Шукрона мисли аксар кӯдакон дӯстдори ҳайвонот аст. Ҳар гоҳе кӯча барояд, албатта, бо гурбаи ҳамсоя бозӣ мекунад. Рӯзе гурба ӯро мегазаду вай ин ҳодисаро аз модараш пинҳон медорад. Модар баъди як рӯз хабардор шуда, дарҳол ӯро ба маркази тиббӣ мебарад, зеро оқибати нохуши захми дандони ҳайвонро хуб медонист.
Духтури навбатдор хароши гардани Шукронаро дида, ба беморхонаи шаҳрӣ роҳхат медиҳад. Ба гуфти духтурон сару гардан, панҷаҳои дасту пой аз ҷиҳати физиологӣ ҷои хафнок буда, хароши онҳо ҷарроҳати вазнин арзёбӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти сардухтури бунгоҳи осебшиносии шаҳри Хуҷанд Абдуғанӣ Абдуазизов, осеби одам аз ҳайвонот сабук, миёна ва вазнин мешавад. Захми сабуку миёнаро дар ҳамин нуқтаи осебшиносӣ бо гузаронидани ваксина табобат мекунанд ва дар муддати 10 рӯз ҳайвони газида бояд таҳти назорат бошад, ки мабодо ягон бемории сироятӣ чун ҳорӣ (бешенство) надошта бошад.
Зимнан, дар нимсолаи якум ба ин муассисаи тиббӣ зиёда 300 нафар муроҷиат намудааст, ки аксарият аз гурба (206 нафар) ва саг (74 нафар), ҳамчунин аз мушу харгӯш ва гов ҷароҳат бардоштаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 4-5 нафар бо осеб аз сагу гурба ба ин дармонгоҳ муроҷиат менамоянд. Аз теъдоди умумӣ ҷароҳати наздики 140 нафарро вазнин шумурда, ба беморхона роххат додаанд.
Шукрона низ бо роҳхат ба беморхонаи шаҳрӣ меояд ва таҳти назорати духтурон ба муддати як шабонарӯз ваксина мегирад. Аз ду дасту пой ва тахтапушташ сӯзандору карданд, ки волидон онро тибқи дорухат барояш аз дорухонаи ҳамин беморхона ба нархи 1000 сомонӣ хариданд. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки оё ваксинаи бемории ҳорӣ ройгон нест?
Аввал ду сухан дар бораи худи ҳорӣ. Он бемории шадиди сироятист, ки системаи марказии асабро хароб мекунад. Ба он на танҳо ҳайвонот, одамон низ гирифтор мешаванд ва ин беморӣ одатан, бо марг анҷом меёбад. Ангезаи ҳорӣ вирусест, ки ҳангоми газидани ҳайвони касал бо оби даҳонаш то мағзи сари одам меравад. Нишонаҳои гирифторӣ рехтани оби даҳон, фалаҷи гулӯ, ҳалқ ва пой, тарс аз рӯшноӣ ва об, гумшавии иштиҳо ва ғайра мебошад. Беморӣ, асосан, 3-7 рӯз давом мекунад.
Акнун дар бораи нарх. Чуноне мудири шӯъбаи сироятҳои ниҳоят хафноки Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ дар вилояти Суғд Насибҷон Икромов гуфт, бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои заҳролудшавӣ ва осеби одамон аз газидан ва ё харошидани ҳайвонот тибқи фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ “Дар бораи тартиби захираи ваксинаҳо, анатоксинҳо, иммуно- глобулинҳо ва зардобаҳо дар муассисаҳои тандурустии ҶТ”, қарори раиси вилояти Суғд аз 16.01.2012 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи эпидемиологию эпизоотии бемории ҳорӣ дар вилояти Суғд” ҳамасола аз буҷети вилоят 300 ҳазор сомонӣ барои харидории ваксинаҳо ҷудо мегардад. Илова бар ин, дар асоси қарори раиси вилоят бояд аз буҷети шаҳру навоҳии вилоят барои харидорӣ ва захира намудани ин намуди дорувориҳо маблағи муайян ҷудо шавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли ҷорӣ аз 18 шаҳру ноҳия танҳо дар ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Спитамен маблағ ҷудо кардаанду халос.
— Ваксина бар зидди бемории ҳорӣ барои оилаҳои камбизоат, нафарони маъюб, бепарастор, кӯдакони ятиму нимятим бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқӣ дар муассисаҳои тиббӣ ба нафари осебдида ройгон гузаронида мешавад, — фаҳмонд Икромов. — Тибқи тақсимот ҳамасола дар МНДСЭ вилоят 250 воя (доза)- дар беморхонаи вилоятӣ-70, беморхонаи шаҳрӣ-50, МНДСЭ шаҳри Хуҷанд-180, дар МНДСЭ шаҳру ноҳияҳо аз 70 то 150 воя вобаста ба аҳолӣ ва дар нуқтаҳои осебшиносӣ аз 20 то 40 воя ваксинаҳо аз буҷети маҳал бояд харидорӣ ва нигаҳдорӣ карда шаванд- изҳор дошт ӯ. Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки ин намуди ваксинаҳо, асосан, аз Русия ба вилоят ворид карда шуда, дар дорухонаҳо бо дорухат фурӯхта мешавад.
Бино ба маълумоти корафтодагон онҳо ваксинаи бемории ҳориро аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд вобаста ба ҷароҳат бо дорухат аз 70 то 1000 сомонӣ харидорӣ кардаанд.
Волидайни Шукрона баробари табобати ӯ гурбаи ҳамсояро низ зери назорат гирифтанд. “Баъди 10 рӯз гурбаро назди ветеринар бурдем. Гурбаро ваксина карда, оид ба солимияш маълумотнома гирифтем ва ба нуқтаи осебшиносӣ омадем. Дар асоси ин ҳуҷҷат табобати Шукрона бо гирифтани “Иммуноглобулин” ва се ваксинаи “КОКАВ” анҷом ёфт, -гуфт модари Шукрона.
Аз оғози сол то ин дам ба клиникаи ветеринарии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд 59 муроҷиат оид ба гирифтани маълумотнома дар бораи солимии ҳайвон ворид шуда, ҳамзамон, дар ин давра қариб 400 сагу гурба ва дигар ҳайвоноти хонагӣ ваксинатсия карда шудааст.
— Ваксинаи бемории ҳорӣ дар бунгоҳи байторӣ 1.2 сомонӣ буда, бо муоинаи духтур ва дигар корҳои клиникӣ дар маҷмӯъ қариб 20 сомониро ташкил медиҳад, — гуфт зимни сӯҳбат муовини сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдуқаюм Қаюмов.
Аз рӯйи омор дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 2147 нафар аз ҳайвонот (65 фоизаш хонагӣ) осеб дидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129 ҳодиса зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки захмин шудани одамон аз ҳайвонот дар шаҳру навоҳии Истаравшан -51, Конибодом-85, Ҷ. Расулов-94 ҳодиса афзудааст. Дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хуҷанд бошад, дар нимсолаи аввал 220 чунин ҳодиса рӯй додааст.
Мадина ПОЧОЕВА,
шаҳри Хуҷанд



