• Войти
Маҷаллаи Даво
Advertisement
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Маҷаллаи Даво
No Result
View All Result

Маслиҳатҳои гиёҳдармонӣ

от user
в Гиёҳдармонӣ
0

Гули ҳамешабаҳор давои дарди дил

Гули ҳамешабаҳор бинобар аз равғанҳои эфирӣ, витаминҳо ва кислотаҳои органикӣ бой буданаш хосияти зиддиилтиҳобӣ, антисептикӣ ва ҷароҳатбандӣ дорад. Аз ин рў, онро дар гиёҳдармонӣ васеъ истифода мебаранд.

Дамкардаи он шираи меъдаро зиёд намуда, ба талха фоида мерасонад ва ба бемории захми меъдаю гастрит ва дисбактериоз муфид аст. Табибон чойи гули ҳамешабаҳорро барои қувватбахшии дил ҳангоми аритмия ва стенокардия  тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, фишори хунро паст намуда, асабро ором менамояд. Барои муолиҷа хушккардаи онро истифода мебаранд.

Роҳҳои осони муолиҷаи бронхит

Дар фасли тирамоҳ бинобар сардшавии ҳаво хатари гирифторшавӣ ба бронхит зиёд мешавад. Агар шумо гирифтори бронхит бошед, дар ду истакон шири гарм се қошуқ мармарак (шалфей) андохта, 4-5 дақиқа чўшонед. Сипас онро полонда (аз дока гузаронда), як истакон пеш аз хоб гармогарм истеъмол кунед. Агар шир набошад, метавонед ба ҷои он обро истифода баред.

Турби калонеро гирифта, дохилашро кобед ва сўрохии онро бо асал пур карда, дар косае гузоред, то ки асал ва шираи ҳосилшуда ба замин нарезад. Баъди якчанд  соат шира ҳосил мешавад. Онро пеш аз ғизо ва қабл аз хоб ду қошуқӣ нўши ҷон кунед.

Пиёзи майдакардаро якчанд дақиқа дар оби ҷўш нигоҳ доред. Сипас обро рехта, ба он каме равғани қоз ҳамроҳ намоед. Саҳар дили бенаҳор  ва шаб пеш аз хоб  як қошуқӣ аз давои мазкур истеъмол кунед.

Дар оғози беморӣ шабонгоҳ каме асали моеъро ба матои пахтагин (чит) молида, рости бронхҳо гузоред ва гарм пўшида бихобед. Субҳ бояд тамоми асал ҷаббида шавад. Муолиҷаро то он дам давом диҳед, ки субҳ асали молидаатон боқӣ монда, часпак бошад, яъне дигар ҷисм онро накашад. Асалро дар болои дил нагузоред.

Муолиҷаи дарди дандон

Як қошуқ решаи майдакардаи коснӣ (чачараскул, цикорий)-ро ба як истакон оби ҷўши каме сиркои себин иловашуда андозед. Баъди 10 дақиқа гарм пўшонида, дам додан даҳонро бо ин даво  чайқонед. Дарди дандон таскин меёбад.

Чойе, ки давои дарди гурдаву ҷигар аст

Ду қошуқ баргу пояи косниро ба як истакон оби ҷўш андохта, каме ҷўшонед. Сипас онро полонда, як-ду қошуқӣ рўзе 5-6 бор истеъмол намоед. Давои мазкур ҳангоми дарди буғумҳо,  диабети қанд, гастрит, бемориҳои гурдаву ҷигар ва испурч (сиёҳлавак) муфид мебошад. Муҳлати муолиҷа ду ҳафта.

Агар дарди гўш азият диҳад

Барои касоне, ки аз дарди гўш азият мекашанд, ҷўшобаи барги ғор (лавровый лист) давои беҳтарин аст. Бо ин мақсад 5 барги ғорро ба зарфи сирноке андохта, аз болояш як истакон оби ҷўш андохта, 2-3 дақиқа ҷўшонед. Сипас, болои зарфро гарм пўшонида 2-3 соат дам диҳед. Пеш аз хоб аз ин даво ба ҳар ду гўшҳо 8-10 қатрагӣ давои мазкурро чаконида, бо рўймол гўшҳоятонро  гарм печонед. Аз давои мазкур 2-3 қошуқ  гармогарм нўшида бихобед. Дар сурати зарурат 2-3 шаб муолиҷаро такрор кардан мумкин. Зимни муолиҷа аз шамолрасӣ худро эҳтиёт намоед.

Давои зардаҷўш

Аксар занон дар нимаи дуюми давраи ҳомиладорӣ аз зардаҷўш азият мекашанд. Дар ин ҳолат истеъмоли шири хунук ва ё донаҳои бирённокардаи офтобпараст зардаҷўшро рафъ менамояд.

Бо мақсади дигар азият надодани зардаҷўш ва дар ҳадди эътидол  нигоҳ доштани гемоглобин то охири ҳомиладорӣ рўзе се маротиба як қошуқӣ оби сиркодор нўшидан лозим. Яъне, дар як пиёла об ду қошуқча сиркои себин андозеду рўзе се маротиба як қошуқӣ аз он истеъмол кунед.

 

Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода,

табиби мардумӣ, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат.   

 

 

 

Мақолаи гузашта

Давоҳои гиёҳӣ барои ба низом даровардани ҳайз.

Мақолаи навбатӣ

Чанд даво аз барги ғор

user

user

Мақолаи навбатӣ
Чанд даво аз барги ғор

Чанд даво аз барги ғор

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

ДАР БОРАИ МО

Маҷаллаи "Даво" маҷаллаи тиббӣ-оммавӣ буда, соли 2010 дар назди ТҶ "Қалам" таъсис ёфтааст ва шумораи аввалини он моҳи январи соли 2011 аз чоп баромадааст.

Маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, ба таври офсет бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ҳар моҳ нашр мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҷалла, баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, инъикоси масъалаҳои тиббӣ, аз ҷумла фармасевтӣ, навгониҳои тибб ва таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар мебошад.

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед!

РУБРИКАҲО

  • Бемориҳои асаб
  • Бемориҳои гурда ва масона
  • Бемориҳои дандон
  • Бемориҳои дилу рагҳо
  • Бемориҳои занона
  • Бемориҳои кӯдакона
  • Бемориҳои пӯст
  • Бемориҳои роҳҳои нафас
  • Бемориҳои саратон
  • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Бемориҳои узвҳои дохила
  • Бемориҳои чашм
  • Бемориҳои эндокринӣ
  • Варзиш ва саломатӣ
  • Гиёҳдармонӣ
  • Ғизои солим
  • Донистан хуб аст
  • Зебоӣ
  • Маслиҳатхонаи даво
  • Модару кӯдак
  • Пешгирии бемориҳо
  • Равоншиносӣ
  • Фарматсевтика
  • Хабарҳо
  • Ҳифзи иҷтимоӣ

ТОЗАТАРИН МАВОД

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

Рухсора БОЛТУЕВА: Барои мо сифати табобат муҳим аст!

01.07.2024
ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

ИХТИРОЪКОРӢ — РУШДИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГӢ

08.07.2024
“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

“СИФАТ ФАРМА” – УСУЛИ МУОСИРИ ДОРУХОНАДОРӢ

11.04.2024

© 2022-2024 m-davo.tj - Беҳтарин зебоӣ саломатӣ аст!

  • About
  • Advertise
  • Privacy & Policy
  • Contact

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Фарматсевтика
  • Бемориҳо
    • Пешгирии бемориҳо
    • Бемориҳои гурда ва масона
    • Бемориҳои дилу рагҳо
    • Бемориҳои занона
    • Бемориҳои роҳҳои нафас
    • Бемориҳои кӯдакона
    • Бемориҳои пӯст
    • Бемориҳои узвҳои дохила
    • Бемориҳои чашм
    • Бемориҳои эндокринӣ
    • Бемориҳои гӯш,гулӯ ва бинӣ
    • Бемориҳои дандон
    • Бемориҳои сутунмӯҳра ва пайванду буғумҳо
  • Гиёҳдармонӣ
  • Равоншиносӣ
  • Зебоӣ
  • Ғизои солим
  • Тамос бо мо

© 2024 m-davo.tj-Беҳтарин зебоӣ
саломатӣ аст!

Добро пожаловать!

Войдите в свою учетную запись ниже

Забыл свою пароль?

Create New Account!

Fill the forms below to register

All fields are required. ВОЙТИ

Retrieve your password

Please enter your username or email address to reset your password.

ВОЙТИ