• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Ҳамли барвақтӣ ва оқибатҳои он!

от user
в Модару кӯдак
0

Солҳои охир ҳомиладории наврасон бештар ба мушоҳида мерасад. Оид ба ҳамли барвақтӣ ва исқоти ҷанин бо Директори маркази солимии рақами 5-и пойтахт Манзура  Исмоилова суҳбат намудем.  

-Мутаассифона баъзан наврасони 14-15-сола ба муносибатҳои маҳрамона шурўъ мекунанд. Ҳисси кунҷкобӣ, паст будани савияи ахлоқу тарбия, паст будани сатҳи зиндагӣ, таҷовузи маҷбурӣ, никоҳи маҷбурӣ дар синни ноболиѓӣ сабабҳои ин амалҳои носавоб шуда метавонанд.  Барои бартараф намудани ин ҷурми ҷамъият тарбияро мустаҳкам кардан лозим аст.

Дар назди Маркази солимии шаҳрии рақами 5 шуъбаи тиббию  машваратии хайрхоҳона ба наврасон ва ҷавонон амал мекунад, ки ҳадафаш хизматрасонии тиббию профилактикӣ, контросептивӣ ва иттилоотӣ ба наврасон аст. Дар  ҳуҷраи мазкур табиб-момодояи  соҳибихтисос,   бавлшинос, табиби пўст ва зуҳравӣ, табиби руҳшинос ва нарколог фаъолият менамоянд. Онҳо ба мактабҳо рафта, баромаду суҳбатҳо мегузаронанд, ба хонандагон маслиҳатҳо медиҳанд. Масалан, худи ман ва табибони марказ ба мактаби №16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба синфҳои 7-11 аз рўйи барномаи омўзишии «Инкишофи ҷинсии наврасон», «Гигиенаи духтарон» машѓулият гузаронидем  ва дар як вақт тариқи телефони «Боварӣ» ва ҳам рў ба рў бо наврасони зиёде суҳбатҳо доир намуда, дар ҳалли баъзе мушкилот кўмак намудем. Дар суҳбатҳо на танҳо масъалаҳои ҳомиладории барвақтӣ инчунин, шамолкашӣ, хунравӣ, пешгирии ҳамли номатлуб, исқоти сунъӣ, ки оқибаташ безурётист, пешгирии бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ѓайраро ба наврасон мефаҳмонем.  Духтарон  пурра аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Наврасони ҳомиладор аз назорати  духтурони соҳаи маҳдуд мегузаранд. Баъди ташхису хулосаи духтурон бо ҳалномаи бемор шинос шуда, аз рўйи хулосаи охирин амал менамоем.

-Дар кадом ҳолатҳо исқоти ҳамл кардан зарур мешавад?

-Аввалан ба он аҳамият медиҳем, ки наврас аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба таваллудкунӣ қодир аст ё не? Ѓайр аз ин, ҷиҳати иҷтимоии наврас ба назар гирифта мешавад. Як чизро қайд кунам, ки давраи ҳомиладории наврасон шадид мегузарад, чунки ҷисмашон ба пуррагӣ инкишоф наёфта, аксарияташон бемориҳои ѓайригениталӣ доранд. Бинобар он ки ба балоѓат нарасидаанд ва узвҳои ҷинсиашон пурра инкишоф наёфтаанд, ҳангоми таваллудкунӣ оризаҳои узвҳои ҷинсӣ имкон дорад. Ҳар гуна фикр асаби навраси ҳомилашударо хароб месозад, ки ин ба тифли батн таъсир намуда, кўдак бемору заиф таваллуд мешавад. Исқоти ҳамл-қатъи сунъии ҳомиладориро маъмулан то 12 ҳафтаи аввал гузаронидан мумкин аст.

-Шояд дар таҷрибаатон мушоҳида карда бошед, ки наврасони 14-15 сола аз фош гардидани сирашон тарсида, исқоти ҳамлро дар махфигоҳҳои махсус, дар ҳолати ѓайрисанитарӣ мегузаронанд.

-Дуруст. Оқибатҳои кирдорашонро надониста, наврасони ҳомиладоршуда аз тарси шармандашавӣ дар муассисаҳои тиббӣ неву дар таҳхонаҳо ва ҷойҳои зиддисанитарӣ бо «кўмак»-и момодояҳои халқӣ исқоти ҳамл менамоянд. Афсўс, момодояҳо то чӣ андоза ба ҳаёти наврас хавфи ҷиддӣ доштани «кўмак»-и худро андеша намекунанд. Масалан, ҳангоми хунравӣ шудан, талаф додани хуни зиёд, ҷароҳат гирифтани узвҳои таносул , бо микробҳо заҳролуд шудану сўрох гардидани бачадон аз имкон дур нест. Оқибати ниҳоят нохуш, пас аз исқоти ҳамл, умре безурёт мондани духтарча аст, чунки момодояҳо давраҳои ба исқот мувофиқро (то 12 ҳафтаина) ба назар нагирифта, барои наврасро аз ҷанин халос намудан, дар мўҳлатҳои гуногуни ҳомиладорӣ амалиёти пурхатарро, ки ҳатто ба марги наврас бурда мерасонад, анҷом медиҳанд. Ҳол он ки гузаронидани исқоти ҳамли наврасон, ҳатто ба кормандони тиббии ѓайриихтисос ҳам иҷозат дода намешавад. Афсўс, ҳанўз ҳам зиёда аз 5 фоизи чунин амалиёт бе қайди расмӣ, пинҳонӣ гузаронида мешавад.

—Агар наврас комилан сиҳат-саломат бошад, фарзанди солим таваллуд карда метавонад?

-Дар сурати саломатии хуб доштанаш ҳам наврасонро фикрҳои зиёди чӣ гуна таваллуд кардану чӣ гуна калон кардани тифли батнаш азият медиҳад. Пайваста фикр кардану асабӣ шудан ба тифл таъсири манфӣ расонида, кўдак ноқису бемор тавлид мешавад. Ҳолатҳое ҳам шудаанд, ки бинобар пурра инкишоф наёфтани узвҳои ҷинсии модар, аз бетаҷрибагӣ ба хўроку хобаш аҳамият надодани ў тифл вазни зиёд мегирад. Дар ин ҳолат, барои тифлро бехавф ба дунё овардан ҷарроҳӣ гузаронидан лозим меояд.

-Ҷарроҳии чоки қайсарӣ ба ҳаёти модару кўдак чӣ хатар дорад?

-Мутаассифона, ҳомиладории синни наврасӣ оқибатҳои нохуши зиёд ба бор меорад. Дар баробари хунравӣ, ҷароҳати узвҳои таносул, норасид ё бо нуқсон ба дунё омадани  тифл, ҳамчунин фавти модару кўдак ба вуқуъ омада метавонад.

Мусоҳиб: Ҳ. Ҳафизова

 

 

Мақолаи гузашта

Модари солим насли солимро ба воя мерасонад!

Мақолаи навбатӣ

Модар бо тифли батнаш гуфтугў мекунад!?

user

user

Мақолаи навбатӣ
Модар бо тифли батнаш  гуфтугў мекунад!?

Модар бо тифли батнаш гуфтугў мекунад!?

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ