
Эндометрий — ин пардаи луобии дохили раҳим ё худ бачадон аст, ки раҳимро ба ҳомилашавии эҳтимолӣ омода сохта, дар сурати ҳомила шудани зан ба инкишофи ҷанин мусоидат мекунад. Лекин бемориҳое ҳастанд, ки ба ин пардаи бачадон осеб расонида, саломатии
занро зери хатар мегузоранд. Ҳоло мехоҳам дар ин бобат дар асоси таҷрибаи дар давоми солҳои зиёди кор дар Бемористони байналмилалии ба номи Ибни Сино андӯхтаам, чанд мушоҳидаю хулосаро баён дорам. Ин, пеш аз ҳама, эндометриоз мебошад. Он ба дараҷае хавфноку паҳншуда аст, ки дар дунё наздики 200 миллион занону духтаронро азият медиҳад.
АЗ ДАРДИ МУЗМИН ТО АРМОНИ ФАРЗАНД
Эндометриоз ин бемории музмини низоми зурриётии зан аст, яъне эндометрий аз ҳудуди бачадон берун баромада, сифокпардаи коси хурд, тухмдон, нойҳо ва пайҳои раҳим, гарданаи он, мабҳал ва узвҳои ҷинсиро фаро мегирад. Бофтаҳои пардаи луобӣ метавонанд ба кори рӯдаи ғафс, пешобдон, шушу гурдаҳо низ осеби ҷиддӣ расонанд. Ин беморӣ баъзан боиси пайдои-ши носур (киста) дар тухмдон низ мешавад.
Аксари занҳою духтарон дарди эндометриозро як аломати муқаррарии давраи ҳайз пиндошта, ба духтур муроҷиат намекунанд. Ҳол он ки эндометриоз ин танҳо дарди музмин набуда, метавонад ба безурриётӣ ҳам орад. Ба эндометриоз, асосан, дар 25-30- солагӣ занон мубтало мегарданд. Занҳои калонсол аз ин хатар эминанд.
САБАБИ ПАЙДОИШ
Бояд гуфт, ки то ҳол омилҳои яқини пайдоиши ин бемориро илми тиб муқаррар накардааст. Иддае бар онанд, ки парда ба бофтаи эндометриявӣ бадал меёбад, тибқи фарзияи дигар ҳиссачаҳои эндометрия метавонанд ба узву бофтаҳои гуногун тавассути низоми рагҳои хун ё савдоӣ раҳ ёбанд. Ҳамчунин,
доир ба таъсири ирсият ба пайдоиши эндометриоз маълумот мавҷуд аст: беморӣ аксаран дар занҳое мушоҳида мешавад, ки ақрабояшон ба он гирифтор шуда буданд.
АЛОМАТИ БЕМОРӢ
Маъмулан, ин беморӣ бидуни нишонаҳои махсус ҷараён ёбад ҳам, аломати асосияш дарди зери ноф мебошад, ки дар 70 дарсади ҳолат ба ҳайз рабт мегирад, бо хунравии зиёд. Бемор мумкин аст ҳангоми алоқаи ҷинсӣ, дар кос ва ё пешобдон эҳсоси дард кунад. Дар вақти ҳайз хастагии бештар, дамиши шикам ё дилбеҳузурӣ пайдо мешавад.
ЭНДОМЕТРИОЗ САРАТОН НАМЕШАВАД
Ногувортарин оқибати ин маризӣ безурриётӣ маҳсуб меёбад, ки ба ҳисоби миёна 50 дарсади занҳои гирифтори ин беморӣ аз бахти модарӣ маҳрум мегарданд. Нисфи дигари беморон бе ягон хел табобат ҳомила мешаванд. Инчунин, махсус таъкид кардан мехоҳам, ки мабдаъҳои эндометриоз ба омосҳои саратонӣ табдил намеёбанд.
ТАШХИСИ БЕМОРӢ
Барои табиби соҳибтаҷриба аз мавҷудияти эндометриоз аз шикояти шахси бемор ва муоина пай бурдан мушкиле надорад. Лекин барои аниқ кардани андоза ва дараҷаи паҳншавии он ба дигар узвҳо таҷҳизоти муосир корро осон мекунанд. Бо ин мақсад тадқиқоти устрасадоӣ, томографияи магнитию резонансӣ, лапароскопия, гистероскопия сурат мегирад.
ТАБОБАТИ ЭНДОМЕТРИОЗ
Мутаассифона, ин бемориро алҳол пурра муолиҷа кардан имкон надошта, он пас аз фарорасии менопауза худ мустақилона қатъ мегардад. Бинобар ҳамин вазифаи духтурон аз аломатњои дард вораҳондани бемор, дар сурати ба узвҳои дарунии организм осеб
расондан оризаҳоро бартараф кардан мебошад. Агар сабаби безурриётӣ эндометриоз шумурда шавад, дар бемористони мо бинобар ташхиси амиқу муолиҷаи дуруст ин мушкил ҳалли худро ёфта, маризон дигар эндометриозро фаромӯш мекунанд.
Таҳмина РИЗОЕВА,
гинекологи Бемористони байналмилалии Ибни Сино



