаровонӣ меваю сабзавоти таҳҷоиро бештар истифода  намоед.  Маҳсулоти таҳҷоӣ арзонтару бехатаранд.

  • Нон, маҳсулоти ғалладонагӣ, макаронӣ, картошка, — ҳамарўза маҳсулоти ин гурўҳро дар ҳаҷми як миқдори муайян истеъмол кунед. Маҳсулоти ин  гурўҳ манбаи асосии неру мебошанд. Ҳамчунин, таркиби ин маҳсулот аз микронутриентҳо, витаминҳои гурўҳи В, оҳан, калтсий ғанӣ мебошанд. Картошкаю пиёз манбаи витамини С ҳастанд. Ярмаи пўстдор ва нони гандумии осиёбӣ манбаи ғози набототӣ буда, барои пешгирӣ аз қабз дар давраи ҳомиладорӣ хеле заруранд.
  • Сабзавоту мева манбаи асосии витамину минералҳо мебошанд, аз ҷумла оҳан ва фолат, ки пайдоиши камхуниро ҳангоми ҳомиладорӣ пешгирӣ  менамоянд. Бинобар ин муҳим аст, ки ҳар рўз меваю сабзавот истеъмол кунед.
  • Маҳсулоти ширӣ яке аз манбаъҳои асосии кастсий мебошад. Маҳсулоти ширӣ инчунин, манбаи хуби сафеда ва минералҳо буда, аз витаминҳои гурўҳи В ва А боянд.
  • Маҳсулоти ғалладона, наск, моҳӣ, мурғ, гўшт ва тухм аз сафеда бой мебошанд. Гўшт, ҷигар ва гурда яке аз манбаъҳои хуби оҳан ва рўҳ ба шумор мераванд.
  • Ба ин гурўҳ равған, маргарин, равғани растанӣ, чарбуи обкардашуда, қанди сафед, шириниҳо, нўшокиҳои ширини газдор дохил мешаванд. Аз ин ғизоҳо камтар истеъмол намоед.

Ба ҷои равғани ҳайвонот равғани растанӣ истеъмол кунед. Кам кардани истеъмоли  равғани ҳайвонот хатари гирифтор шудан ба бемориҳои дилу рагҳоро паст мекунад.

Намакро ба миқдори муътадил истеъмол кунед. Бо ин роҳ хатари пайдоиши фишори баланди хун ва дигар оризаҳо камтар мешавад. Инчунин, солим нигоҳ доштани ақлу фикрронии модар низ  зарур аст.

Марҷона Неъматова,

табиби Маркази саломатии деҳоти шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор

   

Мақолаи гузашта

Тарбуз нури чашмро зиёд мекунад!

Мақолаи навбатӣ

Кўдакон аз чандмоҳагӣ сухан мегўянд?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Кўдакон аз чандмоҳагӣ сухан мегўянд?

Кўдакон аз чандмоҳагӣ сухан мегўянд?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ